Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуштигирӣ ва аспдавонӣ дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе. САДО


Акс аз пешгирӣ.
Акс аз пешгирӣ.

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе рӯзҳои 21-22-юми март дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ ва пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт - 2020» доир мегардад. Ҳарду чорабинии варзишӣ ба Иди байналмилалии Наврӯз бахшида мешавад.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Раҳматшо Камолов, мудири Муассисаи давлатии раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, имрӯз, 18-уми март, хабар дод.

Ӯ гуфт, рӯзи 21-уми март, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бо ширкати зӯртарин паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар барпо мегардад. Дар «Наврӯзгоҳ» рӯзи 22-юми март, соати 14:00 пойгаи аспдавонӣ бо ҷалби аспсаворони беҳтарин ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ доир хоҳад шуд. Ғолибон бо тӯҳфаҳои кумитаи тадорукоти мусобиқот сарфароз мегарданд.”

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани ин мусобиқаҳо аз буҷаи шаҳрдорӣ 190500 сомонӣ маблағ ихтисос дода шудааст. Бо тасмими шаҳрдорӣ мақомоти дахлдор ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор кардани чорабиниҳо бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз вазифадор шудаанд.

Гуфтугӯ бо Раҳматшо Камолов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00
Линки мустақим


«Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе мусобиқа оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми пойтахт», ки 13-уми март дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон шуруъ шуд, то 17-уми апрел идома хоҳад кард», - гуфт Раҳматшо Камолов.

Бояд гуфт, ки бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон ба ғайр аз гуштии миллӣ, аспдавонию бузкашӣ, инчунин баргузории мусобиқоти идона аз рӯи намудҳои маъмули варзиш, ба мисли баскетболу волейбол, варзиши сабук, вазнабардорӣ, дастхобонӣ, тенниси рӯи миз, футбол, шоҳмоту шашка ва ғайра ба ҳукми анъана даромадааст.

Мардуми тоҷик анъанаҳои бостонӣ ва хеле бойи варзишӣ дорад. Ба навъҳои варзиши миллӣ гуштигирӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ, бузкашӣ, асптозӣ, найзаандозӣ, пойга, тирандозӣ ва ғайра шомиланд. Гуштии миллӣ дар байни ин намудҳо мақоми хос дорад ва дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз баргузории сабқати паҳлавонӣ яке аз суннатҳои Наврӯзист.

Инчунин дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар ҳар чор ноҳияи пойтахти кишвар мусобиқот оид ба намудҳои мухталиф барпо мегардад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG