Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шебу фарози пешвомеҳварӣ. Озмоишҳои Қазоқистон -- сабақҳои Тоҷикистон?


Ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев бо як фармони худ салоҳиятҳои ҳамтои пешинаш, нахустин раисҷумҳури кишвараш, Пешвои миллат ва раиси Шӯрои амният Нурсултон Назарбоевро васеътар намуд. Ин иқдом суолу баҳсҳои зиёдеро дар ҷомеаи Қазоқистон ба миён овард.

Раиси Қазоқистон бо имзояш худро муваззаф намуд, ки тамоми вазирон (ба ҷуз вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва корҳои дохилӣ), раисони оҷонсиҳо ва ниҳодҳо, раҳбарони вилояту шаҳрҳо ва ҳатто раиси дастгоҳи худро танҳо баъди мувофиқа бо Нурсултон Назарбоев таъин мекунад. Сухангӯйи раисҷумҳури Қазоқистон Берик Уалӣ ин фармонро “дастурӣ” номид ва илова кард, ки “имзои он мубтанӣ ба қонуни нави Шӯрои амният аст, ки моҳи июли соли 2018 қабул гардида буд” ва таъкид намуд, ки дар мақоми раиси Шӯрои амният Нурсултон Назарбоев якумра таъин шудааст. Бо ин вуҷуд коршиносон бар инанд, ки Назарбоев бо ин роҳҳо назорати сиёсии худро бар авзои кишвар ҳифз мекунад.

Интизорот ва нигарониҳо

Давраи озмоиши намунаи нави яккасолорӣ, ки дар он сардори давлат таҳти раҳбарии Пешвои миллат кор мекунад чизи наве дар таърихи минтақа аст ва, зоҳиран, осон намегузарад. Агар ҳукумат ва доираҳои наздик ба он ин намунаро як зарурат медонанд ва онро бо “доштани таҷрибаи фаровони Пешвои миллат” асоснок мекунанд, дар ҷомеаи Қазоқистон тавре тазоҳуроти густарда алайҳи номзадии Тоқаев нишон дод, руҳияи ом чандон возеҳ нест.

Илова бар ин, пас аз татбиқи ин намуна коршиносони Қазоқистон аз дуҳокимиятӣ суҳбат мекунанд, вале Назарбоев дар мусоҳибаи ахири худ ин ақидаро рад кард ва гуфт, ки ин сарусадоро нафароне эҷод мекунанд, ки “оромиро намехоҳанд” ва “дуздони фирориву хоинони ватананд”, вале аз каси мушаххасе ном набурд.

Зимнан, ҳоло ки ҷомеаи Қазоқистон, хусусан дар фазои иттилоотӣ дар мавриди пазириш ва устувории шакли мавҷуди мудирият баҳс мекунанд, Тоҷикистон ба он лаҳзаи таърихие наздик мешавад, ки дар он сарнавишти минбаъдаи режими сиёсӣ ҳал хоҳад шуд. Дар кишвар аллакай соли оянда нахустин интихоботи порлумонӣ ва пас он президентӣ баргузор мешавад. Коршиносон бо такя ба шароити сиёсӣ таъкид мекунанд, ки давлат ё модели қазоқиро интихоб мекунад ё бояд кадом як модели дигарро бисозад.

Қонуни мавҷуди “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат”-ро Душанбе соли 2016 пазируфт, баъди шаш соли тарҳи мушобеҳе, ки порлумони Қазоқистон дар соли 2010 қабул карда буд.

“Мо қонунҳои зиёдеро аз порлумони Қазоқистон гирифта, коркард ва ба воқеиятҳои худамон мувофиқ мекунем”,- эътироф мекунад вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олим Бобоев. Ӯ бар ин аст, ки институти Пешвои миллат барои он кишварҳое, ки иқтисодашон давраи гузорро ба сар мебарад, бисёр муҳим аст. “Барои рушд додани иқтисод ҳукумати муқтадир ва босубот зарур аст ва агар режим тез-тез иваз шавад, ин ҳолат зербиноҳои иқтисодиро вайрон мекунад”,- мегӯяд вакили тоҷик.

Аммо Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми ҳуқуқ ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон дар намунаи Қазоқистон шарти интиқоли қудрат ба ворисро мебинад, вале таъкид мекунад, ки ба иллати заъф ё надоштани иродаи сиёсӣ ворис таҳти омилҳои дигар маҷбур мешавад, зери итоати меросгузораш бошад. “Чунин намунаи нодурусти мудирияти давлатӣ, ки боиси зиёд шудани муносибатҳои коррупсионӣ мешавад, хилофи таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва ҷалб шудани шахсиятҳои насли нав ба сиёсат ва ба вуҷуд овардани давлати нави муосиру мукаммал аст. Мутаассифона, ин намуна дар кишварҳои дигар ҳам дар ҳоли татбиқ шудан аст”,- мегӯяд Ҳакимов.

Монандии равандҳо

Омодагӣ ба интиқоли қудрат дар Қазоқистон чанд сол пеш сар шуда буд. Соли 2017, тибқи тағйири Қонуни асосии Қазоқистон, салоҳиятҳои президент ба таври қобили мулоҳиза ба нафъи порлумон ва ҳукумат заъиф карда шуданд. Қисме аз онҳо дар мавриди назорат ба равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ба ҳукумат, вазоратҳо ва ҳокимиятҳо дода шуда, нақши порлумон, хусусан дар ташкили ҳукумат таҳким ёфт. Ба ҷуз ин мақоми то ин замон машваратии Шӯрои амният дар июли соли 2018 конститутсионӣ шуд. Салоҳиятҳои он ба таври ҷиддӣ васеъ карда шуд. Назарбоев аз ҳаққи якумрии раиси Шӯрои амният шудан бархурдор гашт. Ҳанӯз он замон бархе аз коршиносон ин тағйиротро истротежии Назарбоев барои ҳифзи қудрат баъди рафтан аз мақоми раёсатҷумҳурӣ номида буданд.

“Дар мо, ин чиз ба таври дигар, аллакай вуҷуд дорад. Вақте роҳбари Дастгоҳи президент ва раиси шаҳр ба хонавода иртибот доранд ва инчунин қариб ҳар як соҳибкори муваффақ бо сатҳои гуногуни давлатӣ, бо шумули муносибатҳои коррупсионӣ иртибот дорад, шакли дигари ҳузури худкомагӣ аст”,- тавзеҳ медиҳад доктор Ҳакимов.

Дар Тоҷикистон қонуни “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат” ба раисҷумҳури кунунӣ Эмомалӣ Раҳмон масунияти якумрӣ ва ҳаққи номзад шудан ба мақоми президентиро медиҳад. Мувофиқи тағйироти соли 2016 ба Қонуни асосӣ синну соли номзад ба мақоми президентӣ то 30-сола пойин оварда шуд ва ин ба Рустами Эмомалӣ, раиси феълии шаҳри Душанбе ва писари раисҷумҳур имкон медиҳад, ки дар пайкорҳои интихоботӣ ширкат кунад. Ба ҷуз ин духтари раисҷумҳур Озода Раҳмон дастгоҳи президентро раҳбарӣ мекунад ва узви Маҷлиси миллӣ мебошад. Бархе аз коршиносон ӯро дар баробари бародараш яке аз асоситарин баргузидаҳо дар рақобатҳои ояндаи интихоботӣ медонанд.

Дуҳокимиятӣ таҳдид мекунад?

Вакили палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, ки равандҳои мавҷуд дар Қазоқистон метавонанд ба дуҳокимиятӣ дар ин кишвар биоваранд ва эҳтимолан раисҷумҳури нахустин инро эҳсос кард.

“Назарбоев ҳис кард ки қудрат аз даст меравад ё нафароне метавонанд президенти навро ба дигар самт баранд, ки дар охир ба муқобили худи Назарбоев шавад. Яъне маълум мешавад, ки дар дохили сиёсати Қазоқистон мушкилие вуҷуд дорад”,- тахмин мезанад Усмонзода.

Дар баробари ин вакили тоҷик бовар дорад, ки сарфи назар аз монандиҳои мудирият ба Тоҷикистон дуҳокимиятӣ таҳдид намекунад. “Дар оянда президент ҳар касе шавад ман фикр накунам, ки ин одам ҳамин қадар кӯрнамак бошад, ки бо пешво маслиҳат накарда, кореро анҷом диҳад. Вақте ин қадар таҷриба ва нуфуз дорад, чӣ тавр тавр имкон дорад, ки сарфи назар шавад”,- суол мегузорад ин сиёсатмадор.

Бояд гуфт, ки миёни доираҳои коршиносӣ арзёбиҳое ҳам кам садо надодаанд, ки Қазоқистон ва эҳтимолан дар оянда Тоҷикистон аҳроми қудрати мушобеҳ ба Эронро, ки он ҷо раҳбари маънавӣ раиси давлат асту раисҷумҳур ҳукумати иҷроияро раҳбарӣ мекунад, ҷолиб ҳисобанд. Вале эроншинос ва коршиноси тоҷик Қосими Бекмуҳаммад, ин гуна қиёсро хеле сатҳӣ медонад. “Муқоисаи вазъи имрӯзи Назарбоев бо роҳбари олии Эрон аз нуқтаи назари мақом ва низом мумкин аст, вале аз нигоҳи салоҳияту имконот не”, - мегӯяд коршинос. Ӯ мегӯяд, ки ҷойгоҳи роҳбарро дар Эрон доктаринаи “Вилояти фақеҳ”-и мазҳаби ташаюъ машруъият мебахшад ва ин нафар на танҳо сиёсатмадор, балки олими дин ҳам ҳаст, ки бо райъи 2/3 ҳиссаи Маҷлиси хубрагони раҳбарии ин кишвар интихоб карда мешавад.

Бекмуҳаммад таъкид мекунад, ки раҳбари олии Эрон тамоми шохаҳои қудратро мудирият мекунад, метавонад райпурсӣ таъин кунад, ҳатто баъди раъйдиҳӣ президенти интихобшударо таъйид намояд ва сарфармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Эрон ба шумор меравад ва дар мувофиқа бо девони раҳбарӣ метавонад раисҷумҳуррро барканор кунад ва ҳамчунин салоҳиятҳои дигаре дорад, ки Назарбоев инҳоро надорад.

Мудири Маркази тадқиқоти мушкилоти Осиёи Марказӣ ва Афғонистони Пажуҳишгоҳи тадқиқоти байналмилалии Донишкадаи давлатии равобити байналмилали Маскав Андрей Казансев мегӯяд, ки институти Пешвои миллати Қазоқистон баргирифтаи аз ҳукумати руҳонии Эрон не, балки аз Чини марбут ба Дэн Сяопинг ва як миқдори дигар аз Сингопури Ли Квон Ю аст.

“Аз он ҷо ки ҳам дар Сингопур ва ҳам дар Чин муъҷизаи иқтисодӣ рух дод ва ин кишварҳо шоҳиди сатҳи баланди рушди иқтисодӣ шуданд, Қазоқистон ҳам маҳз ҳамин таҷрибаро ҳадаф қарор додааст”,- мегӯяд Казансев. Ӯ мегӯяд, ки Қазоқистони назарбоевӣ бо фарқ аз дигар ҳамсояҳояш ба муваффақиятҳои бузургӣ иқтисодӣ даст ёфт, ки ба ҳамон андозае, ки ба мавҷудияти нафт марбут буданд ба ҳамон андозаи дигар ба ҷалби сармояҳои хориҷӣ алоқаманданд.

Режимҳо ба чӣ ормонҳо такя мекунанд?

Агар Эрон бар пояи доктринаи исломии “Вилояти Фақеҳ” ва Сингопур ба ҳамбастагии арзишҳои сунатии инсондӯстии осиёӣ бо фансолорӣ(технократизм)-и Ғарб сохта шуда бошанд, дар Тоҷикистон ва Қазоқистон ба ин мавзуъ посухҳои рӯшане намедиҳанд. “Дар ҳеч кишвари минтақа мо идеологияи миллӣ аз нигоҳи илмӣ ташаккулёфтаро намебинем, вале дар доираҳои муайян дар ин замина корҳо идома доранд”, - мегӯяд Қосим Бекмуҳаммад.

Саидҷаъфар Усмонзода ин дидгоҳро тақвият медиҳад ва таъкид мекунад, ки “ҳукуматҳои имрӯза то ҳанӯз натавонистаанд идеологияи заруриро дар сатҳи лозим шакл бидиҳанд, идеологияие, ки набудаш пеш аз ҳама дар фазои иттилоотӣ эҳсос мешавад”.

Андрей Казансев мегӯяд, ки дар Қазоқистон идеяҳои қонунишуда дастоварди Назарбоев мебошанд. Қазоқистон раиси Шӯрои амнияти СММ, ташаббускори ИИАО (ЕАЭС), раиси САҲА, миёнҷии низои Русияву Туркия буд ва “Раванди Остона”-ро баргузор намуд. Дар Тоҷикистон вазъи иқтисодӣ ногувор боқӣ мемонад ва машруъияти режим то кунун ба бақарории сулҳ вобаста аст”,- мегӯяд коршинос. Ӯ тахмин мезанад, ки Тоҷикистон дар вазъи феълӣ бештар ба Озорбойҷон монанд аст, ки Алиеви хурдӣ ба ҷойи падараш омад ва идеологияи номи ӯ ба ях задани низоъҳо ва суботи оянда алоқаманд буд.

Талошҳои эҷоди идеяи миллӣ дар Тоҷикистон аз солҳои 90-ум ба ин сӯ давом дорад ва тақрибан ҳамаи онҳо марбут ба гузаштаи таърихии тоҷикон буданд ва хусусияти пешвомеҳварӣ доштанд ва ҳукумати қудратгароро тавҷеҳ медоданд.

Қазоқистону Тоҷикистон ба андешаи коршиносони ғарбӣ ва таҳлилгарон кишварҳои худкомае ба шумор мераванд, ки ҳамеша ҳуқуқи башар нақз мешавад. Ҳеч кадоме аз интихоботи президентии ин кишварҳо аз сӯйи ниҳодҳои ғарбӣ шаффоф ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилаӣ эътироф нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (13)

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG