Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори коҳиши танишҳо байни Эрон ва Амрико шуд


Созмони Милали Муттаҳид аз афзоиши таниш байни Эрон ва Амрико нигаронӣ кардааст. Вокуниши СММ дар пайи ҳамлаи мушакӣ ба "Минтақаи сабз"-и Бағдод-пойтахти Ироқ, изҳороти нави Доналд Трамп ва вокуниши мақомҳои Эрон иброз шудааст.

Доналд Трамп рӯзи якшанбе дар "Тветтер"-и худ навишт, "агар Эрон даргирӣ мехоҳад, ин поёни расмии Эрон хоҳад буд. Ҳаргиз Амрикоро дубора таҳдид накунед". Вазири умури хориҷии Эрон дар вокуниш навишт, ки Трамп, ҳукумати ӯ ва ҳомиёни минтақавии он "умед доранд ба чизе даст ёбанд, ки Искандар, Чингиз ва дигар таҷовузгарон дар он ноком будаанд".

Стефан Дюжаррик, сухангӯи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, "мо аз афзоиши суханони тунд нигарон ҳастем". Оқои Дюжаррик бо ишора ба мушакҳои партобшуда ба наздикии сафорати Амрико дар "Минтақаи сабз"-и Бағдод, ин масъаларо "мояи нигаронӣ" донистааст.

Шоми якшанбе Хадамоти амниятии Ироқ аз таркиши як мушак дар "Минтақаи сабз"-и Бағдод хабар доданд. Ин таркиш талафоте дар пай надошт. Дар вокуниш Ситоди фармондеҳии марказии Амрико гуфта буд, "дар сурате, ки ҳар ҳамлаи ба ин монанд аз тарафи гурӯҳҳои тарафдори Эрон ва аъзои ин гурӯҳҳо анҷом шавад", Теҳронро масъул медонад.

Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо чанд соат пас аз ин ҳодиса, шуморе аз шахсиятҳо ва гурӯҳҳои шиаи Ироқ, аз ҷумла гурӯҳҳои наздик ба Эрон, ба мухолифати худ бо ҳар гуна ҷанг байни Эрон ва Амрико таъкид карданд ва аз табдил шудани Ироқ ба майдони ҷанг байни ин ду кишвар, ҳушдор доданд.

Сухангӯи дабири куллии СММ "аз ҳама тарафҳо" хостааст, "ҳамлаҳои лафзиро кам кунанд ва сатҳи иқдомоти худро низ коҳиш диҳанд".

Дар рӯзҳои гузашта танишҳо миёни Эрон ва Амрико ба таври чашмрас афзоиш ёфт ва ин эҳтимолро ба миён овард, ки байни ду кишвар даргирии низомӣ сурат мегирад. Аммо дар пай, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, "дар пайи ҷанг нест" ва раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон низ мегӯяд, "ҷанге рух нахоҳад дод".

Бо ин ҳол, шуморе аз мақомҳои баландпояи кишварҳои мухталиф хостори хештандорӣ ва дурӣ ҷустан аз изҳороте шуданд, ки мумкин аст ба шӯълавар шудани як даргирии низомӣ бианҷомад. Бинобар гузоришҳо, шуморе аз кишварҳо барои миёнҷигарӣ байни ду тараф, ибрози омодагӣ кардаанд.

Рӯзи душанбеи 20-уми май Маҷид Тахтравончӣ, сафири Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид дар номае ба дабири кулли ин ниҳод, навишт, мушкилоти печидаи феълии минтақа фақат аз "тариқи таомули созанда ва гуфтугӯ миёни кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс", ҳаллу фасл шуданӣ аст. Ӯ аз дабири кулли СММ хост "чатри чунин гуфтугӯи минтақаиро фароҳам созад".

Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз ба таври расмӣ вокунише ба номаи сафири Эрон нишон надодааст. Кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс низ ҳанӯз вокунише ба ҳузури эҳтимолӣ дар як гуфтугӯи чандҷониба нишон надодаанд.

Одил Ал-Ҷубайр, вазири мушовир дар умури хориҷии Арабистони Саудӣ авохири ҳафтаи гузашта гуфта буд, кишвараш "ҳар коре битавонад анҷом медиҳад, то пеши ҷанг гирифта шавад", аммо "агар тарафи дигар ҷангро интихоб кунад, подшоҳии Саудӣ бо тамоми нерӯ ва азми қатъӣ ба он вокуниш нишон хоҳад дод".

Рӯзи душанбеи 20-уми май Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, моил ҳаст, "ҳар вақт Эрон омода бошад, вориди музокира ва гуфтугӯ шавад. Аммо раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон гуфтааст, аз музокира бо ҳукумати феълии Амрико хушбин нест. Аз он ҷо, ки тасмимгирандаи ниҳоӣ дар мавриди масоили сиёсии калон дар Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ мебошад, ҳанӯз маълум нест, ки гуфтугӯҳои эҳтимолӣ байни Теҳрон ва Вашингтон то чӣ ҳад ва чӣ вақте шуданӣ бошад.

Эрон ва Амрико робитаҳои дипломатӣ надоранд ва маъмулан гуфтугӯҳо байни онҳо аз тариқи кишвари савум, монанди Уммон, анҷом шудааст. Рӯзи душанбеи 20-уми май вазири умури хориҷии Уммон ба таври ғайричашмдошт ба Эрон сафар кард. Дар ҳоли ҳозир ҷузъиёте аз ин сафар ва сабабҳои он мунташир нашудааст.

XS
SM
MD
LG