Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба боздошти шаҳрвандаш дар Русия вокуниш кард


Давлат Сафаров, як масъули Додситонии вилояти Суғд

Дар вилояти Суғд ба боздошти як сокини 45-солаи Исфара дар Русия вокуниш карданд. Фурқат Абдуфаттоев рӯзи 1-уми феврали имсол бо дархости ҷониби Қирғизистон ва бо иттиҳоми иштирок дар моҷароҳои марзӣ дар Бошқирдистон дастгир шуд.

Давлат Сафаров, сардори шуъбаи тафтишотӣ дар Додситонии вилояти Суғд, гуфт, "Фурқат Абдуфаттоев, сокини ҷамоати Ворух, дар бетартибиҳои сарҳадии моҳи март ё апрели соли 2019 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон иштирок накардааст."

Ӯ, ки рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, афзуд, "Додситонии ҳарбии гарнизони Суғд маълумоти заруриро ба Русия фиристод ва айни замон масъалаи озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон баррасӣ мешавад."

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон сари чанд вақт шоҳиди занозанӣ ва тирпаронии сокинону низомиёни ду тараф мешавад
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон сари чанд вақт шоҳиди занозанӣ ва тирпаронии сокинону низомиёни ду тараф мешавад

Як ҳафта пеш Додгоҳи ноҳияи Кугарчини Бошқирдистон дар Русия ин шарҳванди Тоҷикистонро, ки бо дархости Қирғизистон дастгир шуд, як моҳ ба ҳабс гирифт. Мақомоти интизомии Қирғизистон нисбат ба ӯ бар асоси моддаҳои "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ" ва "авбошӣ" айб эълон карда, Додгоҳи Бодканд 27-уми августи соли 2019 ҳукми боздошти ӯро содир намудааст.

Ба гуфтаи наздиконаш, Фурқат Абдуфаттоев дар рӯзҳои моҷаро дар шаҳри Новосибирски Русия қарор дошт. Ба қавли онҳо, дар ин бора санад доштанд ва дар додгоҳ нишон доданд, "аммо додрас ба инобат нагирифт".

Дар нусхаи ҳукми Додгоҳи ноҳияи Кугарчин, ки рӯзи 5-уми феврал дастраси Радиои Озодӣ шуд, додрас Римма Ширшова гуфтааст, ваҷҳҳои Фурқат Абдуфаттоев ва вакили мудофеи ӯ барои рад кардани боздошташ асос шуда наметавонанд. Чун, ба иддаои Ширшова, додгоҳҳои Русия наметавонанд, қонунмандии парвандаи кушодаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистонро баррасӣ кунанд.

Фурқат Абдуфаттоев, зодаи ҷамоати Ворухи Исфара, минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон, дар боздошгоҳи муваққати шаҳри Салавоти Бошқирдистон нигоҳ дошта мешавад.

Бори дувум аст, ки бо дархости Қирғизистон сокинони Ворух дар Русия боздошт мешаванд. Як моҳ пеш бо дархости Қирғизистон Диловар Ҷӯраев, сокини дигари Ворух, ҳам дастгир шудааст.

Фурқат Абдуфаттоев
Фурқат Абдуфаттоев

Хабари боздошти сокинони Ворух дар Русия ва бо талаби мақомоти Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёд дошт. Баъзе аз шарҳнависон гуфтанд, дар моҷароҳои марзӣ чандин сокини Тоҷикистон низ куштаву захмӣ шуданд, вале чаро омилони ин ҳодисаҳо дар Қирғизистон кофтукоб ва муҷозот нашудаанд.

Саид Эмом, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа, мегӯяд, аз рӯзи аввал пайи ҳимояи ҳуқуқи Фурқат Абдуфаттоев ҳастанд ва афзуд, дар номае ба додситониву пулиси Бошқирдистон таъкид кардаанд, шаҳрванди Тоҷикистон зери ҳимояи давлат аст ва наметавонад ба кишвари севум истирдод шавад. Ӯ гуфт, талош доранд, дар бадтарин ҳолат Фурқат Абдуфаттоев ба Тоҷикистон истирдод гардад.

Ҷониби Қирғизистон ба ин изҳорот ҳанӯз вокуниш накардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 976 километр марз доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 километр сарҳад ба яке аз мушкили ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст. Дар минтақаҳои марзии байни ду кишвар, асосан дар қитъаҳои байни вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон соле чандин задухӯрд ва муноқишаҳои марзӣ рӯй медиҳад, ки гоҳе бо марги одамон меанҷомад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG