Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як марз, ду кишвар ва ду бархӯрд. Бишкек садо медиҳад, Душанбе сукут меварзад. САДО


Музокироти охири марзӣ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд гузашт

Ҷараёни мушаххас кардани сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯйкардҳои комилан мухолифи якдигари ду кишварро нишон медиҳад. Бишкек шарти худро ошкоро изҳор медорад, Душанбе хомӯширо ҳифз мекунад.

Ҷузъиёти музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон бар сари муайян кардани марз, ки 16 ва 17-уми марти имсол дар шаҳри Гулистон паси дарҳои баста баргузор шуд, барои ҷомеа дастрас шуд. Иттилои "маҳрамона"-е, ки мақомоти Тоҷикистон талош карданд, онро риоят кунанд, барои раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон чандон ҳатмӣ набудааст.

Қамчибек Тошиев дар нишасти матбуотии рӯзи 26-уми март ҳангоми шарҳ додани натиҷаҳои музокирот, гуфт, Қирғизистон ба Тоҷикистон ду пешниҳод кард:

  • Мувофиқи пешниҳоди аввал сарҳади ҷамоати Ворухи Исфараро чен мекунанд, то дигар бузург нашавад ва Қирғизистон метавонад, ба ин ҷамоат аз ҳудуди худ барои истифода роҳ боз кунад.
  • Пешниҳоди дувум, ин ки Тоҷикистон Ворухро ба Қирғизистон бидиҳад ва бар ивази он 12 ҳазор ҳектор замин дар дигар навоҳии вилояти Бодканд бигирад. Ба қавли ӯ, рӯйхати ин мавзеъҳоро ҳайати Тоҷикистон гирифтааст, вале ҳанӯз посухи худро надодааст.

Раиси КДАМ-и Қирғизистон, инчунин, масъалаи қочоқисӯзишвориро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар миён гузошт. Ба гуфтаи вай, то замоне ки масоили марзӣ ҳал нашаванд, қочоқ аз ду сӯ боздошта мешавад, ҳарчанд мақомот пештар ба ин кор чашм мепӯшиданд. "Ҳоло ба Тоҷикистон ҳатто як литр маводи сӯхт намегузарад. Аз Тоҷикистон ҳам маҳсулот ворид намешавад. Баъд аз ҳалли масоили марзӣ сабукиҳо мешавад, корро оғоз мекунем", -- гуфт Тошиев.

Ҳар ду интихобе, ки имрӯз Бишкек пешниҳод мекунад, барои Тоҷикистон манифатовар нестанд. Чунин гузинаҳо одатан дар ҳолатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки... бартарии қобили мулоҳизае эҳсос карда шавад.
Парвиз Муллоҷонов

Қирғизистон дар музокирот бо Узбекистон, ба гуфтаи Тошиев, тақрибан 8 ҳазор гектар замин дарёфт кардааст.

ПАСМАНЗАРИ МУЗОКИРОТИ БАЙНИДАВЛАТӢ

Зимнан, музокироти байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар пасманзари хабарҳо дар бораи омодагиҳо барои баргузории машқҳои низомии густардаи нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, аз ҷумла дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон сурат гирифт. Ин машқҳо аз 30-юми март то 1-уми апрел баргузор мешаванд.

Хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо дархости Қирғизистон, ки Бишкек онҳоро барои иштирок дар муноқишаи мусаллаҳона айбдор мекунад, низ дар заминаи музокирот шиддати муайянеро ба бор меоранд.

Изҳороти Қамчибек Тошиев дар бораи қатъи гузарондани сӯзишворӣ ба Тоҷикистон низ ҷолиб аст. Маълум нест, ин паём ба кӣ нигаронида шуда буд, вале даъватҳо барои қатъи қочоқи маводи сӯхт ба Тоҷикистон ба унвони як василаи фишор дар Бишкек пештар ҳам дар замони низоъҳо садо дода буд. Соли 2013 расонаҳои русӣ ва қирғизӣ навишта буданд, ки дар ин гуна қочоқҳо чеҳраҳои баландпояи Тоҷикистон аз ҳисоби хешу табори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон даст доранд.

Баҳсҳои марзӣ. Қирғизистон мегӯяд, Тоҷикистон хомӯш аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:25 0:00
Линки мустақим

ОЁ БИШКЕК АЗ ПУШТИБОНИИ МАСКАВ БАРХУРДОР АСТ?

Дар Душанбе он замон ин иттилоъро шарҳ надоданд. Мисле, ки ҳоло ҳамтои Қамчибек Тошиев дар музокирот, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ва ҳукумати Тоҷикистон мавқеи худро нисбат ба изҳороти он тараф баён накардаанд.

Сиёсатшиноси мустақил Парвиз Муллоҷонов изҳороти роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистонро ба талошҳои ҳукумати нави ин кишвар барои мустаҳкам кардани мавқеи худ дар дохили кишвар тавассути ҳалли мушкилоти дерин марбут медонад. Инчунин, комилан имкон дорад, ки ҷониби Қирғизистон рӯйи ин шартгузориҳои худ ба пуштибонии Маскав умед баста бошад.

Парвиз Муллоҷонов
Парвиз Муллоҷонов

"Ҳар ду интихоб ё гузинае, ки имрӯз Бишкек пешниҳод мекунад, барои Тоҷикистон манифатовар нестанд. Чунин гузинаҳо, одатан дар ҳолатҳое пешниҳод карда мешаванд, ки пирӯзӣ ба даст оварда шавад ё бартарии қобили мулоҳизае дар доштани имконот ва захираҳо эҳсос карда шавад", -- мегӯяд коршинос.

Ба гуфтаи ӯ, солҳои охир Маскав аз якравии Душанбе барои вуруд ба Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) асабонӣ шуда, инчунин, нигарони таҳти назорати Чин қарор гирифтани баъзе аз бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон аст.

"Ҳамаи инҳо, комилан имкон дорад, барои тағйир додани алоқамандӣ ва мавқеи Маскав ба манфиати Бишкек хидмат кунанд. Шояд ҳамин омилҳои нав, бозгӯйкунандаи далели чунин лаҳни қобили эътимод ва таҳдидомези ҷониби Қирғизистон ва худдорӣ ва ё вокуниши ботаъхири мақомоти Тоҷикистон бошад", -- тахмин мезанад Парвиз Муллоҷонов.

"МАСЪУЛИЯТ БОЛОТАР АЗ ШАФФОФИЯТ АСТ"?

Мақомоти Тоҷикистон аксари вақт принсип ё усули хомӯширо истифода мебаранд, бахусус дар чунин ҳолатҳо. Коршиносони наздик ба ҳукумат ин равишро ба масъулиятшиносии баланд рабт медиҳанд.

Сиёсатшиноси тоҷик Абдулло Раҳнамо дар блоги худ, ки ба мавзӯи марзи Тоҷикистону Қирғизистон марбут аст ва ҳафтаи гузашта дар саҳифааш дар Фейсбук нашр шуд, менависад, талаби “шаффофияти раванд” ё “ҳуқуқ ба иттилоъ” дар ин мавзуъ нишондиҳанадаи ноогоҳии бархе аз коршиносон аст.

Абдулло Раҳнамо
Абдулло Раҳнамо

“Зеро тибқи аввалин протоколи дуҷониба дар ин масъала ва тибқи банди мушаххасе, ки дар протоколҳои ҷамъбастии ҳар давра ҷой дорад, музокироти марзӣ бояд хусусияти комилан пӯшида дошта бошанд ва ҳеҷ ҷониб бояд то расидан тавофуқи ниҳоӣ ва имзои созишномаи расмӣ ҷузъиёти онро ифшо накунад”, -- менависад Раҳнамо.

Аммо ҳукумати Қирғизистон, ба назар мерасад, ки чунин фикр намекунад. Ҳанӯз то оғози музокираи масоили марзӣ 18-уми феврал, раиси ҳозираи КДАМ-и Қирғизистон, ки яке аз сиёсатмадорони пурнуфуз дар ҷануби Қирғизистон дониста мешавад, ба вилояти Бодканд рафт. Дар он ҷо бо бошандагони маҳаллаи бо Тоҷикистон ҳаммарзи Оқсой мулоқот кард ва мавқеи мақомотро ба онҳо шарҳ дод, ки имкон дорад табодули ҳудудҳо сурат бигирад ва онҳо бояд ба тасмими мақомот тан бидиҳанд.

Чунин як мулоқоти мушобеҳро ин мансабдор 15-уми март дар маҳаллаи Самарқандак бо бошандагони мавзеъҳои наздимарзӣ гузаронд ва онҳоро мутақоид кард, ки масоили марзӣ бо дар назар гирифтани манфиатҳои давлат ҳал карда мешаванд.

САБАБИ БАРХУРДҲОИ МУХОЛИФ

Сиёсатшинос Медет Тулгенов аз Қирғизистон рӯйкардҳои гуногуни ду кишварро ба режимҳои сиёсие, ки дар ин ду кишвар аст, марбут медонад. “Дар Қирғизистон мутаносибан вазъи озодтаре вуҷуд дорад. Аз ин хотир, то як андоза озодӣ ва гузоришдеҳии ҳукумат вуҷуд дорад. Ҳатто дар мавриди мавзуъҳои ҳассосе чун сарҳади давлатӣ, ҳарчанд ақидае вуҷуд дорад, ки на ҳама вақт чунин афкори ҷамъиятии фаъол ба ин раванд ёрӣ мерасонад”, -- мегӯяд ӯ.

Медет Тулегенов
Медет Тулегенов

Ба қавли Тулегенов, сиёсатмадорони қирғиз талош мекунанд, таҷрибаи ҳамтоёни пешини худро ба назар бигиранд, ки дар “додани заминҳо” зимни музокирот бо Чину Қазоқистон муттаҳам мешаванд. Аз ин рӯ, онҳо талош мекунанд, бо мардум дидор кунанд ва ин мавзуъҳоро баррасӣ кунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон ба аломатгузорӣ ва мушаххас карданимарзи давлатӣ дар соли 2002 оғоз карданд ва тақрибан бар сари 60 дар сади марз ба тавофуқ расиданд. Дар ҳоли ҳозир аз 976 километр марзи ду кишвар ҳамагӣ 504 киломери он таъйину аломатгузорӣ шудааст.

Шарҳҳоро бинед (21)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG