Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: Масъалаи иваз кардани Ворух вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад 


Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел ба Ворух сафар кард
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми апрел ба Ворух сафар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар давоми 19- соли музокирот (бо Қирғизистон) масъалаи иваз кардани Ворух бо дигар қитъа вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад.

Сафари президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9‑уми апрел ба Исфара дар пасманзари изҳороти ҷанҷолбарангези як мақоми баландояи қирғиз дар бораи Ворух, сурат мегирад.

19 соли музокирот аз нигоҳи Раҳмон

Раҳмон гуфт, “ҳалли масъалаҳои марзӣ мӯҳлат мехоҳад ва бо эҳсосот ҳал намешавад”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, музокироти барои муайян кардани марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 2002 оғоз шуда, комиссияи ду кишвар бо ҳам беш аз сад мулоқот анҷом додаанд. Ба гуфтаи ӯ, миёни ду кишвар бар асоси аҳдномае беш аз нисфи хатти марз муайян шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ҳукумати Тоҷикистон соли 2016 расмиёти дохилиро анҷом дод, аммо бо сабаби барои Душанбе номаълум, дар Қирғизистон расмиёти дохилӣ анҷом нашуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз сокинони Ворух ва Чоркуҳ дархост кард, ки бо ҳамсояҳо муносибати хуб дошта бошанд ва ба эҳсосот дода нашаванд.

Ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар Ворух қарор доранд, то ин дам президент Раҳмон дар ифтитоҳи як варзишгоҳ ва маркази фарҳангӣ иштирок намуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид кардааст. Ӯ дар ин сафар бо сокинони ҷамоати Ворух мулоқот кард.

Раис: Мушкилот надорем. Сокинон: Дорем!

Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо сокинон аз раиси ҷамоати Ворух дар бораи мушкилоти мардум суол кард.

Ин мақомдори маҳаллӣ ба президент гуфт, мушкиле надоранд ва ҳар мушкиле вуҷуд дорад, “давра ба давра ҳал мешаванд”.

Гуруҳе аз сокинони Ворух, ки дар мулоқот ҳузур доштанд, бо садои баланд ҳарфи раиси ҷамоатро инкор карданд ва гуфтанд, ки аз надоштани роҳи дуруст мушкилӣ мекашанд.

Инчунин, вақте президент аз раиси ҷамоат пурсид, ки оё беморхона дар ҷамоат мерасад, ё не, ӯ гуфт, ки аз ин ҳисоб мушкил надоранд, аммо сокинон бо садои баланд гуфтанд, ки дар ҷамоат беморхона ва таваллудхона намерасад. Президент ба раиси вилоят дастур дод, ки барои ҷамоати Ворух мошини Ёрии таъҷилӣ диҳанд.

Решаи баҳс аз куҷост?

Сафари президен Раҳмон ба минтақа дар пайи он сурат мегирад, ки як изҳороти Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дар бораи Ворух бо вокунишҳо рӯ ба рӯ шуд.

Тошиев, ки ҳамзамон раиси ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ аст, рӯзи 26-уми март дар як нишасти хабарӣ гуфт, ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, қаламрави Ворухро ба онҳо бидиҳанд ва дар иваз 12 ҳазор гектар замини Қирғизистонро аз дигар ҷой бигиранд. Мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол ба ин изҳорот расман вокуниш накардаанд.

Аммо баъзе аз мансабдорони собиқу зиёиён ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, муқобили табдили Ворух ба Қирғизистон ҳастанд. Ҷамоати Ворух дар шаҳри Исфара бо вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа бисёре аз гӯшаҳои сарҳади ду кишвар аломатгузорӣ нашудааст.

Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро бо хунрезӣ меанҷомад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале қисме аз солҳост, ки таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

XS
SM
MD
LG