Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суду зиёни Тоҷикистон аз панҷ соли узвият дар ВТО. ВИДЕО


Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат (ВТО) аз Тоҷикистон талаб кардааст, ки барои воридоти ҳавопаймоҳои мулкӣ боҷи гумрукиро бекор кунад. Тоҷикистон замони пайвастан ба ин созмон дар назди кишварҳои узв ваъда супурда буд, ки боҷи гумрукии воридоти ҳавопаймоҳои мулкӣ ва қисмҳои эҳтиётии онро бекор мекунад. Ҳоло Тоҷикистон ҳангоми ворид кардани ҳавопаймоҳо 18 дарсад андоз меситонад.

"Узви созмон шудан ҳеч чизро кафолат намедиҳад"

Русия узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат аст, аммо воридоти меваҷот ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро ба бозораш маҳдуд кардааст. Матбуоти Русия пур аз хабарҳоест, ки дар марз фалон тонна ангур ваё дигар мева аз Тоҷикистон боздошта шуд.

Ин талаби Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар ҳолест, ки аз пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон 5 сол сипарӣ шуд. Дар як ҳамоише дар шаҳри Душанбе рӯзи 11-уми декабр суду зиёни кишвар аз пайвастан ба ин созмон баррасӣ шуд. Бархе аз иштирокдорон гуфтанд, ки дар ин муддат ҳеч суде аз пайвастани кишвар ба ин созмон эҳсос намешавад.

Аммо коршиносони ин созмон мегӯяд, танҳо бо пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат натиҷае ба даст намеояд, то замоне ки худи кишвар ба унвони узви созмон талош ба харҷ надиҳад. Йован Йокич, мушовири тарҳи пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорати Cозмони рушди байналмилалии Амрико дар Тоҷикистон, гуфт, “узв шудани кишвар ҳеч чизро кафолат намедиҳад. Ин ба маънои он нест, ки аз осмон пул мерезад ва кишвар дар як муддат тамоми мушкилоташро ҳал мекунад. Баръакс, бо пайваст шудан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат кишвар уҳдадорӣ ба худ мегирад ва аз он замон кори амалӣ барои содироти мол аз кишвар ва суд бардоштан аз қоидаҳои ин созмон шурӯъ мешавад”.

Гузориши видеоиро дар инҷо бибинед:

5 соли узвияти Тоҷикистон дар Созмони ҷаҳонии савдо ба ҷумҳурӣ чӣ дод?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:38 0:00

Дар ин нишаст гуфта шуд, ки пас аз 11 соли талош барои пайвастан ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ва панҷ соли узвият дар он ҷумҳурӣ аз имтиёзи чашмрасе бархӯрдор нашуд ва дари бозорҳои кишварҳои аврупоӣ, Русия ва кишварҳои дигари узв ҳанӯз ба рӯи маҳсулоти содирот, бахусус маҳсулоти кишоварзӣ, баста аст.

"Барои ба даст омадани натиҷа кор кардан зарур аст"

Аммо Йован Йокич мегӯяд, Тоҷикистон замоне аз узвият дар ин созмон фоида мебинад, ки худ талош кунад, шароитро барои ҷалби сармояҳо ба кишвар фароҳам намояд ва бо истифода аз қоидаҳои ин созмон барои маҳсулоти хеш дар кишварҳои хориҷа бозор ёбад. Ӯ гуфт, “мақомот мегӯянд, аз пайвастани кишвар ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат чизе ҳосил нашуд. Барои ба даст омадани натиҷа кор кардан зарур аст. СҶТ имкони яксонро барои ҳамаи кишварҳо фароҳам меорад, ки молу колоҳояшонро дар бозори якдигар бифурӯшанд. Дастовардро СҶТ намедиҳад, балки худи кишвар бо истифода аз имконоти ин созмон талош мекунад, вазъи иқтисодиашро беҳтар намояд”.

Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат гардиши озоди молу хадамотро дар қаламарави кишвараш талқин мекунад. Бо пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон умедвории кишвар ин буд, ки дари бозори кишварҳои узви созмон ба рӯи маҳсулоти ҳадди ақал кишоварзиаш боз мешавад. Аммо чунин нашуд.

"Рафтори Русия хилофи қоидаҳои СҶТ аст"

Равшан Собириён, иқтисоддон ва пажӯҳишгари тоҷик дар Донишгоҳи озоди Берлин, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “барои мисол, Русия узви СҶТ ҳаст, аммо воридоти меваҷот ва маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро ба бозораш маҳдуд кардааст. Матбуоти Русия пур аз хабарҳоест, ки дар марз фалон тонна ангур ваё дигар мева аз Тоҷикистон боздошта шуд. Ҳол онки ин бар хилофи қоидаҳои СҶТ аст. Русия мехоҳад, ки Тоҷикистон узви созмони зери назараш, яъне Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё шавад”.

Тоҷикистон замони пайвастан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат уҳдадорӣ гирифта буд, ки бозори мухобиротро аз зери султаи давлат озод карда, як танзимгари мустақиле таъсис хоҳад дод, то барои ширкатҳои телевизионӣ ва мухобиротӣ муҷаввиз содир кунад. Аммо ин ваъдаи Тоҷикистон то ба ҳол иҷроношуда боқӣ монд ва ҳоло муҷаввиз барои ширкатҳои телевизионӣ ва истеҳсоли маводи видеоиро Кумитаи телевизион ва радио содир мекунад.

Тоҷикистон узви 159-уми Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат

Созмони ҷаҳонии савдо худ ба танҳоӣ фишанги таъсиррасонӣ ба кишварҳои узвро надорад. Аммо кишварҳои дигари узви ин созмон аз Тоҷикистон метавонанд тақозо кунанд, ки уҳдадориҳои бар дӯш гирифтаи худро дар замони пайвастан ба ин созмон иҷро кунад.

Тоҷикистон моҳи декабри соли 2012-ум 159-умин узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат пазируфта шуд. Кишвар моҳи майи соли 2001 дархости узвият ба Созмони ҷаҳони савдоро карда буд ва пас аз музокироти 11-сола ба ин созмон пайваст.

XS
SM
MD
LG