Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ба Тоҷикистон гуфтааст, Ворухро диҳед, қисме аз Боткандро гиред.ВИДЕО


Қамчибек Тошиев дар ин бора рӯзи 26-уми март дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек суҳбат кард.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ҷазирақаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд.

Ӯ, ки раиси ҳайати давлатии музокироти масоили сарҳадӣ бо Тоҷикистон аст, рӯзи 26-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт: “Масъалаи асосӣ Ворух аст. Мо бар асоси қонун, сарҳадҳои Ворухро андоза мегирем, то бузургтар нашавад. Вале аз тариқи қаламрави худ ба онҳо фақат барои истифода як роҳ медиҳем, то гузашта тавонанд. Пешниҳоди дуввум сахттар аст. Мо омодаи иваз кардани Ворух ҳастем. Агар онҳо ин қаламрав бо масоҳати 12 ҳазор гектарро ба мо диҳанд, мо омодаем 12 ҳазор гектар аз дигар ноҳияҳои вилояти Боткандро ба онҳо диҳем. Мо ҳатто феҳрасти ин қитъаҳоро ба онҳо додем, вале тарафи Тоҷикистон ҳоло ба мо ҷавоб надодааст.”

Қирғизистон гуфтааст, Ворухро диҳед, қисме аз Боткандро бигиред
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Ҷамоати Ворух дар ноҳияи Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои марзи ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст. Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро бо хунрезӣ меанҷомад.

Дар нишасти хабарӣ ҳамчунин аз Қамчибек Тошиев дар бораи қочоқи мол аз марзи ду кишвар пурсиданд ва ӯ чунин посухи дарозе дод: "То замоне, ки мо масоили марзиро бо Тоҷикистон ҳал накунем, мо қочоқ, ё воридоту содироти ғайриқонии мол аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ва ё баръаксро манъ мекунем. Мо аз тамоми васоил ва имконоти худ истифода мебарем, то молҳои қочоқӣ, асосан аз тарафи мо нагузаранд. Агар аз тарафи Тоҷикистон ҳам хоҳанд, ки моли қочоқиро биёранд, мо пеши роҳашро мегирем. То ҳол мо қочоқи молу маҳсулотро нодида ва ё ҷиддӣ намегирифтем, вале аз ин баъд намешавад. Масалан ҳоло дигар ба Тоҷикистон як литр маводи сӯхт намегузарад. Аз Тоҷикистон ҳам ба тарафи мо ягон мол намегузарад. Ҳама қонунӣ мешавад. Баъди онки масоили марзиро бо Тоҷикистон ҳал кунем, он вақт сабукӣ мешавад ва корро оғоз мекунем. "

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди иваз кардани Ворух бо дигар қаламравҳои Қирғизистон чизе нагуфтаанд. Пешниҳоде, ки қабулаш зоҳиран осон нахоҳад буд. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале 504 километр сарҳад солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст ва гоҳ гоҳ сабаби печидагӣ дар муносибатҳои ду тараф мешавад.

Қарор аст, музокироти навбатӣ дар бораи марз дар шаҳри Бишкек сурат бигирад ва шояд мақомоти Тоҷикистон бо посух ба пешниҳоди сахти Қирғизистон биёянд.

Шарҳҳоро бинед (42)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG