Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти нави суқути чархболи президенти Эрон


Тобути Иброҳим Раисӣ
Тобути Иброҳим Раисӣ

Ғуломҳусейн Исмоилӣ, раиси дафтари президенти Эрон ҷузъиёти суқути чархболеро нақл кард, ки дар он рӯзи 19-уми май президент Иброҳим Раисӣ даргузашт.

Суханҳои Исмоилиро хабаргузории расмии ИРНА нашр кардааст. Ба иттилои ӯ, корвони ҳукуматӣ аз се чархбол иборат буд. Худи Исмоилӣ савори чархболе будааст, ки бомуваффақият нишаст кард. Ӯ гуфт, ки вазъи боду ҳаво замони парвоз “соф буд”. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар як қитъаи ҳаво дар минтақаи болои маъдани миси "Сунгун" дар вилояти Озарбойҷони Шарқӣ, ки маҳалли суқути чархбол мебошад, пораи абре дида мешуд.

Ӯ гуфт, “Дар масири мо меҳ (туман) набуд. Шояд дар дохили дарра меҳ буд. Дар минтақаи маҳдуд як лаккаи абре дар рӯи ин дарра қарор дошт ва монанди суфрае дар биёбоне густурда буд.”

Ӯ гуфт, ки чархболе, ки дар он президент Раисӣ нишаст буд, дар байни ду чархболи дигар парвоз мекард ва вақте қарор шуд, ки корвон аз болои абр боло гузарад, чархболи президентӣ нопадид шуд. Ӯ гуфт, фосилаи байни муколамаи охирини халабонҳои чархболҳо баъди боло рафтан аз рӯи абрҳо на бештар аз якуним дақиқа будааст.

Ғуломҳусейн Исмоилӣ гуфт, халабони онҳо бо умеди ин ки чархболи президент таъхир мекунад, се дафъа дар ҳамон маҳал чарх зад, вале вақте ҳеҷ хабаре нашуд ва аз дохили он чархбол ҳеҷ тамосу ҷавобе наомад, дар маҳалли маъдани "Сунгун" нишасте карданд. Ӯ гуфт, ки ҳамон лаҳзаҳо эҳсос карданд, ки чархболи навъи "Bell 212" суқут кардааст.

Ӯ гуфт, баъди дар маъдан нишастани чархболи Исмоилӣ, бо имоми масҷиди ҷумъаи шаҳри Табриз Саид Муҳаммад Алӣ ал-Ҳошим дар тамос шуданд, ки дар дохили чархболи президент буд. Аз рӯи шарҳи ӯ, ки он замон зинда будааст, онҳо фаҳмиданд, ки "Bell 212" суқут кардааст. Имом боз чанд соати дигар зинда буд ва то дами маргаш бо ӯ дар тамос буданд.

Дар дохили чархболе, ки президенти Эрон Иброҳим Раисӣ қарор дошт, инчунин вазири умури хориҷӣ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва боз шаш мақомдори дигар қарор доштанд, ки ҳама ҷон доданд. Ин ҳайат аз маросими ифтитоҳи садди “Қиз Қалъасӣ” дар сарҳад бо Озарбойҷон бармегашт, ки дар он инчунин президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳам иштирок кард.

Як бахши расонаҳо баъди эълони хабари марги президенти Эрон номусоидии ҳаворо сабаб оварданд.

Хабаргузории ИРНА ахиран навишт, ки сабаби суқути чархбол метавонист мушкилоти фаннӣ бошад.

Эрон мавриди таҳримҳои сахти байналмилалӣ аст ва ба ин кишвар ворид кардани фанновариҳои ҳавоии ғарбӣ манъ мебошад.

Чархболи амрикоии "Bell", ки дар он президенти Эрон савор буд, эҳтимолан аз роҳи давр задани таҳримҳо харидорӣ шуда, аз назорати пурраи техникӣ нагузашта бошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG