Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳс дар марз. Қирғизистон шарҳ дод, Тоҷикистон хомӯш аст. ВИДЕО


Хоҷаи Аъло, марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон
Хоҷаи Аъло, марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон

Мақомоти вилояти Суғди Тоҷикистон ва мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон дар бораи баҳси рӯзи 17-уми апрел дар марз суҳбат кардаанд.

Рӯзи гузашта дар марзи Исфара ва Бодканд миёни шаҳрвандони ду кишвар баҳс рӯх дод.

Ҷониби Тоҷикистон ҳодисаро то кунун шарҳ надодааст, вале мақомоти Қирғизистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки “рӯзи 17-уми апрел кормандони Идораи оби Бодканд дар ҷамоати Оқсой бозсозии маркази асосии обтақсимкунӣ дар дарёи Оқсуро оғоз карданд, аммо марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки корро қатъ кунанд”.

Баҳси ахири тоҷикону қирғизҳо ба таъмири маркази обтақсимкунӣ робита доштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Бодканди Қирғизистон хабар додааст, ки “ба ин баҳс ҳудуди 30 сокини деҳаи Хоҷаи Аъло низ ҳамроҳ шуда, талош кардаанд, монеи корҳои сохтмонӣ шаванд ва дар натиҷа байни тарафҳо нофаҳмӣ ба вуҷуд омадааст.”

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, сокинони деҳаи Хоҷа Аълои Исфара мегӯянд, ин минтақа аломатгузорӣ нашудааст ва то анҷоми муайян шудани хатти марз дар он бояд сохтмон анҷом нашавад.

Ба навиштаи расонаҳои Қирғизистон, ба ҷойи ҳодиса раҳбарони Бодканд ва Исфара ҳозир шудаанд.

Ҳамчунин, намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар Бодканд Омурбек Суваналиев бо Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд суҳбати телефонӣ кардаанд ва ба мувофиқа расидаанд, ки роҳи ҳалли масъаларо дар ҳамоише, ки 22-уми апрел бояд баргузор шавад, гуфтугӯ мекунанд.

Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд. Бар асари моҷароҳо дар минтақаҳои номуайян аз ду тараф чандин нафар куштаву захмӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG