Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳиён президенти Федератсияи човандозон интихоб шуд. ВИДЕО


Шермуҳаммади Шоҳиён.
Шермуҳаммади Шоҳиён.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон президенти Федератсияи човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ интихоб шуд. Президенти Федератсияи човандозон вазифаи ҷамъиятист ва онро то кунун Ҷамшед Машрабзода, раҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, бар дӯш дошт.

Пешсафии аспҳои Шоҳиён

Суҳроб Сафаров, ёрдамчии раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, рӯзи 2-юми апрел дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, интихоби Шоҳиён ба хотири рушди ин соҳа сурат гирифтааст. Ӯ гуфт: "Ба хотири рушди соҳаи човандозӣ ва аспдавонӣ интихоб карданд. Ин як вазифаи ҷамъиятӣ ҳаст ва чун раис соҳаро хуб мефаҳманд, ин вазифаро ба ӯ вобаста карданд. Худашон солҳо боз ба асппарварӣ шуғл доранд ва завқи зиёд доранд."

Интихоби Шоҳиён ба вазифаи президенти Федератсияи човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ дар ҳолест, ки таваҷҷӯҳи мансабдорон ва сарватмандон ба мусобиқаҳои човандозӣ бештар шудааст.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз ҷумлаи мансабдороне дониста мешавад, ки ба асппарварӣ таваҷҷӯҳ доранд. Дар мусобиқаҳои бузкашӣ ва пойгаҳи аспдавонӣ ҳамеша аспҳои марбут ба ӯ ширкат мекунанд.

Соли 2016 дар ноҳияи Мӯъминобод шоҳҷоизаи бузкашии наврӯзиро аспи ӯ соҳиб шуда буд. Аспи Шермуҳаммади Шоҳиён бо лақаби "Файсон" дар ин бузкашӣ ҷои аввалро гирифт. Шоҳҷоизаи ин мусобиқа мошини сабукрави "ВАЗ- 2107" ва шутур буд.

Видео: Аспи Шоҳиён -- ғолиби бузкашӣ дар Муъминобод

Аспи Шоҳиён - ғолиби бузкашӣ дар Мӯъминобод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Интихоби Шоҳиён ба вазифаи президенти Федератсияи човандозон ва пойгаҳи аспдавонӣ дар ҳолест, ки таваҷҷӯҳи мансабдорон ва сарватмандон ба мусобиқаҳои човандозию пойгаҳи аспдавонӣ бештар шудааст.

Вақте мансабдорон таваҷҷӯҳ карданд...

Дар чунин мусобиқаҳо аспҳои Рустами Эмомалӣ, писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе, Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Вавилон”, Муродалӣ Алимардонов, раиси “Агроинвестбонк”, соҳибкор Дӯстмурод Ҳакимов, мулаққаб ба “Дости бурут”, Раҳмоналӣ Амирзода, раиси шаҳри Ваҳдат ва чандин мансабдору тоҷиронро метавон дид.

Арбобмирзо Шамсиев, муаллифи китоби “Аспи тоҷикӣ” рӯзи 2-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таваҷҷӯҳи мансабдорон ва сарватмандон ба мусобиқаҳои аспдавонӣ ва човандозӣ боиси рушди соҳа шудааст.

Ӯ гуфт, сар аз соли 2008 ба ин сӯ "зоти аспи тоҷикӣ мукаммалтар шуд ва ҳоло бо аспҳои тоҷикӣ имкони ширкат дар пойгаҳҳои байналмиллалӣ низ имконпазир аст. "Раҳбарияти нави Федератсия гуфтанд, ки бо такмили зоти аспи тоҷикӣ оҳиста-оҳиста дар пойгоҳҳои байналмилалӣ ширкат ва обрӯи кишварро боло барем"-гуфт ӯ.

Кӣ ҷуръати рақобат бо аспи мансабдорро дорад?

Маъмулан, дар мусобиқаи човандозӣ ва пойгаҳи аспдавонӣ савори ин аспҳо худи мансабдорон нестанд. Аспҳои онҳоро бештар афроди махсус саворӣ мекунад.

Човандозҳои тоҷик мегӯянд, ширкати аспҳои афроди маъруф дар бузкашиҳо ҷолибияти бозиро то андозае коҳиш медиҳад.

Қаландар Каримов, як човандози тоҷик рӯзи 2-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чунин муосбиқаҳо касе ҷуръати гузаштан ва ё гирифтани буз аз зери пойи савори аспи Рустами Эмомалиро надорад.

“Борҳо мегӯянд, ки бе парво бо аспи ин одамони калоншаванда рақобат кунед. Намедонам, эҳтиром аст ё тарс, ки вақте бузро аспи Шоҳиён ё Рустами Эмомалӣ мегирад, човандозҳо аз рақобат худашонро канор мегиранд. Ҳарчанд касеро барои ин кор чизе нагуфтаанд. Дар паҳлуяш асп медавонанд, лекин бузро намегиранд. Баъдан, дар ҳақиқат аспҳои хуб доранд ва онҳоро ҳам човандозҳои номдор саворӣ мекунанд”-гуфт ӯ.

Асппарварӣ ва аспсаворӣ зоҳиран шуғл ё ҳоббии дӯстдоштаи бархе аз мансабдорони тоҷик аст. Нархи аспҳои онҳо, ки дар мусобиқаҳо ширкат мекунанд, ба гуфтаи ҳолдонҳо, ба садҳо ҳазор доллар мерасад.

XS
SM
MD
LG