Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи тоҷик дар Русия, гуфт, ӯву ҳамроҳаш, Раҳматулло Ҷалоловро барои пӯшидани либосе, ки дар он акси Иззат Амон, ҳомии боздоштшудаи муҳоҷирон буд, дастгир кардаанд.
Ба нақли Қудратов, боздошти онҳо рӯзи 11-уми июн, пас аз адои намози ҷумъа, дар берун аз масҷиди хиёбони "Мир" дар Маскав сурат гирифтааст.
"Моро ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Мишанский оварданд. Ба акси пироҳани мо ишора карда гуфтанд, ӯро мешиносед? Гуфтем, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон буд. Гуфтанд, ӯро барои кадом амалаш ба Тоҷикистон истирдод кардаанд?", -- хабар дод ӯ.
Вакили мудофеи тоҷик мегӯяд, ҳоло ҳамроҳ бо Раҳматулло Ҷалолов дар идораи пулис қарор доранд. Ба қавли ӯ, пулис шиносномаҳои онҳоро гирифта, талаб кардааст, ки баёнот бинависанд.
Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи шинохта ва раиси "Маркази тоҷикон" феълан дар Боздоштгоҳи муввақатии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ӯ рӯзи 25-уми марти имсол дар Маскав нопадид ва баъд аз ду рӯз дар Тоҷикистон "пайдо шуд".
Мақомот гуфтанд, ӯро бар асоси шикояти чанд нафар дастгир карданд. Парвандаи ба зидди Иззат Амон бар асоси "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" таҳқиқ мешавад. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Тарафдоронаш бовар доранд, ки боздошти Иззат Амон ва иттиҳоми ба зидди ӯ дар асл дорои ангезаҳои сиёсист. Мақомот мегӯянд, қазияи Иззат Амон сиёсӣ нест, балки ба шикояти чанд нафар аз сокинон рабт дорад.