Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 60 афвшуда. Гумонбаршудагони дуздӣ ва таҷовуз. ВИДЕО, САДО


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, ки танҳо баъд аз ду ҳафтаи ба иҷро даромадани қонуни афв ва озодии ҳазорҳо зиндонӣ аз маҳбас, 60 нафари онҳо дубора дастгир шудаанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорат, рӯзи 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод асосан ба дуздӣ ва як нафар ба таҷовуз ба номус муттаҳам аст. Бархе аз коршиносоне, ки ин мавзуъро пайгирӣ доранд, тахмин мезананд, ки ба эҳтимоли зиёд бекорӣ ва набуди шароит барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани маҳбусони пешин ба ин вазъ сабаб шудааст.

"Чанд нафар афвшуда аллакай ҷиноят содир кардаанд. Баъзе аз ин ҳодисаҳо баъд аз як рӯзи татбиқи қонуни афв рӯй додааст. Дар ноҳияи Вахш ҳатто таҷовуз ба номусро сабт карданд. Ин шумора аз 50-60 нафар гузаштааст. Ин рақамест, ки то ду ҳафтаи баъд аз иҷро шудани афвро дар бар мегирад," – гуфт Умарҷони Эмомалӣ.

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабабҳои дубора ба ҷиноят даст задани зиндониёни афвшударо ба "омода набудани онҳо ба зиндагии маъмулӣ" рабт дод.

Дар ҳамин ҳол, маълум нест, мақомоти Тоҷикистон барои ба ҳаёти маъмулӣ баргаштани зиндониёни афвшуда чӣ барномаеро рӯйи даст гирифтаанд ва дар муддати тақрибан як моҳи иҷрои ин қонун чӣ қадар аз маҳбусони пешин бо кор таъмин шудаанд ва ё кумакпулӣ гирифтаанд.

Ду сол пеш, Додситони кулли Тоҷикистон мақомоти маҳаллиро муваззаф карда буд, ки маҳбусони пешинро ба кор таъмин намоянд. Аммо баъзе аз маҳбусони собиқ аз он нигаронӣ доранд, ки аксари идораҳо бо ишора ба доғи судии онҳо ҷойи кор нахоҳанд дод.

Боздошти даҳҳо зиндонии афвшуда дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:49 0:00

Наргис Зокирова, мудири Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонун, шаш сол боз ба мушкили баргашти маҳбусони пешин ба зиндагии маъмулӣ сару кор дорад. Ӯ дар оғози моҳи ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "давлат ёрӣ мерасонад, вале барои ҳалли муассири масъала барномаи комил зарур аст."

Ба гуфтаи ӯ, маҳбусон баъди раҳоӣ аз зиндон асосан бо ин масоил рӯ ба рӯ мешаванд:

  • Дарёфти шиноснома, зеро аксари онҳо хона надоранд ва хешованд барои сабтиноми онҳо дар манзилашон розӣ намешаванд;
  • Мушкили пайдо кардани кор. Онҳоро ё ба кор намегиранд ё баъди он ки фаҳмиданд зиндонии собиқ ҳастанд, аз кор меронанд;
  • Бо табъйиз аз сӯйи наздикону пайвандон. Ҳангоме онҳоро хуб намепазиранд ва баъзан гузаштаи онҳоро ёдовар мешаванд, ки ин вазъи равонии маҳбусони собиқро бад мекунад.
Шаст зиндонии афвшуда дубора дастгир шудаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:26 0:00
Линки мустақим

Мувофиқи таҳқиқоте, ки пештар аз сӯйи Бюрои ҳуқуқи башар ва риояи қонун гузаронида шудааст, беш аз 300 маҳбуси собиқ гуфтаанд, баъд аз зиндон ба шароити сангини зиндагӣ сар ба сар мешаванд ва худро одами “дувумдараҷа” эҳсос мекунанд.

Хидматчиёни давлатӣ ба ин назар, ки давлат барои беҳбуди вазъи маҳбусони собиқ талоше намекунад, розӣ нестанд. Баҳром Самадов, масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар дар оғози моҳи ноябри имсол ба Радиои Озодӣ гуфт, "ёрии давлат ба маҳбусони пешин аз ёрдампулӣ барои бекорӣ ва ёфтани ҷойи кор иборат аст."

Қонуни нави афв дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябри имсол қабул ва мавриди иҷро қарор гирифт. Бино ба он, беш аз ҳафт ҳазор нафар аз зиндон озод ва муҳлати ҳабси бархеи дигар кам карда хоҳад шуд. Дар маҷмуъ, қонун нисбат ба 20 ҳазор нафар татбиқ мегардад.

Ҳафтаи гузашта мақомоти идораи зиндонҳои Тоҷикистон дар гузорише ба раиси ҷумҳур гуфтаанд, ки то ин дам беш аз шаш ҳазор нафар аз маҳбасҳо раҳо карда шудаанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, манзараи ҷолиберо дидед ва ё хабари муҳим шунидед? Аз роҳи осон ва амн бо рақами Телеграми мо +420 724 053 959 фиристед. Ба канали Телеграми мо ҳамроҳ шавед

XS
SM
MD
LG