Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндонии собиқ дар Хатлон ба ҳамтақдиронаш кор медиҳад


Зиндонии собиқ ба ҳамтақдиронаш кор медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Давлаталӣ Муминови 54-сола сокини ноҳияи Кӯшониён аст.

Як маҳбуси собиқ дар Хатлон барои худ коргоҳ сохтааст ва ба ҳамтақдиронаш, ки дар пайдо кардани ҷои кор мушкилӣ доранд, ёрӣ медиҳад.

Давлаталӣ Муминов, сокини 54-солаи деҳаи Орзу дар ноҳияи Кӯшониён бештари вақташро дар ҳамин коргоҳ бо сохтани асбоби зарурӣ барои кишоварзӣ сипарӣ мекунад. Соли 2012 ва як сол баъд аз адои ҳукми зиндон ин коргоҳро боз кард. Рӯзҳои аввали озодӣ ва ҳангоми ҷустуҷуи кор посухҳои ноумедкунанда мегирифт.

Давлаталӣ Муминов мегӯяд, пас аз раҳоиӣ аз маҳбас рӯзгори сахте дошт. “Худам, ки баъди аз маҳбас баромадан, сода карда гӯям, саг ҳамроҳам гап намезад. Ба ин мушкилӣ, ки худам гузаштагӣ будам, ҳаракат мекунам, ба дигарҳо кумак кунам, ба муттаҳамон дучор нашаванд, сархами пеши дигарон ва муҳтоҷ набошанд,”—чунин андеша дорад ӯ.

Коргоҳе, ки Давлаталӣ раҳбарӣ мекунад, бузург нест, вале ҳамчун соҳибкори иҷтимоӣ гоҳо ба ҳамтақдирони худаш кумак мерасонад. Ӯ ба онҳое, ки мисли ӯ аз зиндон озод мешаванд, кумак мекунад. “Нафарҳое, ки озод мешаванд, мехоҳанд аз пушти зиндагӣ шаванд, ба кишоварзӣ машғуланд, асбобҳоро қарз медиҳам, кумак мекунам. Ба баъзеяш ҳаминхел медиҳам, ба шарте, ки онҳо кор кунанд,”—гуфт ӯ.

Ба худи Давлаталӣ созмони “Идораи ҳукуқи инсон ва риояи қонуният” кумак кард, то омӯзиш гирад ва барояш асбоби кафшергарӣ дод. Ҳамроҳи ӯ ҳафт зиндонии собиқи дигар, аз ҷумла занон ҳам буданд. Ӯ гуфт: “Хубияш инки як нафар боз ду се нафар аз маҳбас баромадаро ба кор гирифта, маош медиҳад. Онҳо вақте асбоби сохтмонӣ надоштаанд, барои дигарҳо кор мекарданд, ҳоло маош медиҳанд ва пантент доранд. Худашон роҳбар ҳастанд, зиндагияшон назар ба пеш беҳтар шудааст.”

Дар як соли ахир ба бахши хатлонии “Идораи ҳукуқи инсон ва риояи қонуният” 50 маҳбуси собиқ барои кумак ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳо, бекорӣ ва мушкили дигар муроҷиат кардаанд. Давлаталӣ шояд яке аз зиндониёни собиқ аст, ки толеаш баландӣ кардаасту кор ёфта ва ба зиндагии маъмулӣ баргаштааст.

Ҳазорон нафар аз зиндониёни дигаре ҳастанд, ки баъди адои ҳукм коре намеёбанд ва ҳодисаҳои будааст, ки барқасдона ҷиноят кардаанд, то ба зиндон баргарданду ҷойи хоб ва ноне барои хӯрдан дошта бошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG