Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Ворух мегӯянд, ду бачаи хурдсол дар марз бо Қирғизистон "боздошт ва зарбулат шудаанд"


Сокинон мегӯянд, хонандагон баъд аз мудохилаи мақомот раҳо шудаанд
Сокинон мегӯянд, хонандагон баъд аз мудохилаи мақомот раҳо шудаанд

Як намояндаи ҳукумати шаҳри Исфара ва як сокини ҷамоати Ворух гуфтанд, рӯзи 25-уми апрел ду хонандаи синфи 8-и мактаби ҷамоати Ворух "ҳангоми чарондани чорво аз тарафи марзбонони Қирғизистон боздошт шуда, дар давоми як соат мавриди пурсиш ва шаллоқ қарор гирифтаанд."

Аз хонандагон Осимӣ Ғафуров ва Исфандиёр Саидов ном мебаранд.

Назари мақомоти Қирғизистон ба қазия дастрас нашудааст.

Сокинони Ворух акси хонандагонро бо осори зарбулат дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд.

Намояндаи ҳукумати шаҳри Исфара мегӯяд, хурдсолон дар як чарогоҳ бо номи Заҳматобод, ки дар миёни Ворух ва Оқсой аст, боздошт шуда, танҳо пас аз мудохилаи мақомоти расмии Исфара ва марзбонони тоҷик раҳо шудаанд.

Сокинони Ворух мегӯянд, ба эҳтимоли онҳо, "рабудан ва зарбулати хурдсолон" дар заминаи хабарҳои гум шудани ду навраси қирғизистонӣ дар қитъаи дигари марз, байни ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон, ба вуқуъ пайвастааст.

Рӯзи 24-уми апрел мақомоти Қирғизистон хабар дода буданд, ки шаби аз 23 ба 24-уми апрел ду қирғизистонии ноҳияи Лайлаки ҳаммарз бо ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафуров бенишон шудаанд. Ва наздикони онҳо ба мақомоти давлатии кишвари худ муроҷиат карда, гуфтанд, ки ҷавононро мазбонони тоҷик рабудаанд. Дертар онҳо хабари дарёфт шудани ин ду қирғизистониро дар ҳудуди Тоҷикистон паҳн карданд.

Дар робита ба он воқеа рӯзи 26-уми апрел сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар даъват шуда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурда шудааст.

Дар робита ба ин эътироз ва ҳам рӯйдоди ахири Ворух тарафи Тоҷикистон ҳеч гуна баёноти расмӣ нашр накардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале қисме аз он солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст. Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ, обу замин ва убури ғайриқонунии сарҳад ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро бо хунрезӣ меанҷомад.

XS
SM
MD
LG