Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гапи Озод: Чаро ҳиҷоб дар Тоҷикистон масъалаи ҷанҷолӣ аст? ВИДЕО


Дар акс: Нилуфар Раҷабова, Мирзонабии Холиқзод ва Маҳбуба Азимова
Дар акс: Нилуфар Раҷабова, Мирзонабии Холиқзод ва Маҳбуба Азимова

Ҳиҷоб ва ё сатру рӯсарӣ чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон масъалаи ҷанҷолӣ шудааст. Баъзеҳо онро "фарҳанги бегона" ва баъзеи дигар "амри Худованд" меноманд.

Масъала танҳо хоси Тоҷикистон нест ва дар бисёре аз кишварҳо низ мавзӯи баҳс аст, аммо Созмони Милали Муттаҳид барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таҳкими тоқатпазирӣ якуми февралро Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб эълон кардааст.

Дар остонаи ин рӯз дар барномаи “Гапи Озод” мавзӯи ҳиҷобро бо Маҳбуба Азимова, сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон ва Нилуфар Раҷабова, сокини шаҳри Душанбе баррасӣ кардем.

  • Ҳиҷоб чист ва занон ҳиҷоб пӯшанд ё не?
  • Тоҷикистон кишвари демократист ва одамон дар интихоби либос озоданд. Ин ҳарф дуруст аст?
  • Китоберо таҳти унвони “Дастуруламали либосҳои миллӣ” нашр кардаанд. Мо “либоси миллӣ” гуфта чиро дар назар дорем?
  • Чаро дар пойтахт ва ноҳияҳои кишвар барои риояи либоси миллӣ рейдҳо ё тавре нармтар карда мегӯянд, маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода мешавад. Ин дахолат ба ҳаққи одамон нест?
  • Оё қонеъ шудан бо рӯймолбандии тоҷикӣ кофӣ нест? Чаро бояд занони тоҷик монанди занон дар Арабистони Саудӣ ё Эрону Туркия бояд ҳиҷоб пӯшанд?
  • Баъзе аз бонувон мегӯянд, шавҳар ё падарашон онҳоро маҷбур мекунанд, ки ҳиҷоб дошта бошанд. Ин то куҷо дуруст аст?
  • Баъзе аз хонандаҳо зери мақолаҳои Радиои Озодӣ дар мавзӯи ҳиҷобу либоси миллӣ менависанд, "Оё он занҳое, ки либосҳои нимаурён ба бар доранд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд? Ё "миниюбка" либоси миллист?"
  • Чӣ гуна мешавад, масъаларо ҳал ва ҳамаи тарафҳо ва ҷомеаро қонеъ ва ором кард?
Маҳбуба Азимова: "Дар ҳақиқат, ҷомеаи Тоҷикистон демократӣ ва озоду ҳуқуқбунёд аст. Вале розӣ шуда наметавонам, ки ҳар кас чӣ хеле хост, лисбос бипӯшад. Мо як дастурамали либосҳои тавсиявиро дуруст кардем. Дар боби даҳ ва ёздаҳи он либосҳои ҳарире, ки узви бадан метобад ё либосҳои тангу кӯтоҳе, ки хоси мо нест ё ҷоиз нест, манъ шудааст."
Нилуфар Раҷабова: "Либоси миллӣ, динӣ ва аврупоӣ. Ҳар кас мувофиқ ба хости худ интихоб мекунад. Ин ки ман рӯсарӣ мепӯшам, худро роҳат ҳис мекунам. Вақте ба кӯчаҳо мебароям, мардум камтар таваҷҷуҳ мекунанд ва аз гаппартоиҳо эмин мемонам. Барои ман пӯшидани рӯсарӣ "комфорт" аст. Вале агар ҳама либоси миллӣ ба бар кунанд, ман ҳам мекунам."

Барои фаҳмидани ҷавоби бештар ин наворро бинед:

Гапи Озод: Чаро ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҷанҷолбарангез аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:23:12 0:00

Видеоро дар Ютуб ҳам дида метавонед:

XS
SM
MD
LG