Пайвандҳои дастрасӣ

Аспи писари Рустами Эмомалӣ барандаи пойга шуд. АКС, ВИДЕО


Рахш - пешсафи мусобиқаи пойга шуд

Дар пойгаи аспдавонӣ, ки рӯзи 16-уми сентябр дар Душанбе, дар “Наврӯзгоҳи пойтахт”, баргузор шуд, аспе бо лақаби “Рахш”, ки соҳибаш Анӯшервони Рустам аст, барандаи ҷоизаи аслӣ – мошини “Мерседес” гардид.

Ба иттилои як манбаи огоҳ, “дар ин пойга, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Федератсиони миллии човандозӣ баргузор шуд, 49 сар аспи зоти тоҷикӣ, англисӣ, ахалтекинӣ (туркманӣ) ва омехта аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Ашт, Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор, Ховалинг ва Хуросон ширкат дошт.”

Дар пойгаи асосӣ ба масофаи 2000 метр миёни аспҳои савории зоти англисии аз чаҳорсола боло асп бо лақаби “Рахш” аз Душанбе, соҳибаш Анӯшервони Рустам, саворааш Фирдавс Саломов, мураббиаш Хонҷон Сафаров, бо натиҷаи 2 дақиқаю 4 сония пирӯз шуд. Ба ғолиб мошини тамғаи “Мерседес” ва ҷоизаи молӣ ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ эҳдо гардид.

Мақоми дувумро аспе бо лақаби “Фаввора” аз Душанбе, соҳибаш Шермуҳаммади Шоҳиён, саворааш Аслам Ҳамроқулов, бо натиҷаи 2 дақиқаю 6 сония касб намуд. Барои ҷойи дувум 2 ҳазор сомонӣ супурда шуд.

Ҷойи севумро асп бо лақаби “Гулистон” аз шаҳри Хуҷанд, соҳибаш Давронхон Алиев, саворааш Шукруллохоҷа Усмонов, мураббиаш Гулбаҳор Аҳмадова бо натиҷаи 2 дақиқаю 9 сония ишғол кард. Барои ҷойи севум якуним ҳазор сомонӣ тақдим гардид.

Дар пойга бо аспҳои зоти тоҷикии аз чаҳорсола боло ба масофаи 2 ҳазор метр асп бо лақаби “Ганди кап” аз хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг, саворааш Умед Мирзоев, мураббиаш Садриддин Сатторов, бо натиҷаи 2 дақиқаю 21 сония ғолиб гардид. Ба ғолиби ин пойга ҷоизаи молӣ ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ супорида шуд.

Боз дар шаш пойгаи дигар ба масофаи 1600 метр ғолибон муайян шуда, бо ҷоизаҳо сарфароз гаштанд. Зимнан, маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 51 хазор сомониро ташкил медод, ки онро мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ихтисос додааст.

Пойгаи аспдавонӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони шӯравӣ, аз соли аввали таъсиси ипподроми Душанбе баргузор мешавад. Дар замони Истиқлолияти Тоҷикистон мусобиқаи асптозӣ, бахусус баъди азнавсозии ипподром, ки номи “Наврӯзгоҳи пойтахт”-ро гирифтааст, зуд-зуд доир мегардад. Ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили идҳои суннатии мардуми тоҷик – Наврӯз, Меҳргон ва инчунин ҷашни Истиқлол баргузор кардани пойгаи аспдавонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Баъзе аз раҳбарону сарватмандон ва чеҳраҳои шинохтаи тоҷик, аз қабили Рустами Эмомалӣ, Шоҳрух Саидзода, Муродалӣ Алимардон, Шермуҳаммади Шоҳиён, Қосим Қосимов, Беҳзод Файзуллоев, Дост Ҳакимов, Хол Машрабов ва дигарон ба аспу аспдорӣ завқи беандоза доранд. Онҳо мегӯянд, ки аз ин шуғл ё ҳоббӣ хеле ҳаловат мебаранд.

Нархи аспҳое, ки дар пойгаҳо ғолиб мешаванд, ба гуфтаи ҳолдонҳо ба садҳо ҳазор доллар мерасад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG