Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони Амрико хостанд, онҳоро аз иқдомҳо бо Эрон бехабар намонанд


Ненси Пелоси мегуяд, бехабар гузоштани Конгресс як "тамоюли кори" ҳукумати Трамп шудааст.
Ненси Пелоси мегуяд, бехабар гузоштани Конгресс як "тамоюли кори" ҳукумати Трамп шудааст.

Намояндагони вазорати дифо маълумоти махфӣ дар бораи барномаро рӯзи 16-уми май дар як нишасти паси дарҳо баста дар ихтиёри гуруҳи ҳаштнафарии вакилон гузоштаанд. Ин гуруҳ, ки «Дастаи ҳаштнафара» унвон гирифтаааст, аз чаҳор вакил аз Ҳизби Демократ ва чаҳор вакил аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ иборат аст.

Матбуоти Амрико мегӯяд, қарор аст, ҳафтаи оянда тамоми аъзои Сенат ва Маҷлиси Намояндагони Амрико доир ба ин барномаҳо маълумот бигиранд.

Марк Варнер, вакили демократ ва узви Кумитаи истихборотиии Маҷлиси намояндагон аз гузорише, ки шунид ҷузъиёте надод, вале гуфт, беҳтар аст, ки ҳукумати Амрико вакилонро дар бораи ҳаргуна хатари Эрон огаҳ кунад.

Ӯ ба хабарнигорон гуфт: “Ба фикри ман “Дастаи ҳаштнафара” бояд муқаррароти муайянеро нигоҳ дорад, вале муҳим аст, ки аъзои гуруҳ аз ин барномаҳо огаҳ бошанд.”

Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагон ва ҳам узви гуруҳи мазкур гуфт, бе маълумот гузоштани Конгресси Амрико барои ҳукумати феълӣ як “тамоюл” шудааст, ки дуруст нест ва танҳо Конгресс ҳаққи эълони ҷангро дорад.

Ӯ афзуд: “Умедворам, мушовирони раиси ҷумҳур дарк мекунанд, ки ҳеҷ салоҳияти иқдом ва аз ҳеҷ роҳ ба зидди Эронро надоранд.”

Бо афзоиши таниш байни Амрико ва Эрон, Вашингтон эълон кард, ки як нови ҷангӣ ва бомбаафканҳои худро ба Халиҷи Форс мефиристад, чун ба гуфтаи мақомоти Амрико, “аломатҳои возеҳи” таҳдиди Эрон ба манфиатҳои Амрико ва шариконаш дар минтақа дида мешавад.

Мақомоти Амрико ба шариконашон дар Аврупо гуфтаанд, ки тақвияти ҳузури нерӯҳо дар минтақа ҳаракати “муҳофизатӣ” дар посух ба чандин таҳдид аз Эрон аст.

Брайан Ҳук, намояндаи вижаи Амрико барои Эрон рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Вашингтон фақат талош дорад, “абзори маҳор дар минтақаро барқарор кунад ва мо барои ҷанг саъй надорем.”

Рӯзи 16-уми май вақте аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед пурсиданд, ки оё мумкин аст, таниш байни Амрикову Эрон ба ҷанг бикашад, гуфт: “Умедворам не.”

Бо лаҳни омехта бо таҳдид, Доналд Трамп аз раҳбарони Эрон хост, ба мизи музокира биншинанд. Ӯ рӯзи 16-уми май дар Твиттер навишт, бовар дорад, ки “Эрон ба зудӣ хоҳони музокира мешавад.”

Баъзе аз вакилони мардумии Амрико, ҳукумати Трампро ба он муттаҳам кардаанд, ки мехоҳад, Эронро ба ниқор гирифтан водор намояд.

Ҷим Ҳаймс, узви Кумитаи истихборотии Маҷлиси Намояндагон ва вакили Ҳизби демократ гуфт: “Ҳаракати аслиҳаи Эрон дар ин атроф чизи нав нест ва баъди онки мо ба онҳо гуруҳи ҷангӣ таҳдид мекунем, боиси тааҷҷуб нест, ки ин корашонро бо суръати тезтаре мекунанд. “

Марко Рубио, сенатор аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ иқдомоти Кохи Сафедро ҳимоят кард ва гуфт, ки дар бораи таҳдидҳои Эрон ба нерӯҳои амрикоӣ ва дигар таъсисот дар Ховари Миёна “иттилооти пайваста ва возеҳ мегиранд”.

Марко Рубио ҳангоми суханронӣ дар Сенат гуфт, нерӯҳои Эрон ва “дастнишондаҳояш дар минтақа барои нерӯҳои Амрико, амрикоиёни ғайринизомӣ дар Ироқ ва тамоми Ховари Миёна хатари ногузир эҷод мекунанд.”

Доналд Трамп баъди расидан ба қудрат дар соли 2017 мавқеи тундеро нисбат ба Эрон пеш гирифтааст. Ӯ моҳи майи соли 2018 Амрикоро аз созиши атомии соли 2015, ки 6 қудрати ҷаҳонӣ имзо гузоштанд, хориҷ кард. Бар асоси ин созиш, Эрон аз баъзе фаъолиятҳои атомиаш даст кашид ва таҳримот ба зидди онро сабук карданд.

Аммо Доналд Трамп вақти берун кардани Амрико аз созиш гуфт, ин санад ба қадре сахтгирона нест, ки монеи дастёбии Эрон ба бомби атомӣ шавад ва ҳам мушаксозиҳои Эрон ва ҳимоятҳои эҳтимолии он аз тундравон дар минтақаро сарфи назар кардааст.

Эрон ҳаракатҳои ахири Амрикоро “ҷанги равонӣ” номидааст ва Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, ки айни замон ҳеҷ имкони гуфтугӯ бо Амрико вуҷуд надорад.

Ӯ афзуд, ки бо вуҷуди даст кашидани Амрико аз созиш, Эрон ҳадди аксари хештандорӣ нишон додааст ва Вашингтонро ба шиддат бахшидани ғайриқобили қабули бӯҳрон муттаҳам кард.

XS
SM
MD
LG