Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ҷанҷол дар марз Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳамдигар ёддошти эътирозӣ супурдаанд


Ҷанҷолу тирандозӣ дар инҷо сурат гирифт

Дипломатҳои Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 9-уми май нерӯҳои марзбонии якдигарро ба барангехтани муноқишаи мусаллаҳона дар рӯзи 8-уми май муттаҳам кардаанд.

Дар ин муноқиша, ба гуфтаи мақомоти расмӣ, ду шаҳрванди Тоҷикистон, се сарбоз ва як сокини оддии Қирғизистон ҷароҳат бардоштаанд. Вазоратҳои умури хориҷии ҳарду кишвар рӯзи 9-уми май яке паси дигар бо нашри баёнияи расмӣ гуфтанд, ки сафирони ҳамдигарро ба вазорат хонда ва нотаи эътирозӣ супурдаанд.

Дар баёнияи вазорати Тоҷикистон, ки шоми 9-уми май нашр шуд, омадааст, ки дар ин рӯз Жаниш Рустенбековро расман ба вазорат даъват карда, дар робита ба муноқиша дар сарҳад ба ӯ ёддошти эътирозӣ супурдаанд.

Дар баёния, вазорати умури хориҷии Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро ба оғози тирандозӣ ва барангехтани муноқиша муттаҳам карда ва гуфтааст, ки амалкардҳои баъдии марзбонони қирғиз сабаби тирандозии сарҳадбонони тоҷик шудааст.

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, ки Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Бишкекро ба вазорат хонда, ёддошти эътирозӣ супурдааст, марзбонони тоҷикро ба тирандозии ҳадафмандона ба тарафи низомиён ва шаҳрвандони Қирғизистон муттаҳам кардааст. Дар баёния омадааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ аз автомат ва истифодаи норинҷакҳои он “се марзбон ва як сокини оддии Қирғизистон ҷароҳатҳои сахт бардоштаанд.”

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Қирғизистон омадааст, ки аз “амалкардҳои ошкори иғвогаронаи низомиён ва шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ноамн шудани вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон мерасонад” изҳори нигаронӣ карда шуд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки зимни мулоқот бо Жениш Рустенбеков, сафири кишвари ҳамсоя гуфтанд, ки сабабгори шиддат гирифтани вазъ дар ноҳияҳои марзӣ маҳз тарафи Қирғизистон аст. Дар баёнияи вазорати умури хориҷӣ омадааст, аз кишвари ҳамсоя талаб карда шуд, ки “амалкардҳои иғвогарона бо истифода аз аслиҳаро бас кунанд, ҳодисаро мӯшикофона тафтиш карда, гунаҳкоронро ба ҷавобгарӣ бикашанд.”

Баҳс сари қаламрав, об ва чарогоҳ

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҷанҷол барои порчаи замине, рух дод, ки ба Тоҷикистон тааллуқ дорад, вале нерӯҳои марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки порчаи замин баҳсбарангез аст, вале дар амал сокинони вилояти Ботканд онро истифода мебурдаанд.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса замоне ба вуқӯъ пайваст, ки шаҳрвандони Қирғизистон “дар ҳудуди деҳаи ба номи Ибодулло Файзуллоеви ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара бидуни иҷозати мақомот кишти зироатро дар масоҳати 4 гектар, оғоз карданд.” Марзбонони тоҷик аз шаҳрвандони Қирғизистон хостаанд, корро бас кунанд ва сипас шаҳрвандон аз ду тараф дар инҷо ҷамъ омадаанд.

Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ки ҳанӯз ин порчаи замин аломатгузорӣ нашудааст ва ин нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон буданд, ки “якбора ва ногаҳонӣ ба тирандозӣ шурӯъ кардаанд.”

Дар баёнияи марзбонони Қирғизистон омадааст, ки “рӯзи 8 май дар ноҳияи Чек дар вилояти Ботканд байни тақрибан 40 сокини вилоят бо гурӯҳи аз 30 то 40 нафарии сокинони Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд барои 50 сотих замин ҷанҷол бархоста ва ба сангандозӣ кашидааст.”

Пештар аз ин баёнияҳо муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон ва вазирони умури хориҷии ҳарду кишвар муноқиша дар марзро баррасӣ карда ва хостори ба эътидол овардани вазъу ҷилавгирӣ аз такрори низоъ шудаанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хати марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд ва дар Қирғизистон ҳамсоя вазъи фавқуллода эълон шудааст. Дар Қирғизистон бештар аз 900 нафар ва дар Тоҷикистон бештар аз 620 нафар ба бемории нав гирифтор шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (13)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG