Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бе шиноснома ва бекор. Мушкили маҳбусони афвшуда дар Тоҷикистон


Қонуни нави афв нисбат ба бист ҳазор нафар татбиқ мешавад.

Дар тақрибан як моҳи ахир 90 маҳбуси афвшуда аз як созмони мустақили ҳомии ҳуқуқи инсон дар Душанбе кумак хостаанд. Беш аз нисфи онҳо гуфтаанд, ки ҳангоми гирифтани шиноснома мушкил доранд. Бархеи дигар аз бекорӣ шикоят кардаанд.

Бар асоси қонуни афв, ки моҳи октябри имсол ба иҷро даромад, ҳазорҳо нафар аз зиндон озод шуданд. Мақомот гуфтанд, барои баргашти онҳо ба ҳаёти маъмулӣ кумак мекунанд. Баъзе аз маҳбусони собиқ гуфтанд, шароит он тавре нест, ки ваъда шуда буд.

Файзалии 29-соларо, ки як сол пеш бо гуноҳи дуздӣ маҳкум шуда буд, бист рӯз қабл аз зиндон раҳо карданд. Ин сокини Душанбе гуфт, ду ҳафта боз ба чанд ҷой барои пайдо кардани кор муроҷиат мекунад, вале бо баҳонаи доғи судӣ доштан ва далелҳои дигар ҷавоби рад мегирад.

"Ба идораи шуғли аҳолӣ рафтам. Онҳо ваъда карданд, ки кумаки пулӣ мекунанд, аммо дар бораи пайдо кардани ҷойи кор гапе нест. Бо умеди он ки ҳамааш хуб мешавад, интизор мемонам",-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки тибқи қонун дар Тоҷикистон ба истиснои чанд ҳолат, корфармо ҳақ надорад, аз довталаби кор дар бораи доштан ё надоштани доғи судӣ санад пурсад.

Наргис Зокирова, раиси созмони "Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният" рӯзи 2-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, созмони онҳо дар сартосари кишвар чаҳор намояндагӣ дорад ва ба маҳбусони собиқ кумаки ҳуқуқӣ мерасонад.

"Аксари онҳо хона надоранд ва хешовандон барои сабтиноми онҳо дар манзилашон розӣ намешаванд. Дар як моҳи ахир 50 нафар барои гирифтани шиноснома ба мо муроҷиат кард. Табъйиз аз сӯйи наздикону пайвандон мушкили дигари онҳо аст",-шарҳ дод ӯ.

Ин ҳомии ҳуқуқ афзуд, дар миёни маҳбусони пешин афроди кордон ва соҳиби ихтисос кам нестанд, аммо ба қавли ӯ, "бархӯрди нодурусти ҷомеа метавонад маҳбусони пешинро дубора ба ҷиноят тела диҳад."

Пештар мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буданд, ки танҳо баъд аз ду ҳафтаи ба иҷро даромадани қонуни афв 60 нафари онҳо дубора дастгир шудаанд. Онҳо асосан ба дуздӣ ва як нафар ба таҷовуз ба номус гумонбар аст.

Коршиносоне, ки ин мавзуъро пайгирӣ доранд, тахмин мезананд, ба эҳтимоли зиёд бекорӣ ва набуди шароит барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани маҳбусони пешин ба ин вазъ сабаб шудааст.


Ҳомиёни ҳуқуқ ба он таъкид мекунанд, ки таваҷҷуҳи мақомот ба мушкилу зиндагии маҳбусони собиқ бояд ҷиддӣ бошад. Онҳо пешниҳод доранд, барномаи миллие қабул шавад, то маҳбусонро ҳанӯз ҳангоми дар зиндон будан барои зиндагӣ дар озодӣ омода созанд.

Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлия ва сардори зиндонҳо ҳафтае пеш дар як нишаст дар Душанбе гуфт, ҳоло 90 дарсади маҳкумшудагон қобили меҳнат ҳастанд.

Се сол пеш, Додситони кулли Тоҷикистон мақомоти маҳаллиро вазифадор карда буд, ки маҳбусони пешинро ба кор таъмин намоянд. Дертар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар дод, ки соли 2018 беш аз 60 ҳазор нафар, бо шумули маҳбусони пешин бо кор таъмин карда шудаанд.

Ин вазорат ҳанӯз расман нагуфтааст, ки баъд аз афви моҳи октябр чӣ теъдод аз зиндониёни собиқ ба онҳо муроҷиат карданд ва чанд нафар бо ҷойи кор таъмин ва ба онҳо кумаки пулӣ дода шуд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG