Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон ҳоло нақшаи пайвастан ба ЕАЭС-ро надорад"


Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон, раҳбарони Русия ва Тоҷикистон

Дар як пешбинии вомбаргҳои давлатӣ, ки дар биржаи фондии Люксембург ҷойгир шудааст, гуфта мешавад, “Тоҷикистон феълан нақшаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, ки Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия узви он ҳастанд, надорад”.

"Тоҷикистон рушди иттиҳодро меомӯзад"

Мегӯянд, ки Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад, муҳоҷирони кории мо дар Русия бе мамониат фаъолият хоҳанд кард. Шартномаи ин иттиҳодро хонед, дар он ҷо гуфта мешавад, агар шаҳрванд дар давоми 30 рӯз дар қаламрави кишвари узв кор ёфта шартнома набандад, бояд онҷоро тарк кунад.

Аммо дар идома ҳамчунон гуфта шудааст, “Тоҷикистон рушди ин иттиҳодро меомӯзад, пайгирӣ мекунад ва талош дорад, муносибати тиҷоратиро бо ҳар кишвари узви он бар асоси равобити дуҷониба тақвият бахшад”.

Русия аз соли 2014 – замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Айни чунин ташвиқҳо бори ахир аз забони Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, садо дод. Лавров рӯзи 20-уми ноябри имсол дар як суханронӣ дар донишгоҳи ADA-и шаҳри Боку, пойтахти Озарбойҷон, гуфт, иттиҳод як созмони боз аст ва ҳамеша ҷонибдори пайвастани кишварҳои нав ба узвияти он мебошад. Ӯ афзуд, айни замон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пайвастани Тоҷикистон дар ҳоли баррасист.

Мушкили муҳоҷирон ҳал мешавад?

Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо ибораи кӯтоҳи “меомӯзем” ва “суду зиёнашро ба кишвар месанҷем” посух додааст. Барои омӯзиши суду зиёни кишвар аз ворид шудан ба ин созмон Вазорати рушди иқтисод ва савдо машғул аст.

Як узви ин комиссияи давлатӣ рӯзи 30-юми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҷрибаи кишварҳои узви ин иттиҳод нишон дод, принсипҳои асосии онки метавонад ба фоидаи кишварҳои узв бошад, дар асл риоят намешавад. Ӯ гуфт, “барои мисол, мегӯянд, агар Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад, муҳоҷирони кории мо дар Русия бе мамониат фаъолият мекунанд. Лекин шартномаи ин иттиҳодро хонед, дар он ҷо гуфта мешавад, агар шаҳрванд дар давоми 30 рӯз дар қаламрави кишвари узв кор ёфта шартнома набандад, бояд онҷоро тарк кунад. Яъне, боз ҳамон маҳдудият ҳаст”.

Сафари ҳайати Тоҷикистон ба се кишвари узв

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои узв ба Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон сафар доштанд.

“Яке аз принсипҳои ин иттиҳод гардиши озоди молу маҳсулот аст. Аммо мо дар таҷрибаи ду давлати узви иттиҳод – Қазоқистон ва Беларус – дидем, ки дар асл ин тавр нест. Масалан, Русия дар воридоти маҳсулоти Қазоқистон ба мисли шоколадҳои маъруфи “Роҳат” ва нӯшокиҳои машруботӣ ба бозораш маҳдудият ҷорӣ кардааст. Аз Беларус бошад, воридоти маҳсулоти шириву гуштӣ ба бозори Русия бо ҳар баҳона, аз ҷумла баъди пайдо шудани нуқсе аз сӯи “Роспотребнадзор” зуд-зуд маҳдуд мешавад”, - иброз дошт ин ҳамсуҳбати мо.

Ин мақомдори тоҷик гуфт, дар асл меъёрҳои иттиҳод дар амал иҷро намешавад ва кишварҳои бузурги ин иттиҳод вобаста ба конюктураи сиёсӣ ба хости худашон амал мекунанд ва пойбанди қоидаҳо намешаванд. “Баъзеҳо фикр мекунанд, ки мо ба ин иттиҳод ворид шавем, сабзавоту меваҷоти мо бе монеа ба бозори Русия ва дигар кишварҳои узв роҳ меёбад. Ин як хаёли хом аст. Зарурати сиёсӣ, ки пеш омад, боз “Роспотребнадзор” дар маҳсулоти мо ягон нуқс пайдо мекунад ва ба бозорашон роҳ намедиҳанд. Ин мисли Иттиҳоди Аврупо нест, ки ҳама кившарҳои узв қоидаҳои онро риоят кунанд”, - хулоса кард ин узви комиссияи давлатӣ.

Қирғизистон киро пушти по зад ва ба кӣ рӯ овард?

Зимнан, матуботи Қазоқистон ва Беларус аз замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё борҳо дар мавриди маҳдудият дар гардиши озоди молу коло дар қаламрави иттиҳод хабар додаанд. Дар бештари маврид иқдоми маҳдудкунанда аз ҷониби Русия эъмол мешавад.

Сергей Лавров
Сергей Лавров

Ба фарқ аз кишварҳои дигари узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Тоҷикистон як соли ахир ба таҷрибаи ҳамсоякишвараш Қирғизистон таваҷҷуҳ мекунад, ки бо Тоҷикистон шароити ҳамсон дорад. Искандер Шаршеев, таҳлилгари умури иқтисодӣ дар Қирғизистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз пайвастани кишвараш ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 1,5 сол гузашт ва дар ин муддат намешавад гуфт, ки бештар суд диданд, ё зиён. Ӯ гуфт, “лекин як чиз яқин аст, ки Қирғизистон бозори 1-миллиарддолларии Чин ва Ҳиндустонро пушти по зада, рӯ ба бозори 200-миллиондолларии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё рӯ овард. Тиҷорати соҳибкорони мо, ки аз Чин матоъ ворид карда, либос медӯхтанд, касод шуд. Чунки меъёри боҷи гумуркии мол аз Чин ба кишвар аз 3 дарсади қаблӣ то 12 дарсад боло рафт”.

Ворид шавам ё нашавами Тоҷикистон

Шаршеев гуфт, ҳарчанд вазъияти муҳоҷирони кории қирғиз дар Русия каме беҳтар шудааст, буҷети кишвар то 40 дарсад даромадҳои қаблиашро аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ аз даст дод.

Дар ҳоле ки таҳлигарон мегӯянд, бо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё кишвар фоидаи зиёди иқтисодӣ намегирад, як санги бузурге дар тарозуи ворид шавам - нашавами Тоҷикистон муҳоҷиронанд, ки аксарият ҷонибдори пайвастани кишвар ба ин созмонанд. Ахиран Оҷонси байналмилалии таҳқиқотии "Евразийский монитор" натиҷаҳои назарсанҷиеро эълон дошт, ки мувофиқи он 69 дарсади сокинони Тоҷикистон ҷонибдори пайвастани кишварашон ба ин иттиҳод ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG