Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Чаро Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) намешавад? ВИДЕО


Дар акс: Аюб Эгамов, Мирзонабии Холиқзод ва Масъуд Собиров

Чанд дафъа аст, ки ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, фоидаву зиёни узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ё EAЭС-ро меомӯзад. Бори охир ин паём ҳафтае пеш дар нишастҳои хабарии мақомоти Тоҷикистон садо дод.

Дар Тоҷикистон гуруҳе ҷонибдори ҳарчи зуд пайвастани кишвар ба Иттиҳоди зери назари Русия ҳастанд, чун ба бовари онҳо вазъи муҳоҷирон беҳтар ва даромадашон бештар хоҳад шуд. Вале мухолифони ин ақида мегӯянд, Тоҷикистон бахши асосии даромади буҷаашро, ки аз пардохтҳои гумрукӣ иборат аст, аз даст медиҳад.

Аз соли 2014, ташкил шудани созмон, то ҳоло бо даъвату ташвиқҳои Русия кишварҳое ба монанди Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон узви он шуданд, аммо Тоҷикистон "феълан нақшаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро надорад". Чаро?

Ҳамин мавзуъро ба барномаи навбатии "Гапи Озод" кашидем ва меҳмонони мо иқтисоддон Масъуд Собиров ва коршиноси тоҷики муқими Аврупо Аюб Эгамов ҳастанд.

  • Чаро Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё намешавад?
  • Худдории Душанбе сабаби иқтисодӣ дорад, ё сиёсӣ?
  • Баъзе аз таҳлилгарон мегӯянд, агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад, бештар муҳоҷирони корӣ фоида мебинанд. Ин то куҷо дуруст аст?
  • Як қисми зиёди даромади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби боҷи гумрукӣ аст. Дар сурати пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод кишвар аз ин даромад маҳрум мешавад?
  • Баъзе аз шореҳон сарпечии Тоҷикистонро аз узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба манфиатҳои шахсӣ ё корпоративии кадом соҳибкорони бонуфуз рабт медиҳанд, ки ба оилаи раиси ҷумҳур наздиканд. Ин як туҳмат аст, ё ҳақиқат дорад?

Масъуд Собиров: "Аз он ки мардуми мо дар муҳоҷирати муҳнатӣ дар хориҷ, бахусус дар Русия ҳастанд, хурсанду хушбахт нестанд. Як сарзамине, ки ба зиндагии мардуми мо хос нест. Ҳашт моҳаш зимистон аст. Фикр мекунед, онҳо аз хурсандӣ рафтаанд, не, аз маҷбурӣ рафтаанд. Ман дар ақидаи дохил шудани Тоҷикистон ба ЕАЭС ҳастам ва ин ақидаамро ҳамеша дастгирӣ мекунам."

Аюб Эгамов: "Агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад, якум ба нафъи муҳоҷирон аст ва дувум аз қочоқи мол аз Чин ва кишварҳои дигар пешгирӣ мешавад. Ин тарафи мусбаташ аст. Тарафи манфиаш ин аст, ки ворид кардани техникаву технологияҳои нав аз кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Аврупо мушкил мешавад. Маҷбур мешаванд, онро аз Русия бигиранд. Пешҳниҳод дорам, ҳукумат шароит муҳайё кунад, то мардум худ ҷойи кор офаранд."

Посухҳои дигарро дар инҷо бинед:

Чаро Тоҷикистон узви ЕАЭС намешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:06 0:00

Навори баҳсро дар Ютуб тамошо кунед:

Шарҳҳоро бинед (33)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG