Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори мақомот ба ҷавонон барои баргузории машқи бузкашӣ


Мақомоти ноҳияи Шуробод ба як гурӯҳ ҷавонон ҳушдор додаанд, ки барои баргузории машқи бузкашӣ низ иҷозаи расмӣ ба даст оранд, то аз пайомадҳои ғайриинтизори тамрин пешгирӣ карда шавад.

Тамрини бузкашӣ дар ноҳияи Шуробод боис ба боздошту бозпурсӣ ва ҳатто ифтитоҳи парвандаи маъмурӣ алайҳи гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллӣ шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бино бар муқаррароти ҷорӣ танҳо баргузории мусобиқа раводиди мақомотро тақозо мекунад.

Бархе аз ин ҷавонон дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомот онҳородар ташкили беиҷозаи тамрин ё машқи бузкашӣ айбдор медонанд. Аҳмадалӣ, яке аз ҷавонон мегӯяд, ҳамсолони ӯ дар кӯҳистон дар фасли сармо шуғлу кори муайяне надоранд ва бузкашӣ аз ҷумлаи дилхушиҳои зимистонаи онҳост.

Ноҳияи Шуробод
Ноҳияи Шуробод

Аз ин рӯ ҷавонон бештари вақти худро дар ин мавсим бо бузкашӣ сипарӣ мекунанд ва тӯҳфа ё маблағе ба даст меоваранд. Вале ба гуфтаи Аҳмадалӣ, ҳатто зимни гирифтани иҷозат барои машқу омодагӣ ба мусобиқа аз мақомоти ноҳия, онҳо бояд як миқдор маблағ пардохт кунанд, ки ин аз имконоташон берун аст: “Бачаҳо ҳар шанбе ё якшанбе барои мусобиқаҳои бузкашӣ машқ мекунанд ва барои иҷоза гирифтан ҳам бояд ба фонди хайрияи ноҳия ба маблағи 200-300 сомонӣ пул бояд супорӣ. Бачаҳои ҷавон ҳар ҳафта аз куҷо пул меёбанд. Ҷавонони кӯҳистон ҳама ба ин навъи мусобиқа шавқу мухлисанд.”

Вале кормандони намояндагии Кумитаи дин ва танзими расму оин дар Хатлон мегӯянд, дарёфти иҷоза барои тамрин ба мусобиқаи бузкашӣ харҷе надорад ва маблағе ҳам талаб намешавад. Аммо ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш, тамрин ҳам бояд бо иҷозаи мақомот сурат гирад.

Шариф Абдулҳамидов, як масъули ин кумита мегӯяд, қонуни танзими расму оин, ташкили мусобиқаи бузкаширо танҳо дар рӯзҳои ҷашну идҳои расмӣ иҷоза додааст ва ташаббускорон бояд пешакӣ ризоияти мақомотро барои баргузории чунин қувваозмоӣ ба даст оранд. Дар сурати ташкили беиҷозаи мусобиқа созмондиҳандагони он то 4 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд.

Ӯ меафзояд, бидуни мувофиқа доир кардани мусобиқаҳо хатар ҳам дорад. “Ягон монеа нест барои ташкили чунин чорабинӣ фақат бояд пешакӣ масъулинро огоҳ кард. Дар ҷараёни ин мусобиқа бояд намояндаҳои тандурустӣ, мақомоти умури дохилӣ бошанд, то ба ҳар хараҷу мараҷ роҳ дода нашавад ва вақте ҳангоми аспдавонӣ ягон кас афтад ва осеб бинад, бояд ба ӯ ёрии аввалия расонида шавад. Масалан, соли гузашта мо 4 ҳолати берун аз қонун ташкил кардани бузкаширо ошкор кардем ва чанд нафари масъул ҳам аз кор озод шуданд. Мана, ба наздикӣ ҳам як бузкашии бе иҷозат шуд, як нафар аз асп афтиду 7 ҷойи пояш шикаст. Касе набуд, ки сари вақт барояш кӯмак кунад. Соли гузашта дар ҷамоати Даҳана дар рафти чунин як бузкашӣ як нафар ҳалок шуд.”

Бузкашӣ сабқатест, ки гурӯҳе аз ҷавонон барои рабудан ва ба “палла” ё ҷойи таъиншуда расондани ҷасади бузи сарбурида рақобат мекунанд. Дар ин сабқат нафаре пирӯз мешвад, ки аз миёни издиҳоми бузурги човандозон бузро рабояд ва ба палла биафканад.

Аҳмадалӣ, човандоз аз Шӯробод мегӯяд, ин як навъи варзиш ва шуғли ҷавонон дар минтақаҳои кӯҳӣ, махсусан Шӯробод аст, ки саворагони маъруфи зиёд дорад, аммо бо маҳдуд шудани имконият ва афзоиши монеаҳо дар роҳи ташкили ин мусобиқа, шумори човандозҳо аз миёни ҷавонон кам мешавад: “Солҳои охир дигар кам шудаанд теъдоди човандозҳо. Мардум ҳама шавқ дорад, аммо монеа ҳаст дар пешашон. Ин варзиш ва шуғли мардуми кӯҳистон аст. Дар ин сабқатҳои мо ҳам албатта пурра бехатарӣ ба инобат гирифта мешавад ва хатар надорад. Аз сӯйи дигар ин як воситаи хуби аз роҳи бад баргардонидани ҷавонон ҳам ҳаст. Онҳо бархе ширкат ва бархе ба ҳайси тамошобин дар чунин сабқаҳо иштирок мекунанду вақти худро мегузаронанд.”

Зафари Мирзоён
Зафари Мирзоён

Дар ҳамин ҳол Зафар Мирзоиён донишманди тоҷик мегӯяд, бузкашӣ дар Тоҷикистон таърихи беш аз дусад сола дорад ва махсусан мардуми кӯҳистон таври маъмул, фасли сармо баъди ҷамъоварии ҳосил ингуна сабқатҳо доир кунанд. Вале аз нигоҳи ин донишманд, бузкашӣ моли тоҷикон нест ва танҳо ҷойгузини чавгон як мусобиқаи миллии тоҷикон шудааст: “Як вақт президенти кишвар ҳам гуфтанд, ки бузкашӣ хоси мардуми мо нест. Ба фарқ аз чавгон, ки моли мо аст, бузкашӣ чанд паҳлуи манфӣ дорад. Мисле, ки ҳама кӯшиш мекунанд, асп бипарваранд, то дар зимистон бузкашӣ кунанд ва ин сарфу харҷи хеле зиёд дорад. Бисёр бузкашҳое буданд, ки тифлҳои худро гурусна монда, асп парвариш мекарданд. Аз сӯйи дигар рӯйи заминҳо аспдавонӣ мекарданд ва мардум аз кор мемонданд. Умуман,як назми муайяне ҳам дар ин бозӣ набуд.”

Дар гузашта бузкашӣ асосан дар маросими хатнасур сурат мегирифт. Вале қонуни танзими ҷашну мароисм ва расму оинҳо бузкашӣ дар ин маросимро манъ кард. Ва акнун сокинон метавонанд,танҳо дар дар ҷашну маросимҳои расмӣ бузкашӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG