Пайвандҳои дастрасӣ

Машқи низомӣ дар марз бо Узбакистону Қирғизистон. САДО


Қарор аст дар нимаи дуввуми моҳи ҷорӣ дар қаламрави вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, тамринҳои густурдаи сохторҳои қудратии кишвар бо ҷалби нерӯҳои эҳтиётӣ баргузор шавад. Ин машқҳои низомӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Узбакистон ва Қирғизистон бо ҳадафи санҷиши ҳунари низомиён дар ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро аз Тоҷикистон ба ин кишварҳо унвон мешавад.

Низомиёни ширкатдори ин машқҳо мегӯянд, ҳадафи тамринҳо -- муқобила бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз убури марз аз ҷониби террористон мебошад.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон зимни тасдиқи хабари баргузории тамриноти густурдаи нируҳои мусаллаҳи кишвар дар қаламрави вилояти Суғд, гуфт, ин машқҳо шабеҳи размоише аст, ки баҳори соли ҷорӣ бо ҷалби ҳудуди 50 ҳазор низомӣ ва нерӯҳои эҳтиётӣ дар вилояти Хатлон, дар ҷануб доир шуда буд.

Вай гуфт, машқҳои амалӣ дар вилояти Суғд баргузор мешаванд, вале ҳоло наметавонад бигӯяд, ки чӣ теъдоде аз низомиён ва нерӯҳои эҳтиётӣ ба ин тамринҳо ҷалб карда мешаванд.

Зеро, тибқи қоида, ин рақамҳоро танҳо баъд аз тасдиқи баргузории ин машқҳо аз сӯи сарформендеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, метавонад ифшо созад. "Вале ин машқҳо низ мисли тамринҳои мушобеҳ дар вилояти Хатлон ва Бадахшон баргузор мешаванд",-афзуд Фаридун Маҳмадализода.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.
Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон.

Рӯзи гузаштаи 6-уми август бархе сокинони манотиқи шимолии Тоҷикистон шоҳиди интиқоли тонку зиреҳпӯшҳо дар ҳудуди ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд шуданд. Низомиёни ширкатдори ин машқҳо мегӯянд, ҳадафи тамринҳо -- муқобила бо терроризм ва ҷилавгирӣ аз убури марз аз ҷониби террористон мебошад.

Тоҷикистон ҳатти дифоъ аз ҳамсояҳо?

Равшан Исломов, як низомии тоҷик, ки қарор аст дар ин машқҳо иштирок кунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воҳиди низомии онҳо аз аз шаҳри Қӯрғонтеппа эъзом шудааст. Ӯ гуфт, онҳоро барои ширкат дар машқҳо ба ин ҷо фиристоданд, то бояд дар ин ҷо ҳимояи марз бо Узбакистонро машқ кунанд, то террористҳо натавонанд аз Тоҷикистон ба Узбакистон гузаранд.

Танҳо дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон машқҳои зиддитеррористӣ бо шарикии нерӯҳои Русия, Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом дода шуданд.

Коршиносон мегӯянд, бо ин ки марзҳои Тоҷикистон мустаҳкам асту нирӯҳои марзбонӣ омода ҳастанд, ки дар ҳолати изтирорӣ вокуниши сареъ нишон диҳанд, фаъол шудани гурӯҳҳои шӯришӣ дар шимоли Афғонистон мақомоти тоҷикро водор мекунад омодаи ҳама гуна ҳолат бошанд. Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 км марзи муштарак дорад ва таҳдиди аслии рахнашавии гурӯҳҳои тахрибкор маҳз дар ҳамин қаламрав эҳсос мешавад.

Марзҳои пурчолиш

Хабари таҷаммӯи гурӯҳҳои шӯришӣ дар марз бо Тоҷикистон дар ним соли пеш ва зери назари ин гурӯҳҳо гузаштани бархе қаламравҳои марзии Афғонистон, танг шудани мавқеи ҷангиёни ДИИШ дар қаламравҳои Сурияву Ироқ ва хатари фирор ва бозгашти онҳо ба кишварҳояшон мақомоти тоҷикро ҳам нигарон кардааст.

Коршиносон мегӯянд, афзоиши машқҳои низомӣ дар солҳои охир, аз ҷумла машқҳои муштарак бо нирӯҳои кишварҳои шарик ба хотири омодагӣ ва муқобила бо ин таҳдидҳо мебошад.

Баргузории машқҳои низомӣ дар марз бо ҳамсояҳои наздиктарини Тоҷикистон – Узбакистону Қирғизистон, ки бо ин ду кишвар садҳо километр хати муштараки сарҳад дорад, аз назари бархе коршиносон бештар ба хотири тақвияти таҷрибаи низомӣ дар як нуқтаи стратегӣ мебошад.

Марзи Тоҷикистон бо Узбакистон беш аз 1300 ва бо Қирғизистон 1100 км аст. Ин қаламрав бахше аз водии Фарғона – як қаламрави густардаи иқтисодиву мазҳабӣ аст, ки манотиқи се кишвари ҳамсояро муттаҳид мекунад.

Неъматулло Мирсаидов.
Неъматулло Мирсаидов.

Водии Фарғона макони пайдоиши тарафдорони гурӯҳи шӯришии “Ҳаракати исломии Узбакистон” дар оғози солҳои 1990-ум буд, ки баъди саркӯби он аз ҷониби ҳукумати президенти вақти Узбакистон Ислом Каримов, раҳбар ва тарафдоронаш ба Афғонистон фирор карданд. Бархе аъзои ин гурӯҳ дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон зидди нирӯҳои ҳукуматӣ ҷангидаанд. Солҳои 1990-ум ҳудуди ноҳияи Шаҳристон шоҳиди юриши нофарҷоми сарҳанги фирорӣ Маҳмуд Худойбердиев шуд, ки зидди нирӯҳои давлатии Тоҷикистон силоҳ баланд кард.

Тоҷикистон дар хатти ҷабҳа

Неъматулло Мирсаидов, таҳлилгар ва хабарнигори муқими шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ахиран дар ноҳияи Шаҳристон хабарнигорон машқҳои зиддитеррористии нерӯҳои вижаи пулиси Тоҷикистонро мушоҳида кардаанд, ки низ ҷилавгирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои тахрибкорро ҳадаф доштанд.

Вай афзуд, ин тамринҳо ба манзури таъмини амнияти ҳам Тоҷикистон ва ҳам Узбакистону Қирғизистон анҷом мешавад. Ба гуфтаи ин коршиноси тоҷик, таҳдидҳои муосир аз қаламрави Афғонистон, Тоҷикистонро дар ҷабҳаи аввали ҷилавгирӣ аз паҳншавии терроризму ифротгароӣ қарор додааст.

"Машқи наҳваи мубориза бо террористон дар минтақаи кӯҳистонӣ аҳамияти ин тамринҳоро бештар месозад. Зеро вуҷуди марз дар минтақаи кӯҳистонӣ шароитро барои убури террористон бештар месозад. Бо назардошти беҳбуди равобит миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон мақомоти ҳар ду кишвар бояд барои баргузории тамриноти муштарак низ иқдом кунанд",-афзуд Неъматулло Мирсаидов.

Эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои кӯчак

Ин андешаро марзбони собиқадор Нуралишо Назаров ҳам тасдиқ кард. Генерали мустаъфӣ, ки дар гузашта раҳбарии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, мегӯяд, ҳарчанд марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ба хубӣ ҳифозат мешавад, аммо эҳтимоли воридшавии гурӯҳҳои кӯчаки террористӣ ҳамеша вуҷуд дорад.

Нуралишоҳ Назаров.
Нуралишоҳ Назаров.

Вай гуфт: "Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон аз минтақаи Айваҷ то ба Бадахшон ба хубӣ ҳифозат мешавад, аммо дар ҳар сари қадам наметавон марзбонро гузошт. Эҳтимол дорад, ки афроди ҷудогона бо ҳадафҳои нопок вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд. Худи Узбакистон, ки дар гузашта ба хотири ҷилавгирӣ аз террористҳо марзҳои худ бо Тоҷикистонро минкорӣ карда буд, ҳифозати сарҳадҳояшро ба хубӣ анҷом медиҳад. Аммо баргузории тамриноте, ки дар вилояти Суғд анҷом дода мешавад, барои пешгирӣ аз ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои тахрибкор метавонад мусоидат кунад."

Мақомоти тоҷик мегӯянд, терроризм мушкили ҷаҳонӣ аст ва Тоҷикистон дар ин замина истино нест, зеро хатарҳои террористӣ дар минтақа зиёд шудааст. Мушоҳидаҳо ҳокист, ки ҳамасола дар кишвар дастикам то 5-6 машқи муштараки зиддитеррористӣ ҳамроҳ бо нерӯҳои кишварҳои хориҷӣ ё танҳо бо нерӯҳои дохилӣ баргузор мешаванд.

Танҳо дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон машқҳои зиддитеррористӣ бо шарикии нерӯҳои Русия, Амрико ва кишварҳои Осиёи Марказӣ анҷом дода шуданд. Дар тамринҳои охири моҳи май дар Тоҷикистон бо ҳадафи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ҳатто нахустин партоби мушакҳои "Искандар", навтарин маҷмаии мушакии Русия сурат гирифта буд.

Дар ин машқҳо нерӯҳои Русия аз тамрингоҳи "Лоҳур" дар наздикии пойтахти Тоҷикистон ситоди эҳтимолии террористҳо дар машқгоҳи "Ҳарбмайдон" дар наздикии марз бо Афғонистонро ҳадафи зарба қарор дода буданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG