Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон барои размоиши "густурда" омодагӣ мебинад


Акс аз омодагӣ ба тамрини низомии ҷониби Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон

Қирғизистон дар вилояти Бодканд, дар марз бо Тоҷикистон даҳҳо техникаи низомӣ вуруд кардааст ва барои як машқи густардаи низомӣ дар охири моҳи март, омодагӣ мегирад.

Мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Суғд гуфтанд, ки аз омодагиҳо ба машқи низомӣ дар наздикиҳои марз онҳоро огоҳ накардаанд.

Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар Тоҷикистон аз тамрини низомиёни кишвари ҳамсоя дар наздикии марзи муштарак хабар доранд.

Мақомоти Қирғизистон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар вилояти Бодканд, Ош ва Ҷалолобод тамрини низомии “Амният-2021” баргузор мешавад.

Хабаргузории “News.kg” ба нақл аз мақомоти расмӣ навиштааст, ки дар тамрин вокуниши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти қудратӣ ҳангоми ҳолатҳои изтирорӣ санҷида мешавад.

Дар ин тамрин кормандони мақомоти маҳаллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амният, Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати тандурустии Қирғизистон иштирок хоҳад кард. Тамрини низомӣ ҳудуди ду ҳазор нафарро фаро мегирад ва дар он истифодаи 100 навъ нақлиёти низомӣ, даҳ ҳавопаймои ҷангӣ ва ҳудуди 20 тупхона дар назар аст.

Фаридун Маҳмадалиев, сардори Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 13-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба таври катбӣ аз ҷониби Қирғизистон дар бораи баргузории машқи низомӣ дар Ботканд огоҳинома дарёфт кардаанд.

Ӯ гуфт, ниҳодҳои Вазорати мудофиа дар ҷараён ҳастанд, ки медонанд, ки ҳоло дар Ботканд марҳилаи омодагӣ ба машқи низомӣ шурӯъ шудааст.

Дар ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Исфара гуфтанд, ки аз баргузории машқи низомӣ дар Ботканд иттилоъ надоранд ва танҳо тариқи расонаҳо огоҳ шудаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд рузи 1-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ба таври расмӣ аз вилояти Ботканд ё аз Душанбе ҳеҷ иттилое дарёфт накардаанд ва намедонанд, дар чӣ шароите ин машқи низомӣ сурат мегирад.

Дафтари матбуоти неруҳои марзбонии Қриғизистон рузи 12-уми март ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст, ки ин размоиш рӯзи 30 март шурӯъ хоҳад шуд.

Дар хабарномаи расмии мақомоти марзбонии кишвари ҳамсоя гуфта шудааст, ки ҳадаф муттаҳид кардани ниҳодҳои қудратӣ ва санҷиши тавоноии онҳо дар ҳолати ҷангӣ мебошад.

Фаридун Маҳмадалиев, сардори Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи созишномаҳои байналмилалӣ кишварҳои ҳамсоя ӯҳдадоранд, ки аз чунин машқҳо ҳамдигарро расман огоҳ кунанд. Ӯ гуфт, ба ҷуз Вазорати мудофиа агар Қирғизистон аз тариқи Вазорати хориҷӣ мақомоти маҳаллиро низ огоҳ кунад, ба фоидаи кор хоҳад буд.

Ба қавли ӯ, “дар машқҳои низомӣ аз силоҳҳои сангин, ҳатто аз нерӯҳои ҳавоӣ истифода мешаванд ва сокинони навоҳии наздимарзӣ бояд огоҳ бошанд”.

Баргузории машқи низомӣ дар марзи Тоҷикистон замоне таваҷҷӯҳи расонаҳоро ҷалб кардааст, ки баҳсҳо миёни сокинон ва мақомоти ин ду кишвар бар сари марз борҳо ба хушунат печидааст.

Дар ҳодисаҳои марзӣ чандин сокини маҳаллӣ ва низомиён аз ду тараф кушта шудаанд. Ҷонибҳо ҳамеша ҳамдигарро дар сар задани низоъ гунаҳкор медонанд.

Аз ин рӯ, бархе коршиносон мегӯянд, ду кишвар бояд дар ин ҳолат аз эҳтиёт кор бигиранд то низоъ бузургтар аз як муноқишаи марзӣ нашавад.

Як коршиноси тоҷик, ки бо далели ҳассос будани мавзӯъ нахост, аз ӯ ном барем гуфт, “ҳодисаҳои чанд соли ахир нишон дод, ки вазъ дар марзи ду кишвар буғранҷ боқӣ мондааст”. Аз ин рӯ, ӯ гуфт, ки бояд ҳарду кишвар аз эҳтиёт кор бигиранд ва ҷонибе барои сар задани низои бузургтар “дастак” надиҳанд. Нигаронии коршинос дар он аст, ки эҳтимол кишвари сеюм метавонад аз чунин машқҳо барои як муноқиша истифода кунад.

“Ҳоло Русия мехоҳад, ки кишварҳои пасошӯравӣ бо ҳам дар ҳолати низоъ бошанд ва ин танишҳо ҳарчӣ бештар шаванд, ин кишвар онро ба суди худ истифода хоҳад кард. Мисле, ки дар низоъ миёни Арманистон ва Озарбойҷон кард”,--гуфт ӯ. Дар ин низоъ таври маълум Туркия низ ширкат кард.

Мақомоти ду кишвар мегӯянд, машқи низомӣ дар марз аз пеш тарҳрезишуда буда, таъсире ба равобити тарафҳо нахоҳад дошт.

Эҳтимол меравад, Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ҳафтаҳои оянда ё то оғози моҳи апрел ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Тахмин меравад, ки дар дидори ӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла масъалаи таъйин ва аломатгузории манотиқи баҳсталаби марзи ду кишвар баррасӣ шавад.

Дар соли 2015 низ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чунин тамрини низомӣ баргузор шуда буд шуд. Он замон дар ин тамрини низомӣ, ки “Сипар-2015” ном дошт, марзбонони ду кишвар ширкат карда буданд.

Шарҳҳоро бинед (38)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG