Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Қирғизистон мехоҳанд, ҳукумат баҳсҳои марзӣ бо Тоҷикистону Узбекистонро ҳал кунад


Вилояти Бодкант дар марз бо вилояти Суғди Тоҷикистон ҳар сол шоҳиди ҷанҷолу муноқиша барои роҳу обу замину чарогоҳ мешавад.

Сокинони ҷануби Қирғизистон дар деҳоти наздимарзии Тоҷикистон ва Узбекистон аз ҳукумати нав тақозо доранд, зудтар баҳсҳои тӯлонии марзиро ҳал кунад.

Қамчибек Тошиев раиси Хадамоти амнияти Қирғизистон, ки тоза аз табобат аз Олмон баргаштааст, рӯзи 18-уми феврал таъҷилан аз Бишкек ба вилояти Бодкант парвоз кард, то бо мардуме, ки аз ноуҳдабароии мақомоти расмӣ дар ҳалли мушкилоти марзӣ ба хашм омадаанд, забон ёбад.

Идораи марзбонии Қирғизистон аз ноябри соли 2020 ба тобеияти Хадамоти амният гузашт. Акнун Тошиев талош дорад, танишҳоро дар марзи тӯлонии ҷануби кишвар бо Тоҷикистон ва Узбекистон коҳиш диҳад, чунки дигар ин масъулияти ӯст. Шикваи сокинони наздимарзӣ дар вилояти Бодканду Ҷалолобод билохира боис шуд, ки онҳо имсол бо талаби ҳалли мушкилоти марзӣ гиридиҳамоиҳои эътирозӣ ташкил карданд. Сокинон иддао доранд, ки кишварҳои ҳамсоя қаламрави Қирғизистонро мегиранд ва онҳо мехоҳанд, монеи ин кор шаванд.

Улуғбек Марипов нахуствазири тозатаъини Қирғизистон рӯзи 8-уми феврал дар бораи обанбори баҳсбарангези Торткӯл ва наҳри об дар наздикии марз суҳбат кард. Ӯ гуфт, "афсӯс, мо саргаҳи наҳрро додем. Ман инро аниқ кардам. Инҷо масоили стратегӣ аст." Сокинон навоҳии наздимарзӣ бошанд, намехоҳанд, сухани мансабдорони Қирғизистонро гӯш кунанд.

Гулҷигит Исаков роҳбари як ҳаракат дар Бодканд бо номи “Чек Ара”, Содир Ҷабборов раисҷумҳури тозаинтихобро авомфиреб хонд ва танқид кард. “Дар ҳоле, ки марзи моро мегиранд, Содир Ҷабборов боре ҳам дар мусоҳибаҳои худ ба ин масъала рӯ новард”, гуфт ӯ.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Манзури Исаков вазъи деҳаҳои Оқ-сой ва Қой-тош буд, ки тайи даҳсолаи охир шоҳиди чанд моҷораҳои хунин миёни сокинони ду сӯи марз шуд. Қаблан бархурди сокинони ду ҷониб бо сангандозӣ ва калтаккӯб кардани ҳамдигар хотима меёфт, аммо вақтҳои охир моҷароҳо бо тирандозӣ ва куштор печиданд.

Як гуруҳ аз сокинони деҳоти Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал дар майдоне дар наздикии деҳаи Чек-Добо наздикии мавзеи Қой-тош дарахт шинонданд. Заминҳои ин мавзеъ ҳанӯз тақсим ва аломатгузорӣ нашудаанд. Рӯзи дигар боғдорон дарахтонро аз замин барканда ёфтанд ва талош карданд, дубора шинонанд. Аммо марзбонони қирғиз монеи ин кор шуданд ва суханҳои қабеҳ гуфтанд. Баъдан марзбонони тоҷик ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд ва дар ниҳоят марзбонон ба мавқеҳои худ баргашта муқобили ҳам камин гирифтанд.

Исаков дар Бишек гуфт, “ҷониби Тоҷикистон аслиҳаву сарбозонро ба наздикии ноҳияи Оқ-сой сафарбар кардааст... чун марзбонони мо дидбонгоҳоро аз он кӯчонидаанд”. Мақомоти расмӣ аз ду ҷониб баъдан ба ҷойи ҳодиса омада музокира карданд ва тасфи ташаннуҷ сард шуд, аммо барои як муддат. Аз ду ҷониб даъватҳо барои анҷом надодани чунин корҳое дар заминҳое, ки ҳанӯз тақсим ва аломатгузорӣ нашудаанд садо медиҳад. Аммо ин ҳодиса нишон медиҳад, ки то чӣ андоза вазъ нозук ва эҳсосот болост, ки ҳатто шинондани дарахт қариб буд, боиси даргирии шадид шавад.

Марзи Узбекистону Қирғизистон

Коргарони ширкати энергетикии Узбекистон 14-уми феврал ба гузоштани пояҳои хати барқи баландшиддат дар наздикии деҳаи Суу-Баш ва Боз-Адир дар вилояти Бодканд шурӯъ карданд. Ин деҳа дар наздикии эксклави Сӯхи Узбекистон, яке аз мавзеҳои аҷиби вилояти Фарғона қарор дорад. Ин мавзеъ ба Узбекистон тааллуқ дорад, қаламрави Қирғизистон онро иҳота мекунад, аммо сокинонаш тоҷикони бумӣ ҳастанд.

Қирғизтаборон марзбонҳои худро дар бораи анҷом шудани чунин корҳо огоҳ сохтанд ва пас аз музокироти марзбонони ду чониб пояҳои хати барқ барчида шуд. Аз эҳтимол дур нест, ки чунин мушкилот дубора сар занад, чун Узбекистон ба сохтмони фурудгоҳ дар мавзеи Сӯх оғоз кардааст, ки қарор аст, сохтмонаш моҳи май анҷом шавад, то ки ин ҷазирақалрав бо Узбекистон иртиботи хубтаре дошта бошад.

Аз сохта шудани ин фуругоҳ қаламрави Қирғизистон осеб намебинад, аммо рамзан ин иншоот маънои онро дорад, ки Узбекистон бар сари ин экслав даъво дорад ва ба қирғизҳои маҳаллӣ аломат медиҳад, ки ҳамсояи калонӣ ба макони сукунати бисёре аз онҳо чашм дӯхтааст. Худи ҳамон рӯз сокинони тоҷиктабори деҳа талош карданд дар наздикии Чек- Добо дарахт шинонанд, марзбонони узбек ва афроди мулкӣ ба гузоштани аломатҳои марзӣ дар наздикии деҳаи Кош- Болот ва ноҳияи Ала–Бӯкаи Бодканд шурӯъ карданд.

Аммо сокинони Кош- Болот мегӯянд, узбекҳо дар қаламрави Қирғизистон қарор доранд. “Низомиёни узбек ба наздикии хонаи яке аз сокинон омада, онҷо сутун гузоштанд, ки маънои қаламрави ин кишвар буданро дорад. Марзбонони мо ба ҷои ҳодиса омаданд ва чизе нагуфтанд”, арз карданд сокинони Қирғизистон ба расонаҳо.

Торнамои "Kaktus.media"-и Қирғизистон аз қавли манбаъҳояш дар ҳукумат хабар дод, "минтақае, ки марзбонони узбек аломатгузорӣ карданд, тибқи шартномаи моҳи сентябри соли 2017 ба Узбекистон тааллуқ дорад, аммо сокинони маҳаллӣ инро нафаҳмида, эътироз карданд ".

Ноҳияи Ала-Буқа қаблан ҳам шоҳиди танишҳои ҷиддӣ миёни Узбекистон ва Қирғизистон шуда буд. Дар он ҷо обанборе ҷойгир аст, ки онро ҳарду ҷониб онро моли худ мешуморад. Узбекистон иддао дорад, ки харҷи сохтмони онро дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ пардохтааст, Қирғизистон мегӯяд, обанбор дар қаламрави он қарор дорад. Оби обанбор маъмулан барои обёрии киштзорҳои Узбекистон истифода мешуд.

Нерӯҳои Узбакистон соли 2016 ду маротиба ба ин минтақа ворид шуда, моҳи августи ҳамон сол мавзеи кӯҳи Унгар-Торо ишғол карданд. Дар ин мавзеъ чанд корманди қирғизро, ки манораҳои мухобиротии ширкатҳои мобилиро назорат мекарданд, гаравгон гирифта, дар асорат нигоҳ доштанд.

Роҳҳали осон вуҷуд надорад

Марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон 976 километр тӯл дорад, ки тақрибан 520 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Марзи Қирғизистон ва Узбекистон ҳудуди 1378 километр тӯл дорад ва тақрибан 1100 километри он муайян шудааст. Намояндаи вижаи Қирғизистон дар масоили марзӣ Назирбек Борубоев рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки "бисёре аз шаҳрвандони мо бар пояи маълумоти тасдиқношуда, иддао мекунанд, ки заминҳои моро ба ҳамсоягон медиҳанд ".

Аммо баъзе аз сокинони Қирғизистон ба дурустии ин гуфтаҳо шубҳа доранд. Тошиев гуфт, ки музокироти марзӣ бо мақомоти Тоҷикистон дар нимаи аввали моҳи март ва бо мақомоти Узбакистон дар нимаи дуввуми моҳ баргузор хоҳад шуд.

Тошиев инчунин гуфт, ки маблағгузорӣ аз будҷа барои ҳифзи амнияти марзҳо бештар мешавад. Ӯ ҳамчунон ваъдаеро, ки солҳо боз ба сокинони деҳоти наздимарзӣ медиҳад, такрор кард, ки "як сантиметр хоки Қирғизистон ба ҳамсояҳо дода намешавад". Ин гуфтаҳо бешубҳа ба сокинони Қирғизистон хуш меояд, аммо барои ҳамсоякишварҳо, ки интизори гузашт барои созиш ҳастанд, мавқеи сахте аст.

Борубоев гуфт, дар ҳолати зарурат аз бойгонии Маскав метавонанд, маълумот пайдо кунанд. Дар умум харитаҳое, ки пас аз мустамликаи Русия шудани Осиёи Марказӣ таҳия шуданд барои тақсиму аломатгузории марзҳои кунунии кишварҳои Осиёи Марказӣ як манбаи асосӣ шуданд, ҳол он ки ин давлатҳо он замон арзи вуҷуд надоштанд.

Музокироти мансабдорон, ки аз харитаҳои Русияву шӯравӣ дар куҷо будани марзҳои кишварашонро меҷӯянд, эҳтимол ягона роҳи пешрафт ва расидан ба созиши ниҳоӣ бар сари қитъаҳои тақсимношудаи марзи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад.

Аммо мардуме, ки дар ин минтақаҳо зиндагӣ мекунанд, ба саволи марз бояд дар куҷо бошад, вобаста ба он, ки киштзору чарогоҳ ва манбаъҳои об дар куҷо ҷойгиранд, посух меҷӯянд. То он даме, ки музокироти марзӣ идома дорад, заминҳои минтақаҳои мавриди баҳс, ки метавон барои боғдорӣ ва ё чорвочаронӣ истифода бурд, холӣ боқӣ мемонанд.

Зоҳиран бисёре аз сокинони Қирғизистон дар бораи созишномаҳое, ки ҳукуматҳои қаблӣ дар мавриди куҷо қаламрави Қирғизистон ҳаст ва куҷо не, бо ҳамсоякишварҳо тасвиб кардааст, огоҳии комил надоранд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG