Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То 65 ҳазор сомонӣ ҷарима. Манъи либоси "бегона" дар Тоҷикистон


Акс аз наворест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд
Акс аз наворест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд

Аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣ. Ҷарима барои "овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ". Инро моддаи 18-и тарҳи нави қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" пешбинӣ мекунад. Тарҳро вакилони порлумон рӯзи ҳаштуми май пазируфтанд. Вокунишҳо яксон нест.

Мавлудахон Мирзозода, вакили порлумон, гуфт, бар асоси банди нави қонун шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон вазифадор ҳастанд, ки "рукнҳои фарҳанги миллӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ"-ро риоя кунанд.

"Дар лоиҳаи қонун меъёри манъкунанда ҳаст. Тибқи моддаи 481 дар лоиҳаи нави қонун дар бораи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои дигар кирдорҳо ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи лоиҳаи қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" дар қисми дуи моддаи 18 меъёри болонишондода пешбинӣ карда шудааст," – шарҳ дод ӯ.

Порлумони Тоҷикистон
Порлумони Тоҷикистон

Моддаи 481-и Кодекси ҳозираи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ на танҳо барои банди 18, балки дар умум барои риоя накардани қонуни танзим

  • барои шахсони воқеӣ 7920
  • барои шахсони мансабдор 39 ҳазору 600
  • барои шахсони ҳуқуқӣ 57 ҳазору 600 ва
  • барои соҳибкорони инфиродиву олимону ходимони дин 54 ҳазор сомонӣ

ҷарима пешбинӣ мекунад. Дар сурати такрор аз 46 ҳазор то 86 ҳазор сомонӣ ҷарима карда мешаванд. Дар назар аст, ба ин моддаи Кодекс низ тағйиру иловаҳо ворид шавад, вале ҳоло маълум нест, ҷарима тағйир мекунад ё не.

Дар як видеое, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, дар даромадгоҳи яке аз беморхонаҳо ба занҳои сатру ҳиҷобпӯш мегӯянд, ки бо ин либос 3500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд. Як мард ҳамроҳи чанд зани зоҳиран парастор аз занҳои коруфтодае, ки сатру ҳиҷоб доранд, мехоҳанд онро ба шакли рӯймолбандии ба гуфтаи онҳо тоҷикӣ тағйир диҳанд.

Радиои Озодӣ макони забти наворро муайян карда натавонист, вале дар яке аз дармонгоҳҳои Душанбе ба хабарнигорони радио дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, дар воқеъ чунин дастур гирифтаанд, ки занону духтарони сатру ҳиҷобпӯшро ба дохили дармонгоҳ роҳ надиҳанд.

Ҳарчанд тарҳи нави тағйиру иловаҳо баъд аз таъйиди аъзои Маҷлиси Миллӣ ва имзои он аз сӯйи раисҷумҳур эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад, аз ҳоло шаҳрвандонро барои иҷрои он маҷбур мекунанд. Ин қонун ва қонунгузории дигари Тоҷикистон муқаррар накардааст, ки манзур аз "либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона" чист?

Фарҳангшиносон мегӯянд, либоси миллӣ бояд ба замони худ мувофиқат кунад. "Либоси миллӣ шояд барои аз даст надодани баъзе унсурҳои фарҳанги миллӣ муҳим бошад. Либоси миллии мо ҳар вақт тағйир меёфт. Дар замони Шӯравӣ унсурҳои русӣ дошт. Ҳозир ба Аврупо равам, як рӯз миллӣ мепӯшам, як рӯз аврупоӣ. Яъне, озодӣ дар либоспӯшӣ низ бисёр муҳим аст. Ин маънои инро надорад, ки ин як қоида бошад, қонун бошад, ки ман аз ҳамин либос берун набароям," – гуфт фарҳангшинос Мунира Шаҳидӣ.

Коршиносон мегӯянд, зоҳиран манзури қонун аз либоси миллӣ пӯшиши занҳо аст, ҳарчанд дар худи қонун ишорае ба либоси зан ё мард нест. Аз сӯйи дигар дар Тоҷикистон андешаи яксон дар мавриди чигунагии либоси миллӣ вуҷуд надорад.

Ромиш Одиназода, тарроҳи либосҳои миллӣ, бар ин аст, ки "либоси миллӣ аз либоси аврупоӣ бо он фарқ мекунад, ки дар либоси миллӣ нақшу нигори тоҷикӣ дохил карда шудааст. Аз аврупоӣ фарқияташ дар ҳамин аст, ки либоси миллӣ на кӯтоҳ бошаду на беостин."

Баъзе аз сокинон дар Душанбе ҳангоми назарпурсии хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфтанд, барояшон пӯшидани либоси мувофиқи завқашон роҳаттар аст ва ҳар кас мувофиқи таъбаш либос бипӯшад, на маҷбурӣ.

Тарҳи қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросим" аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба порлумон ворид шуд ва вакилон ҳам бе баҳс онро пазируфтанд. Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, дар ҳузури вакилон ҳадафи ин тағйиротро "беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон" номидааст.

Қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" дар соли 2007 низ аз сӯйи раисҷумҳур пешниҳод шуда буд. Ҳоло қонун дар 6 боб ва 22 модда таҳия шудааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

То 65 000 сомонӣ ҷарима барои либоси "бегона"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00

Дар Тоҷикистон солҳо боз маъракаи тарғиби либоспӯшии миллӣ ва ҷилавгирӣ аз тақлидкорӣ ба либосҳои бегона идома дорад. "Тавсияҳо"-и мақомот қаблан бештар ба чодарҳои сиёҳ ва либосҳои мазҳабӣ рабт мегирифт ва қишри муҳофизакори ҷомеа онро "исломситезӣ" маънидод мекарданд. Дертар ба ин феҳрист домани кӯтоҳ ё "мини-юбка" низ ворид шуд, вале зуд ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт.

XS
SM
MD
LG