Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрвандони гумшудаи Қирғизистон дар Тоҷикистон ёфт шудаанд


Минтақае дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ
Минтақае дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Ду қирғизистонии гумшуда зинда ва саломат дар ноҳияи Ғончии Тоҷикистон дарёфт шуданд. Мақомоти вилояти Ботканди Қирғизистон ба Бахши қирғизии "Озодӣ" гуфтаанд, онҳоро марзбонони Тоҷикистон боздошт кардаанд. Пас аз гуфтушуниди тарафҳо ҳарду шаҳрванди кишвари ҳамсоя озод шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамроҳи онҳо боз 6 шаҳрванди дигари Қирғизистон, ки қаблан барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон боздошт шудаанд, низ раҳо гаштанд.

Пештар хабар расида буд, ки шаби аз 23 ба 24 апрел ду қирғизистонии ноҳияи Лайлаки ҳаммарз бо ноҳияи ба номи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бенишон шудаанд. Ва наздикони онҳо ба мақомоти давлатии кишвари худ муроҷиат карда, гуфтанд, ки ҷавононро мазбонони тоҷик рабудаанд. Ин ду нафар, яке 21 ва дигаре 19-сола буда, дар наздикии марз бо Тоҷикистон як коргоҳи дӯзандагӣ месохтанд. Шоми 23 апрел онҳо барои посбонии масолеҳи бинокорӣ ба макони сохтмон рафтанд ва шабона дар хайма мондаанд. Аммо субҳ ба хона барнагаштаанд. Пайвандони онҳо ҳадс зада буданд, ки ин ҷаовнон ба нишони норозигӣ аз сохтмон дар марз рабуда шудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе аз ҷойи воқеа нашр шуд, ки дар он як зани гирён осори хун дар пойафзолеро нишон медиҳад, ки гӯё ба писараш тааллуқ дорад. Тарафи Қирғизистон гуфтааст, ки қазияро тафтиш хоҳад кард. Тарафи Тоҷикистон дар ин бора изҳороте нашр накардааст. Марзи байни ду кишвар ба иллати минтақаҳои баҳснок ва номуайян сабаби ихтилофҳо ва равуои ғайриқонунӣ аст.

XS
SM
MD
LG