Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тан бо гумони қатли роҳбари диаспораи қирғизҳо боздошт шуд


Як зодаи Қирғизистон бо гумони куштори Камчибек Каримов, роҳбари қирғизҳо дар Екатеринбурги Русия боздошт шуд. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар медиҳанд.

Зодаи Қирғизистон бо номи Зарилбек дар шаҳри Коркинои вилояти Челябински Русия боздошт шуд. Вай дар бозпурсиҳои аввал ба гуноҳаш иқрор кардааст. Дар ҳамла ба Каримов вай нақши ронандаро иҷро кардааст. Боздоштшуда гуфт, барои ин кор вай 100 ҳазор рубл гирифтааст.

"Гуруҳ аз ибтидо тасмим дошт, ба тоҷири дигари бозори "Таганский ряд" ҳамла кунад. Аммо баъдтар иттилоъ ёфтанд, ки Каримов маблағи зиёд дар даст хоҳад дошт (ҳудуди 19 миллион рубли русӣ). Дар маҷмуъ 5 одам дар бораи ин ҳамла иттилоъ доштанд. Онҳо бовар доштанд, ки роҳбари диаспора зери фишору таҳдид маблағро медиҳад, вале вай муқобилат нишон дод",-навиштанд расонаҳо.

Камчибек Каримови 54-сола рӯзи 2 июл дар назди хонааш кушта шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ҳамлагарон ба шикам ва пойи Каримов парондаанд. Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки раҳбари ҷамъияти қирғизҳо бо кадом навъи силоҳ кушта шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Каримов ҳангоми рух додани ҳодиса бо худ пули калон дошт.

Узви Конгресси умумирусиягии қирғизтаборон Матмирзо Болотбеков дар сӯҳбат бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ба назари ӯ, Каримов мавриди ҳамлаи ғоратгарон қарор гирифтааст. "Ӯ як соҳиб кор буд ва тиҷорат мекард. Ба назари мо, ӯро барои пул парондаанд",-афзуд Болотбеков.

Камчибек Каримов аз соли 2012 ба ин сӯ раҳбари ҷамъияти қирғизҳои Екатеринбург буд.

XS
SM
MD
LG