Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили мудофеи тоҷик дар Русия аз боздошт раҳо шуд, "вале парванда ба додгоҳ рафт"


Шӯҳрат Қудратов бо як ҳамроҳи дигараш
Шӯҳрат Қудратов бо як ҳамроҳи дигараш

Полиси Маскав Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи тоҷик ва як ҳамроҳашро, ки барои пӯшидани либос бо акси Иззат Амон дар Маскав боздошт карда буд, ба "вайрон кардани тартиботи баргузории митинг" муттаҳам намудааст.

Қудратов ва Раҳматулло Ҷалолов рӯзи 11-уми июн замоне боздошт шуданд, ки пас аз адои намози ҷумъа, дар берун аз масҷиди хиёбони "Мир"-и ин шаҳр қарор доштанд.

Пас аз чанд соати боздошт кормандони полиси ноҳияи Мишанский онҳоро озод карда, вале парвандаашонро бар асоси моддаи 20.2 қисми 5-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне "вайрон намудани тартиботи баргузории митинг" ба додгоҳи ҳамин ноҳияи Маскав фиристодааст. Ин банди қонун аз 10 то 20 ҳазор рубл ҷарима ё 40 соат кори маҷбуриро пешбинӣ мекунад.

Қудратов гуфт, “дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мишанский ёдрас карданд, ки баъд аз содир шудани қарор моро дар ҷараён мегузоранд.”

"Рӯзи панҷшанбе дар метрои "Сухаревская" либосеро бо акси Иззат Амон мефурӯхтанд. Ҳамроҳи як нафари дигар ду дона харидем. Инро дар баёноти худ дар Шуъбаи корҳои дохилӣ низ зикр кардем", -- афзуд ӯ.

Ба нақли вакили тоҷик, "дар Шӯъбаи пулис ба акси пироҳани мо ишора карда, гуфтанд, ӯро мешиносед? Гуфтем, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон буд. Гуфтанд, ӯро барои кадом амалаш ба Тоҷикистон истирдод кардаанд?"

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи шинохта ва раиси "Маркази тоҷикон" феълан дар Боздоштгоҳи муввақатии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ рӯзи 25-уми марти имсол дар Маскав нопадид ва баъд аз ду рӯз дар Тоҷикистон "пайдо шуд".

Мақомот гуфтанд, ӯро бар асоси шикояти чанд нафар дастгир карданд. Парвандаи ба зидди Иззат Амон бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Тарафдоронаш бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсист. Мақомот мегӯянд, қазияи Иззат Амон сиёсӣ нест, балки ба шикояти чанд нафар аз сокинон рабт дорад.

XS
SM
MD
LG