Наздикони Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон, мегӯянд, пас аз бурда шуданаш ба боздоштгоҳи муваққатии Вазорати адлия имкони дидор бо ӯро пайдо накарданд.
Муҳаммадюсуф Холов, писари Иззат Амон, рӯзи 9-уми июн гуфт, дархости батакрори онҳо барои мулоқот то ҳол натиҷа надод. Иззат Амонро рӯзи 31-уми май аз боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ ба боздоштгоҳи Вазорати адлия бурданд.
"Илова ба ин, то ҳанӯз рӯ ба рӯ кардан бо даъвогарон сурат нагирифтааст. Мумкин аст, тафтишот тӯл кашад", -- изҳори нигаронӣ кард Муҳаммадюсуф Холов.
Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки бо танқидҳояш аз мақомоти Тоҷикистон низ маъруф аст, 25-уми март дар Русия "ғайб зад" ва 27-уми март дар Тоҷикистон "пайдо шуд".
Мақомот гуфтанд, ӯро бар асоси шикояти чанд нафар дастгир карданд. Парвандаи ба зидди ӯ бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Тарафдоронаш бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, ба интиқодҳояш аз ҳукумати Тоҷикистон рабт мегирад. Мақомот мегӯянд, қазияи Иззат Амон сиёсӣ нест, балки ба шикояти чанд нафар аз сокинон рабт дорад.