Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

На аспдавонӣ, на бузкашӣ. Соҳиби аспҳои гаронарзиш дар Суғд нигарон аст. ВИДЕО


Ниёз Ниёзов, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов

Таъсири пандемияи нав ба ҳаёти одамон ва шуғли онҳо амиқтар мешавад. Бо сабаби бештар паҳн шудани коронавирус мусобиқаҳои бузкашӣ, ки маъмулан дар тирамоҳ шурӯъ мешуданд, доир намешаванд.

Човандозони тоҷик мегӯянд, ки ҳоло ба мусобиқаҳо даъват намешаванд. Як роҳи даромад барои парвариши аспҳоро онҳо ширкат дар мусобиқаҳои бузкашӣ ва аспдавонӣ медонанд. Солҳои гузашта дар маъракаҳои аспдавонӣ ва човандозӣ тӯҳфаҳои молию пулӣ мегирифтанд ва аз он ҳисоб рӯзгори худу парвариши аспҳоро ба роҳ мемонданд.

Наворро ин ҷо бубинед.

Соҳиби аспҳои гаронарзиш дар Суғд аз доир нашудани бузкашӣ нигарон аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00

Ниёз Ниёзов, сокини деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳавлии хурди худ бештар аз 12 аспро барои мусобиқаҳои аспдавонӣ омода месозад. Ҳудуди 10 сол аст, ки бо ин кор шуғл меварзад ва мехоҳад касби човандозии гузаштагони хешро ҳифз кунад.

Ӯ гуфт, ки бобояш човандоз буд ва аспҳое, ки парвариш мекард, дар мусобиқаҳо пешсаф будаанд.

“Ҳатто ба Самарқанду Бухоро низ рафта ғалаб кардаанд. Ман тарбияи он касро гирифтаам ва вақте дар Русия илоҷи корамро наёфтам, ба ҳамин кор машғул шудам ва рӯзии худро ёфтам”,--гуфт ӯ.

Ин човандози ҷавон нахустин аспашро аз ҳақи кораш дар Русия ва бо фуруши чорвои хонагиаш харидааст. Ҳоло ҳар як аспи варзишии ӯ на камтар аз 30 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Дар миёни аспҳои ӯ зотҳои англисиву туркманӣ низ парвариш мешаванд.

Ба ин аспҳо мувофиқ ба қобилияту чолокӣ ном гузоштааст. Дар байни аспҳояш “Сигаро”, ки аз Русия харидааст, тездав аст. Соли гузашта ин асп дар мусобиқаи наврӯзии аспдавонӣ дар ноҳияи Зафаробод ҷойи якумро гирифт.

Ниёз Ниёзов нақл кард, ки ин аспро ба маблағи 75 ҳазор сомонӣ харидааст.

Ӯ гуфт, ки пулро “аз фуруши ҳосили пиёз ба даст оварда буд”.

“Мо орзу дорем, ки як дастгирӣ шаваду ферма созем. Чунки дар дохили қишлоқ ин аспҳоро хуб омода карда намешавад. Агар дастгирӣ шавад, аспҳои зотии хубро мо мегирему дар мусобиқаҳои давлатҳои Русия, Узбекистон, Қирғизистон иштирок мекунем ва чемпион гардида, обрӯи миллатро баланд мебардорем”,--гуфт ӯ.

Ғайри аспҳои варзишӣ, ин асппарвар байталҳо ё худ аспҳои мода низ дорад ва як қисми даромади хонаводагиашро аз ҳисоби наслгирии зоти аспҳо ва фуруши он меёбад. Мақсади асосии харидани аспҳои хушзоту гаронарзиш ба хотири ширкат дар мусобиқаҳои аспдавонӣ аст, ки асосан дар фасли сармо, яъне аз моҳи октябр то апрел доир мешаванд. Човандозон дар ин маъракаҳо имкони соҳиби тӯҳфаҳои молӣ ва пулии зиёд шуданро доранд.

Имсол ба баҳонаи пандемияи КОВИД-19 маъракаи бузкашӣ доир нашуд.

Маъмулан, маъракаҳои бузкашӣ аз ҷониби соҳибкорону афроди доро ва сокинони шаҳр ё навоҳии кишвар баргузор мешавад. Бузкашӣ дар Тоҷикистон ҳаводорӣ зиёд дорад ва савори аспе, ки бузро ба маркази майдон мепартояд ё дар аспдавонӣ аспаш аз ҳама аспҳо тез медавад, соҳиби тӯҳфа мешавад.

Ба ҷуз ин, дар аксар минтақаҳои Тоҷикистон расме маъмул аст, ки рӯзи маросими ақди никоҳ домоду арсуро савори асп мекунанд. Ниёз Ниёзов мегӯяд, ҳоло туйҳо дар доираи маҳдуд баргузор мешаванд ва касе аспҳои онҳоро дархост намекунад.

Асптозӣ ва асппарварӣ яке аз намудҳои варзиши бостонии тоҷикон аст. Ба ҷуз асптозӣ, мардуми тоҷик ба бузкашӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд доранд ва асп барои бузкашӣ низ нархи гарон дорад. Ба гуфтаи алоқамандони ин варзиш, аспи бузкашӣ дар Тоҷикистон аз 15 то 20 ҳазор доллар арзиш дорад.

Асппарварӣ ва аспсаворӣ зоҳиран шуғл ё ҳоббии дӯстдоштаи бархе аз мансабдорони тоҷик низ ҳаст. Нархи аспҳои онҳо, ки дар мусобиқаҳо ширкат мекунанд, ба гуфтаи ҳолдонҳо, ба садҳо ҳазор доллар мерасад.

Шарҳҳоро бинед (7)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG