Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе аспдавонӣ мешавад


Бо тасмими раиси шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми ноябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахти кишвар мусобиқаи бози пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни 23-юмин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Мусобиқа рӯзи якшанбе соати 15:00 оғоз меёбад.

Ба иттилои шуъбаи таҳлил ва иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе, барои пардохти хароҷоти мусобиқаи бози пойгаи аспдавонӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди будҷаи шаҳрӣ 48700 сомонӣ ҷудо гардидааст.

Дар ин мусобиқа, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ ва Федератсиони ҷумҳуриявии «Пойгаи равон ва бузкашӣ» доир мешавад, беҳтарин аспсаворон аз манотиқи мухталифи кишвар ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ ширкат меварзанд.

Ёдовар мешавем, дар пойгаи охирини аспдавонӣ, ки рӯзи 16-уми сентябри соли равон дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе баргузор шуд, дар пойгаи асосӣ ба масофаи 2 ҳазор метр миёни аспҳои савории зоти англисии аз чаҳорсола боло аспе бо лақаби “Рахш” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Фирдавс Саломов, мураббиаш Хонҷон Сафаров, бо натиҷаи 2 дақиқаю 4 сония пирӯз шуд. Ба ғолиб мошини тамғаи “Мерседес” ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Дар пойга бо аспҳои зоти тоҷикии аз чаҳорсола боло ба масофаи 2 ҳазор метр аспе бо лақаби “Ганди кап” аз хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, саворааш Умед Мирзоев, мураббиаш Садриддин Сатторов, бо натиҷаи 2 дақиқаю 21 сония ғолиб шуд. Ғолиби ин пойга бо ҷоизаи молӣ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ сарфароз гашт.

Пойгаи аспдавонӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли аввали таъсиси ипподроми Душанбе баргузор мешавад. Дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи асптозӣ, бахусус баъди азнавсозии ипподром, ки номи “Наврӯзгоҳ”-ро гирифтааст, зуд-зуд доир мегардад. Ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили идҳои суннатии мардуми тоҷик – Наврӯз, Меҳргон ва инчунин ҷашни Истиқлол баргузор кардани пойгаи аспдавонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

XS
SM
MD
LG