Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар Эрон ва Амрикоро ба гуфтугӯ барои коҳиши танишҳо даъват кард


Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон оли Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар.
Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон оли Сонӣ, вазири умури хориҷии Қатар.

Вазири умури хориҷии Қатар рӯзи якшанбеи 9-уми июн бо ишора ба танишҳо дар Ховари Миёна гуфт, кишвараш дар ҳоли анҷом додани гуфтугӯҳои алоҳида бо Эрон ва Амрико барои коҳиши танишҳо дар минтақа мебошад.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон оли Сонӣ, ба хабарнигорон дар Лондон гуфт, "талош мекунем дар шикофи бамиёномада байни Эрон ва Амрико пуле эҷод кунем".

Вай айни замон аз Теҳрон ва Вашингтон хост, ки бо ҳам музокира ва мусолиҳа кунанд. Вазири умури хориҷии Қатар таъкид кардааст, "ҳар ду тараф тамоюле ба таниши бештар надоранд, пас бояд ба идеяҳое руй биоваранд, ки дарҳоро боз кунад".

Таниш байни Эрон ва Амрико аз ду моҳи гузашта ва пас аз фиристодани нови ҷангии Амрико ва ҳавопаймоҳои ҷангии он кишвар ба Халиҷи Форс афзоиш ёфт ва бо эълони таҳримҳои нави Вашингтон алайҳи Теҳрон, бештар шуд.

Таркиш дар чаҳор киштии нафткаш дар наздикии обҳои Фуҷайраи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бар ин танишҳо афзуд ва Амрико ҳамроҳ бо Иморот ва Арабистони Саудӣ Эронро ба даст доштан дар ин ҳодиса муттаҳам карданд. Эрон ин иттиҳомро радд кардааст.

Бо ин вуҷуд, раҳбарони Эрон ва Амрико гуфтаанд, ки хостори даргирӣ нестанд. Аз сӯи дигар, Амрико гуфтааст, ки омодаи гуфтугӯи бидуни ҳеҷ гуна шарт бо Эрон аст, то ба як созиши нави ҳастаӣ, мушакӣ ва нафтӣ, даст ёбанд.

Мақомҳои Эрон ҳар гуна гуфтугӯ бо ҳукумати Доналд Трампро рад кардаанд ва дар айни ҳол гуфтаанд, ки Вашингтон бояд ба созиши ҳастаӣ бозгардад, таҳримҳоро бекор кунад ва эҳтироми Эронро ба ҷо орад.

Вазири умури хориҷии Қатар дар мусоҳибаи рӯзи якшанбеи худ изҳор дошт, ки шуморе аз кишварҳо, аз ҷумла Қатар, Ҷопон, Ироқ ва Уммон барои миёнҷигарӣ ва коҳиши танишҳо, эъломи омодагӣ кардаанд.

Шайх Муҳаммад бин Абдураҳмон оли Сонӣ изҳор дошт, "ҳамаи ин кишварҳо нигаронанд, ки танишҳо ба куҷо мерасад. Қатар ва бархе кишварҳо талош доранд то танишҳоро коҳиш диҳанд. Мо бо Амрико ва ҳамчунин Эрон сӯҳбат кардаем".

Ҳамзамон бо ин талошҳо, вазири умури хориҷии Олмон ҳам вориди Теҳрон шудааст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Олмон гуфтааст, ки сафари вазири умури хориҷии он кишвар ба Эрон, бахше аз барномаи сафари ӯ ба Ховари Миёна аст ва вай дар ин сафар "дар бораи нақши Теҳрон дар минтақаи пуртаниши Ховари Миёна ва созиши ҳастаӣ", гуфтугӯ хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон бо ишора ба ин, ки "Олмон нақши се кишвари аврупоӣ дар созиши ҳастаиро пайгирӣ мекунад, гуфт, "мо дар ҳамин чаҳорчӯба бо вай гуфтугӯ хоҳем кард".

Қарор аст рӯзи чаҳоршанбеи 12-уми июн нахуствазири Ҷопон ҳам ба Теҳрон сафар кунад. Расонаҳои байналмилалӣ мегӯянд, ки ин сафари нахуствазири Ҷопон ба ҳадафи миёнҷигарӣ миёни Амрико ва Теҳрон, сурат мегирад.

Вобаста

XS
SM
MD
LG