Пайвандҳои дастрасӣ

Бузкашҳои тоҷик Чинро мағлуб карданд ва ҷойи сеюмро гирифтанд. ВИДЕО


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бузкашӣ, ки дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона – баргузор шуд, барандаи медалҳои биринҷӣ гардид. Човандозони тоҷик барои ҷойи севум дастаи мунтахаби Чинро бо ҳисоби 2:1 шикаст доданд.

Дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бузкашӣ, ки ҳангоми баргузории намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2017 дар Остона доир шуд, дастаҳои мунтахаби ёздаҳ кишвар - Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА), Туркия,

Хуршед Машрабов, раҳбари дастаи човандозони тоҷик дар сӯҳбат бо ТВ "Настоящее время" гуфт, ки бузкашӣ як бозии қадимаи мардуми тоҷик аст нафарони зиёд дар ин кишвар ҳунари рақобат дар ин мусобиқаҳоро доранд.

Муғулистон, Русия, Маҷористон, Чин ва Афғонистон – ширкат доштанд. Вале мунтахаби Озарбойҷон бо сабаби номаълум дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат накард, бинобар ин ба ин даста дар панҷ бозии сабқати гурӯҳи “В” бохти техникӣ бо ҳисоби 0:7 дода шуд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Қирғизистон, Туркия, Муғулистон, Узбакистон ва ИМА рақобат кард. Бозиҳо рӯзҳои 21-25 август дар ипподроми «Казанат» баргузор шуданд. Човандозони тоҷик дар чаҳор бозӣ бар дастаҳои Узбакистон (3:1), Туркия (12:2), ИМА (9:2) ва Муғулистон (10:9) пирӯз шуда, танҳо дар як қувваозмоӣ аз мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 2:15 мағлуб гаштанд ва бо 12 имтиёз дар гурӯҳи худ баъди қирғизҳо мақоми дувумро касб карданд. Дастаи Тоҷикистон барои ҷойи севум бар мунтахаби Чин, ки дар гурӯҳи “В” дар мақоми дувум қарор гирифт, бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад.

Хуршед Машрабов, капитани дастаи човандозони тоҷик, дар сӯҳбат бо ТВ "Настоящее время" гуфт, ки бузкашӣ як бозии қадимаи мардуми тоҷик аст, нафарони зиёд дар ин кишвар ҳунари рақобат дар ин мусобиқаҳоро доранд.

Дар бозии ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон, ки рӯзи 27-уми август барпо гардид, мунтахаби Қазоқистон - ғолиби гурӯҳи “В” - бар дастаи Қирғизистон – ғолиби гурӯҳи “А” - бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард. Ба дастаи ғолиб – Қазоқистон - 10 миллион танга (30 ҳазор доллар) ва ба мунтахаби Қирғизистон барои ҷойи дувум 5 миллион танга (15 ҳазор доллар) супурда шуд. Дастаи Тоҷикистон барои ҷойи севум бо 2 миллион танга (6 ҳазор доллар) сарфароз гашт.

Бузкашӣ бозии қадима буда, дар байни халқҳои кӯчманчии Осиёи Марказӣ маъмул аст. Аъзои ду даста барои ҷасади буз талош мекунанд ва мекӯшанд, ки онро ба дарвозаи якдигар партоянд.

Федератсияи байналмилалии кок-бору ё бузкашӣ 9-уми ноябри соли 2001 дар пойтахти Қирғизистон – Бишкек – таъсис ёфтааст. Ба ҳайати он Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Узбакистон дохил шуданд. Ҳамон вақт истилоҳи "кок-бору" ба сифати байналмилалӣ тасдиқ гардидааст.

Натоиҷи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии ҷаҳон

Даври 1-ум, 21 август

Узбакистон - Тоҷикистан — 1:3
Туркия - ИМА — 2:1
Қазоқистон - Афғонистон — 9:2
Русия - Маҷористон — 7:1
Қирғизистон - Муғулистон — 4:0
Озарбойҷон - Чин — 0:7, бохти техникӣ

Даври 2-юм, 22 август

Муғулистон – ИМА – 10:4
Тоҷикистон – Туркия – 12:2
Қирғизистон – Узбакистон – 11:2
Афғонистон – Маҷористон – 12:2
Чин – Русия – 5:0
Қизоқистон - Озарбойҷон - 7:0, бохти техникӣ

Даври 3-юм, 23 август

Узбакистон – Муғулистон — 4:8
Туркия – Қирғизистон — 3:13
Қазоқистон – Русия — 15:3
ИМА – Тоҷикистон — 2:9
Маҷористон – Чин — 2:9
Афғонистон - Озарбойҷон – 7:0, бохти техникӣ

Даври 4-ум, 24 август

Туркия - Муғулистон — 7:10
ИМА - Узбакистон — 1:11
Тоҷикистон - Қирғизистон — 2:15
Русия - Афғонистан — 1:5
Чин - Қазоқистон — 4:15
Маҷористон - Озарбойҷон — 7:0, бохти техникӣ

Даври 5-ум, 25 август

Муғулистон - Тоҷикистон — 9:10
Узбакистон - Туркия — 14:3
Қирғизистон - ИМА — 11:6
Афғонистон - Чин — 2:4
Қазоқистон - Маҷористон — 11:3
Русия - Озарбойҷон — 7:0, бохти техникӣ

Ҷадвали мусобиқа

Гурӯҳи “А”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

Б

+/-

Имтиёз

1

Қирғизистон

5

5

0

54-13

15

2

Тоҷикистон

5

4

1

36-29

12

3

Муғулистон

5

3

2

37-29

9

4

Узбакистон

5

2

3

32-26

6

5

Турқия

5

1

4

17-50

3

6

ИМА

5

0

5

14-43

0

Гурӯҳи “В”

Ҷ

Дастаҳо

Б

Ғ

Б

+/-

Имтиёз

1

Қазоқистон

5

5

0

57-12

15

2

Чин

5

4

1

29-19

12

3

Афғонистон

5

3

2

28-16

9

4

Русия

5

2

3

18-26

6

5

Маҷористон

5

1

4

15-39

3

6

Озарбойҷон

5

0

5

0-35

0

27 август

Барои ҷойи севум

Тоҷикистон – Чин – 2:1

Финал

Қирғизистон – Қазоқистон – 1:4

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG