Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико барномаи низомӣ ба зидди Эронро баррасӣ мекунад


Киштии ҷангии Амрико дар Ховари Миёна. Акс аз соли 2017
Киштии ҷангии Амрико дар Ховари Миёна. Акс аз соли 2017

Рӯзномаи "The New York Times" хабар дод, Кохи Сафед барномаҳои низомиеро баррасӣ мекунад, ки дар ҳоли ҳамлаи Эрон ба нирӯҳои Амрико ва ё тезондани фаъолияти ҳастаияш, фиристодани 120 000 сарбозро ба Ховари Миёна дар назар мегирад.

"The New York Times" ба нақл аз мақомоти давлатии Амрико, ки номашон бурда намешавад, рӯзи 13-уми май гуфт, барномаро Патрик Шанаҳан, иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои Амрико, ҳафтаи гузашта дар нишасте бо ёварони аршади президент Доналд Трамп пешниҳод кард.

Ба навиштаи "The New York Times" чандин барномаҳо пурра буданд ва “гузинаи болотарин” фиристодани 120 000 низомӣ будааст, ки иҷрои он ҳафтаҳо ва ё моҳҳоро дар бар хоҳад гирифт. Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар ин барномаҳо ҳамлаи заминӣ ба Эрон зикр нашудааст.

Қасри Сафед ва Пентагон дар бораи ин гузориш изҳори назар накардаанд. Айни замон таниш байни Амрико ва Эрон шиддат гирифтааст. Ҳафтаи гузашта Вашингтон эълон кард, ки киштии ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бомбаафкани худро ба Халиҷи Форс мефиристад, то дар ҳолати таҳдид аз сӯи Эрон ба Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймононаш пешгирӣ кунад.

Теҳрон гуфт, ки Вашингтон “ҷанги равонӣ”-ро ба роҳ мондааст. Эрон ҳамчунин эълон кард, ки баъзе аз уҳдадориҳои худро дар доираи созишномаи ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ боз медорад.

XS
SM
MD
LG