Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия нахустин ҳукми абад барои қочоқро дар шаҳрванди Тоҷикистон татбиқ кард


Барои нахустин бор як додгоҳи Русия сангинтарин ҷазо барои қочоқи маводи мухаддиро содир кард: тафтишот гуфт, як шаҳрванди Тоҷикистон барои раҳбарии гурӯҳи қочоқчиён, ки дар давоми чор сол ба Русия 600 кг ҳероинро ворид кардааст, ба зиндони абад маҳкум шуд.

Ҳукми Шералӣ Табарови 43-сола, як зодаи ноҳияи Восеъ ва 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон рӯзи 21 декабр дар додгоҳи вилояти Маскав содир шуд.

Сухангӯи додгоҳ Наталя Осипова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 21

Аз миёни беш аз 29 ҳазор хориҷиҳое, ки дар зиндонҳои Русия қарор доранд, беш аз 8 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Тоҷикистониҳо шумори бештарини шаҳрвандони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъро ташкил медиҳанд, ки дар маҳбасҳои Русия қарор доранд

декабр аз шаҳри Маскав гуфт:«Табаровро ба зиндони абад маҳкум карданд ва мӯҳлати зиндонро ӯ дар маҳбаси низомаш махсус пушти сар хоҳад кард. Дигар 14 узви гурӯҳаш мӯҳлати аз 6 то 25 соли зиндонро дар маҳбаси низомаш сангин мегузаронанд. Синни ин маҳкумшударо аз 26 то 58-сола мебошад. Вокуниши онҳо ба ҳукми додгоҳ маълум нест, вале дар ҳукми додрас гуфта шуд, ки чор нафари онҳо дар боз кардани ҷиноятҳо фаъолона кӯмак карданд”.

Додгоҳ гуфтааст, ки аъзои як гурӯҳи ҷиноӣ будани ҳамаи ин афрод собит шуд. Тафтишоти додситонии вилояти Маскав аз ин пеш гуфт, ки гурӯҳи зери раҳбарии Табаров дар солҳои 2012-2015 ба қаламрави Русия дар чор ҳолати мухталиф 600 кг ҳероинро ворид кардааст. Додгоҳ гуфт, ки дар ҷараёни мурофиа гуноҳи Табаров ва дигар аъзои гурӯҳ пурра тасдиқ шуд.

Наталя Осипова ҳам гуфт, ки аввалин бор дар таърихи низоми додгустарии Русия барои содир ҷинояти марбут ба қочоқи маводи мухаддир шахсро ба ҳукми зиндони абад маҳкум мекунанд:

“Бале, ин нахустин бор аст, ки чунин ҳукм содир мешавад, чунки ҳаҷми маводи мухаддири ба Русия интиқолёфта хеле калон буда, бо назардошти ин ки Табаров такроран даст ба чунин ҷиноят задааст, ба додрас ҳақ дод, ки чунин ҳукм содир кунад”.

Шералӣ Табаров кист?

Дар маводи судӣ гуфта мешавад, ки Шералӣ Табаров бори аввал соли 2003 дар додгоҳи вилояти Уляновск дар робита бо маводи мухаддир ба 12,5 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуд. Соле баъд, зоҳиран дар паи талоши бозбинии ҳукмаш, мӯҳлати зиндон то 10 сол кам карда шуд. Соли 2006 бо як дархости Табаров, ба Тоҷикистон истирдод шуд ва дар яке аз зиндонҳои ин кишвар адои мӯҳлати ҷазоро идома дод. Соли 2010 бар асоси қонуни афв ба озодӣ баромад. Осипова мегӯяд, ки қарори идомаи ҷинояткорӣ дар самти қочоқи маводи мухаддирро дар Тоҷикистон қабул кард ва бо ин ҳадаф дар атрофаш афроди ҳамақидаро ҷамъ намуд.

​Дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳеҷ сохтори ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳуввияти Шералӣ Табаров иттилое пахш накардааст. ​Фирдавс Раҳимзод, корманди додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 19 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар бораи мурофиа ва иттиҳоми зидди гумонбарон ҳамҷунин аз расонаҳои русӣ огаҳ шудаанд, вале феълан дар бораи ин шахсон чизе гуфта наметавонанд.

Дар ҳамин ҳол додситонии кулли Русия мегӯяд, ки “Шер як ҷинояткори касбӣ ва хатарнок аст”. Баъди озод шуданаш Табаров бо шиносномаҳои қалбакӣ ба Русия баргашта ба фаъолияти ҷиноятӣ идома дод. ​

Сухангӯи додситонии кулл Александр Куренной бо пахши як навори видеоӣ дар интернет рӯзи 17 декабр гуфт, ки гурӯҳи муттаҳамони зери назари Табаров чор дафъа маводи ҳероинро дар ҳаҷми 105 то 190 кг ва чандин бори дигар бастаҳои 20-килограмии ҳероинро вориди Русия кардаанд.

Ҳероинро ин гурӯҳ дар мошинҳои калони борбар ҷой карда зери қуттиҳои олучаву харбуза ба Русия интиқол додаанд. Бори ҷиноӣ аз қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ворид мешуд ва ба ҳамин хотир ҳам дуруст мавриди санҷиш қарор намегирифт.

Додситони кулли Русия мегӯяд, ки баъди боздошти Табаров ва чанд узви гурӯҳи ӯ, раҳбарии гурӯҳи ҷиноиро як шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо номи Саидҷамол Қурбонов ба ӯҳда гирифт. Дар давоми ду соли тафтишот, дар маҷмӯъ 15 узви гурӯҳ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд ва ҳанӯз ҳам нафароне дар озодӣ ба сар мебаранд.

8000 тоҷик дар зиндонҳои Русия

Як мақоми сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, ки аксари кулли ҷиноятҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар содир мешавад, ҳамоно марбут ба қочоқи маводи мухаддир аст. Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Русия дар як матлабе тобистони соли 2017 навишт, ки аз миёни беш аз 29 ҳазор хориҷиҳое, ки дар зиндонҳои Русия қарор доранд, беш аз 8 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Тоҷикистониҳо шумори бештарини шаҳрвандони кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъро ташкил медиҳанд, ки дар маҳбасҳои Русия қарор доранд.

Дар гузашта бархе созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ва мудофеи муҳоҷирони корӣ гуфтаанд, ки на ҳамаи муҷримон аз Тоҷикистон воқеан ҳам ҷинояткоранд ва кишвари ҳамсарҳади Афғонистон будани ин кишвар тамғаи “қочоқчии маводи мухаддир”-ро ба бархе шаҳрвандони Тоҷикистон бор мекунад. Вале талошҳои айбдоршудаҳои бегуноҳ барои сафед кардани номи худ ваё исботи бегуноҳиашон натиҷаи хеле кам додааст.

Соле беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ва даромад ба Русия мераванд ва бисёри онҳо бо сабаби вуҷуди мушкили иҷрои қонунҳои маъмурии ин кишвар, танзими санадҳои будубош ва дарёфти иҷозаи расмии кор дучори мушкил мешаванд.

XS
SM
MD
LG