Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Ба Ховари Миёна 1500 нерӯи нав мефиристем"


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Дар ҳоле ки таниш байни Теҳрону Вашингтон шиддат гирифтааст, Доналд Трамп, президенти Амрико гуфт, ба Ховари Миёна 1500 нерӯи тоза мефиристад. Вале исрор кард, ки онҳо "асосан нақши мудофиавӣ" хоҳанд дошт.

Изҳороти Трамп рӯзи 24-уми май дар остонаи сафараш ба Ҷопон ва ба дунболи баёнияи Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико садо дод. Помпео гуфт, маъмурияти Трамп нақша дорад барои пешгирӣ аз "дастдарозии Эрон" ба Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Урдун ба маблағи 8,1 миллард доллар силоҳ фурӯшад.

Амрико моҳи гузашта киштӣ ва ҳавопаймоҳои ҷангии худро дар обҳои наздики Эрон ҷойгир кард ва бархе аз кормандони сафораташро дар Бағдод берун баровард.

Трамп рӯзи ҷумъа гуфт: "Мо мехоҳем, дар Ховари Миёна ҳифозат дошта бошем. Мо теъдоди нисбатан ками нерӯ мефиристем, бештар барои муҳофизат." Вай ҳамзамон афзуд, "ҳамакнун афроди бисёр боистеъдод ба Ховари Миёна мераванд, бубинем, чӣ мешавад."

Мақомоти Вазорати дифои Амрико дар дидор бо хабарнигорон бори аввал Эрон ва муттафиқонашро барои бомбборони киштиҳои нафткаш дар наздикии Имороти Муттаҳидаи Араб ва ҳамчунин ҳамлаи мушакӣ ба Ироқ ошкоро гунаҳкор карданд.

Майкл Гилдӣ, аз мақомҳои баландпояи артиши Амрико, гуфт: "Бо итминони зиёд метавон гуфт, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ масъули ҳамлаи ахир ба чаҳор киштии нафткаш аст."

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири дифои Амрико дар умури байналмилалӣ Кети Вилбарҷер гуфт, истиқрори нерӯҳо комилан бо ҳадафи мудофиа аст ва набояд Эронро барои анҷоми ҳамлаҳои изофӣ таҳрик диҳад.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон ирсоли нерӯҳои амрикоӣ ба Ховари Миёнаро барои сулҳи байналмилалӣ хатарнок хонд.

Хабаргузории ИРНА рӯзи 25-уми май ба нақл аз Зариф навишт, "афзоиши ҳузури Амрико дар минтақаи мо хеле хатарзо аст ва ба сулҳу амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад ва бо бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад."

Муносибатҳои Теҳрону Вашингтон соли гузашта баъди хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ бад шуд. Созиши қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эрон соли 2015 ва дар даврони ҳукумати Барак Обама имзо шуда буд. Бар асоси он, қудратҳо таҳримҳои зидди Эронро лағв карданд ва Теҳрон барномаҳои ҳастаиашро коҳиш дод.

Маъмурияти Доналд Трамп баъди хуруҷ аз ин созиш, дубора зидди Эрон таҳримҳои нав ҷорӣ кард.

Дар Ховари Миёна беш аз 70 ҳазор нерӯи амрикоӣ ҳузур доранд. Маъмурияти Доналд Трамп омодагии худро барои пешниҳоди аслиҳаи зиёд ба рақибони асосии Эрон дар минтақа – Саудӣ, Иморот ва Урдун – изҳор дошт. Ҳадди ақал як сенатори амрикоӣ аз ин тасмим ба шиддат интиқод кард. Вале дар изҳороти Помпео рӯзи 24-уми май гуфта шуд, ки онҳо қонунгузоронро “канор мегузоранд” ва дар масаъалаи фурӯши аслиҳа пеш мераванд.

"Ин муомила аз муттаҳидони мо пуштибонӣ мекунад, субот дар Ховари Миёнаро тақвият мебахшад ва ба ин кишварҳо ёрӣ мерасонад, то аз Ҷумҳурии Исломи Эрон ҷилавгирӣ ва худро муҳофизат кунанд", -- гуфт Помпео.

XS
SM
MD
LG