Пайвандҳои дастрасӣ

Бузкашии бидуни иҷоза манъ шуд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон ҳамакнун аз ҳаводорони мусобиқаҳои бузкашӣ талаб мешавад, ки қабл аз ташкили ҳар як сабқат аз идораи варзиши шаҳр ва ё ноҳия иҷозатнома бигиранд.

Аммо ташкили бузкашӣ ба муносибати хатнасур, ки то кунун дар бисёр манотиқи Тоҷикистон ва дар миёни хонаводаҳои сарватманд як анъанаи роиҷ буд, манъ шудааст.

Моҳи гузашта мо барои иҷозат гирифтан ба бузкашӣ муроҷиат кардем. Мақомот гуфтанд, агар имкон дошта бошед барои таъмири роҳҳо ба як фонди ободонӣ то ҳадди имкон саҳм гузоред

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ рӯзи 21-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд дар қонуни танзими ҷашну маросимҳои миллӣ истилоҳи “бузкашӣ” истифода нашудааст ва ҳам ба таври рӯшан манъ будани ташкили чунин сабқат зикр намешавад, аммо ба муносибати тӯю ҷашнҳои хонаводагӣ доир кардани он хилофи қонун дониста мешавад. Афшин Муқи мегӯяд:

“Дар ҳолати ташкил кардани бузкашӣ дар ҳошияи маъракаҳои хатнасур, зодрӯз ва амсоли он, ки чунин маъракаҳоро қонун дар доираи оила муайян кардааст, нисбат ба ташкилкунандагон протокол тартиб дода мешавад. Чунки маърака бояд дар доираи оила бошад, аммо бузкашӣ бо ҷалби мардуми зиёд ташкил мешавад ва ин қонуншиканӣ аст”.

Сабқати гаронарзиш

То кунун аксар мусобиқаҳои бузкашӣ дар Тоҷикистон ба муносибати тӯю хатна ташкил мешуд ва тӯйдорон барои ғолибони сабқат ҷоизаҳои гаронбаҳое мисли мошин, мотосикл ва уштуру гов тақдим мекарданд.

Аммо мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, дӯстдорони ин варзиш метавонанд, чунин сабқатҳоро ҷудо аз тӯю сур доир кунанд. Вале дар ин сурат ҳамакнун иҷозати мақомот лозим аст.

Абдулло Маҳмадализода, як масъули Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳое, ки сабқати бузкашӣ ташкил карданӣ ҳастанд, бояд нахуст бо намояндаи Федератсияи човандозон ва пойгаи аспдавонӣ нақшаи худро мувофиқа кунанд. Ӯ гуфт: “Баъд дар асоси ариза мақомот ба баргузор кардани бузкашӣ иҷозат медиҳанд”.

Ба гуфтаи мақомот, бузкашӣ навъи хатарноки варзиш аст ва дар ҷарёни он зарбу лат хӯрдани асптозон ва ҳатто тамошобинон аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин, мақомот мехоҳанд аз қабл кай ва дар куҷо доир шудани маъракаи бузкаширо донанд, то мақомоти пулисро барои таъмини тартибу низом ва табибонро барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ сафарбар кунанд.

Аммо бархе аз човандозон (онҳое, ки дар бузкашӣ ширкат мекунанд), мегӯянд гоҳо мақомот қабл аз додани иҷозат барои баргузор кардани маъракаи бузкашӣ аз онҳо дархост мекунанд, ки дар ободонии маҳалҳо саҳм гузоранд.

Навбати танзим ба бузкашӣ расид
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:42 0:00

"Пеш аз бузкашӣ - ободонӣ кунед"

Фирдавс Миров, як човандози тоҷик ва аз дӯстдорони ин варзиш дар ин робита гуфт:

“Моҳи гузашта мо барои иҷозат гирифтан ба бузкашӣ муроҷиат кардем. Мақомот гуфтанд, агар имкон дошта бошед барои таъмири роҳҳо ба як фонди ободонӣ то ҳадди имкон саҳм гузоред. Мо саҳми худро гузоштем. Баъд барои бузкашӣ дар ҳафтаи ояндааш иҷозат доданд, чунки ба дигар маъракаҳои бузкашӣ дар ҷойҳои дигар дар як вақт рост омад”.

Бузкашӣ, мисли асппарварӣ дар Тоҷикистон шуғлест, ки ба он бештар сарватамандон завқ ва имконият доранд.

Ба ҷуз аз Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди олӣ, ки ҳамчунон роҳбари Федератсияи човандозон ва пойгаҳои аспдавонӣ аст, инчунин хонаводаи Машрабовҳо, Муродалӣ Алимардонов, раиси «Агроинвестбонк», инчунин Беҳзод Файзуллозода, раиси ширкати мобилии «Вавилон» аспҳои тозӣ доранду бузкашиҳо ташкил мекунанд. Дар минтақаи Рашт Қаноатшо Лоиқзода, раиси ин ноҳия ва ҳамчунон узви Маҷлиси миллӣ низ аз дӯстдорони ин варзиш аст ва аспҳояш дар мусобиқоти варзишӣ иштирок мекунанд. Дустдорони ин варзиш мегӯянд дар бархе аз сабқатҳо ровиҳо аз ғолиб омадани аспҳои Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе низ хабар медиҳанд.

Зимнан хеле кам иттифоқ меафтад, ки худи соҳибони сарватманди асп ба майдони бузкашӣ бароянд. Аспҳои онҳоро човандозони кирояшуда метозанд. Парвариш ва нигоҳ доштани аспи тозӣ хароҷоти хеле зиёд дорад. Худи аспи бузкашӣ низ нархи хеле гароне дорад. Ба гуфтаи алоқамандони ин варзиш, танҳо худи аспи бузкашӣ дар Тоҷикистон аз 15 то 20 ҳазор доллар арзиш дорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG