Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷиронро ба СИЗО-и Вазорати адлия бурдаанд. ВИДЕО


Иззат Амон
Иззат Амон

Иззат Амон, ҳомии дастгиршудаи муҳоҷирони тоҷикро аз боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба СИЗО-и рақами аввали Вазорати адлия бурдаанд.

Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 1-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин кор 31-уми май анҷом гирифт" ва ӯ то поёни таҳқиқи парванда дар онҷо хоҳад истод. Додгоҳ муҳлати боздошти Иззат Амонро то охири моҳи июли имсол таъин кард.

Пайвандони Иззат Амон гуфтанд, аз ҷойгир шудани ӯ дар боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия хабар доранд ва ба зудӣ баряш ғизо мебаранд.

Айни замон онҳо аз сустии раванди тафтишот изҳори ноқаноатмандӣ карда, гуфтанд, шумораи аризадиҳандаҳо ба зидди ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон афзудааст, аммо барои тасдиқи дурустии даъво онҳоро рӯ ба рӯ карда намешаванд.

Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон, мегӯяд, падараш низ аз кундии тафтишоти парванда изҳори норозигӣ кардааст.

Иззат Амон ба боздоштгоҳи муваққати вазорати адлия (СИЗО) интиқол ёфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки бо танқидҳояш аз мақомоти Тоҷикистон низ маъруф аст, 25-уми март дар Русия “ғайб зад” ва 27-уми март дар Тоҷикистон “пайдо шуд”. Мақомот гуфтанд, ӯро бар асоси шикояти чанд нафар дастгир карданд. Наздиконаш дар бораи ёздаҳ даъвогар хабар медиҳанд.

Парвандаи ба зидди ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ҷараёни тафтишот ва мунсифона барпо шудани он зери суол аст, чунки аз замони нопадидшавии мармузу дар Душанбе пайдо шудани ин ҳомии ҳуқуқи соҳиби шаҳрвандии Русия ношаффоф гузаштааст. Мақомот мегӯянд, чандин нафар даъво кардаанд, ки Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст.

Иззат Амон раҳбари “Маркази тоҷикон” дар Русия буд ва ба муҳоҷирон машварати ҳуқуқӣ медод. Ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол буд ва аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон танқид мекард.

Боздошти ӯ дар моҳи март хашми муҳоҷирони тоҷикро дар Русия барангехт ва даҳҳо нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар эътироз карданд.

Тарафдорони ӯ бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба интиқодҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Мақомот мегӯянд, қазияи Иззат Амон сиёсӣ нест, балки ба шикояти чанд нафар аз сокинон рабт дорад.

XS
SM
MD
LG