Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "амалиёт" дар Хоруғу Рӯшон ду сол гузашт. Ёде аз 34 қурбонӣ


Акси чанд қурбонии ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон дар соли 2022
Акси чанд қурбонии ҳодисаҳои Хоруғу Рӯшон дар соли 2022

Моҳи майи соли 2022, дар пайи эътирози мардум ва амалиёти мақомот дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ, ба иттилои расмӣ, 29 кас ва ба маълумоти ёфтаи Радиои Озодӣ 34 кас кушта шуданд. Даҳҳо нафари дигар дастгиру зиндонӣ гардиданд. Мақомот ҳамвора онҳоро узви гурӯҳҳои ҷиноӣ ва ҳамкорони созмонҳои мамнуъ муаррифӣ мекунанд, вале наздиконашон ва ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, аксарият силоҳ надоштанд ва аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ буданд. Радиои Озодӣ рӯйхати 34 кушташудаи амалиёти мақомотро дар Бадахшон гирд овард ва ҳоло онро дигарбора ёдрас мекунем:

Замир Назаршоев, 32-сола, Хоруғ

Ҷумъаназар Баёзов, 56-сола, Рӯшон

Руслан Абутробов, 31-сола, Рӯшон

Қурбонмаҳмад Қурбонмаҳмадов, 42-сола, Рӯшон

Алишер Қиматшоев, 48-сола, Рӯшон

Алихон Назокатов, 26-сола, Рӯшон

Ёдгор Амрихудоев, 36-сола, Рӯшон

Тоҷиддин Ҳусайниев, 24-сола, Рӯшон

Шӯҳрат Руштов (Айдиевич), 48-сола, Рӯшон

Ардашер Муносибов, 27-сола, Рӯшон

Муҳиддин Қурбонасенов, 36-сола, Рӯшон

Мунир Насруллобеков (Мируллоев), 27-сола, Рӯшон

Некқадам Муборакшоевич, 58-сола, Рӯшон

Аслиддин Хурсандов, 30-сола, Рӯшон

Умед Нурмамадов, 34-сола, Рӯшон

Салим Ширинбеков, 43-сола, Рӯшон

Исмат Шарипов, 36-сола, Рӯшон

Амонҷон Содиқов, 49-сола, Рӯшон

Шогунбек Назриев, 63-сола, Рӯшон

Мунаввар Ғуломшоев, 36-сола, Рӯшон

Ховар Гулобшоев (Дилбарович), 46-сола, Рӯшон

Далер Озодмамадов, 39-сола, Рӯшон

Нусрат Завқибеков, 38-сола, Рӯшон

Эҳсон Музробов, 26-сола, Рӯшон

Ёдгор Ғуломҳайдаров, 49-сола, Рӯшон

Алишер Почоев, 47-сола, Рӯшон

Ҳабиб Мавлододов (Феткаевич), 36-сола, Рӯшон

Ҷангибек Шехбуров (Душанбиевич), 31-сола, Рӯшон

Дохунда Паллаев (Худобандаевич), 54-сола, Рӯшон

Сафдарқул Паллаев, 55-сола, Рӯшон

Мамадбоқир Мамадбоқиров, 60-сола, Хоруғ

Хурсанд Мазоров, 51-сола, Хоруғ

Зоир Раҷабов, 51-сола, Хоруғ

Хурсанд Давлатмамадов, 36-сола, Хоруғ

XS
SM
MD
LG