Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бо талаби Бишкек сокини дигари Ворухро дастгир, вале пас аз бозпурсӣ раҳо кард. ВИДЕО


Пулиси Новосибирск. Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Новосибирски Русия як сокини ҷамоати Ворухи Тоҷикистонро дастгир ва баъд аз бозпурсӣ раҳо кардаанд. Диловар Ҷӯраев мегӯяд, боздошти ӯ бо талаби Қирғизистон рӯзи 11-уми март ва аз тарафи як гуруҳ аз афсарони пулис сурат гирифт. Мақомоти Русияву Қирғизистон дар ин бора хабар надодаанд.

"Ба ман номаи ҷониби Қирғизистонро нишон доданд. Дар он гуфтаанд, ки барои иштирок дар низоъҳои марзӣ муттаҳам ҳастам. Ин як иддаои бофта аст. Азбаски шаҳрвандии Русияро дорам, феълан озод карданд, аммо фикр мекунам, ором нахоҳанд гузошт", -- гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Мақомоти Қирғизистон дар бораи тақозоҳои худ барои боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия расман ибрози назар накардаанд. Бино ба санаде, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд онҳоро ба "бетартибӣ" ва "сар задани моҷароҳо" гумонбар медонад.

Диловар Ҷӯраев мегӯяд, ӯро бо дархости Қирғизистон дастгир кардаанд
Диловар Ҷӯраев мегӯяд, ӯро бо дархости Қирғизистон дастгир кардаанд

Диловар Ҷӯраев гуфт, боздошти ӯро низ Раёсати корҳои дохилии Бодканди Қирғизистон талаб кардааст: "Ман ба пулиси Новосибирск ҳуҷҷатҳои заруриро нишон додам. Гуфтам, ки ҳангоми бозгашт аз Тоҷикистон маро дастгир карда буданд. Барои он ки шаҳрвандии Русияро дорам ва иддаои Қирғизистон беасос аст, он вақт низ раҳо карданд."

Ба қавли Ҷӯраев, мақомоти Қирғизистон дар аввал ӯро барои иштирок дар низои моҳи марти соли 2019 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон айбдор медонистанд, вале ҳоло дар моҷарои рӯзҳои 22 ва 23-юми июли соли 2019.

Мавзӯи боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон бо талаби Қирғизистон дар Русия камаш ду моҳ боз баҳс мешавад. Моҳи феврал Додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон бар асоси шикояти Бишкек сокини ҷамоати Ворух Фурқат Абдуфаттоевро ба ҳабс гирифт. Ӯ то моҳи май дар боздоштгоҳ мемонад.

Як муҳоҷири тоҷикро барои убури марз ва дигареро бо талаби Қирғизистон боздошт намудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Ҷониби Қирғизистон Абдуфаттоевро ба бастани роҳи байни Воруху Оқсой (марзи Тоҷикистону Қирғизистон) ва "бетартибӣ” муттаҳам кардааст. Раёсати корҳои дохилии Бодканд ба ҷониби Русия гуфтааст: "Фурқат Абдуфаттоев ҳамроҳи сокинони дигари ҷамоати Ворух – Толиб Юсуфов, Диловар Ҷӯраев, Наҷмиддин Неъматов, Рустам Мирзоев ва дигарон (ҳудуди 70 нафар) рӯзи 22-юми июли соли 2019 роҳи Оқсой ва Ворухро бастанд. Ба бетартибӣ роҳ доданд."

Фурқат Абдуфаттоев
Фурқат Абдуфаттоев

Додситонии вилояти Суғд моҳи феврал гуфт, Фурқат Абдуфаттоев дар моҷароҳои марзӣ иштирок надошт ва, бино бар ин, аз Русия хостаанд, ки ӯро озод кунад.

Хабари боздошти сокинони Ворух дар Русия ва бо талаби мақомоти Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёд дошт. Баъзе аз шарҳнависон гуфтанд, дар моҷароҳои марзӣ чандин сокини Тоҷикистон низ куштаву захмӣ шуданд, вале чаро омилони ин ҳодисаҳо дар Қирғизистон кофтукоб ва муҷозот нашудаанд.

Ҷамоати Ворухи Исфара (Тоҷикистон) бо Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст ва дар ин минтақа гӯшаҳои таъину аломатгузоринашудаи марзи ду кишвар воқеъ аст. Сокинони ду тараф сари чанд вақт барои тақсими роҳу чарогоҳ ва обу замин ҷанҷол мекунанд ва баъзан моҷаро ба тирпаронӣ кашида мешавад.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад солҳо боз ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст. Танҳо дар соли 2020 дар марзи ду кишвар 9 низоъ рух додааст. Қарор аст, ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таъин ва аломатгузории марз 16-уми марти имсол дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд гуфтугӯ кунанд.

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG