Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Агар Эрон хостори гуфтугӯ бошад, мо ҳам хостори он ҳастем"


Доналд Трамп рӯзи 27-уми май дар нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Ҷопон гуфтааст, "бовар дорам Эрон мехоҳад гуфтугӯ кунад, ва агар онҳо хостори гуфтугӯ бошанд, мо ҳам хостори он ҳастем". Тибқи бархе гузоришҳо, нахуствазири Ҷопон эҳтимолан ба Эрон сафар мекунад.

Изҳороти нави раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоле аст, ки таниш байни Эрон ва Амрико тайи ҳафтаҳои ахир рӯ ба афзоиш будааст. Ба хусус пас аз он, ки Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Доналд Трамп аз ирсоли нови ҷангӣ ё киштии ҳавопаймобар ба Ховари Миёна хабар дод, ин танишҳо боло гирифт.

Мақомоти амрикоӣ гуфтаанд, ки ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз "таҳдидҳо"-и Эрон алайҳи Амрико ва манофеи муттаҳидонаш, рӯи даст гирифта шуд.

Аммо Эрон ҳама гуна иттиҳомот дар ин робитаро мекунад ва вазири умури хориҷии Эрон низ гуфтааст, афроде монанди Ҷон Болтон, нахуствазири Исроил ва ё валиаҳди Арабистони Саудӣ хостори кашонидани Трамп ба ҷанг бар хилофи хоҳиши ӯ ҳастанд. Мақомҳои Амрико таъкид кардаанд, ки касе дар ҳукумати он кишвар хостори ҷанг бо Эрон нест.

Бо вуҷуди бархе ҳушдорҳо ва таҳдидҳои лафзӣ байни ду тараф, ҳам Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, дунболи ҷанг нестанд ва ҳам Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон мегӯяд, ки ҷанге рух нахоҳад дод.

Раиси ҷумҳури Амрико дар нишасти хабарии муштарак бо Шинзо Абе дар Токио гуфт, нахуствазири Ҷопон дар мавриди Эрон бо ӯ сӯҳбат кардааст. "Хоҳем дид, чӣ пеш хоҳад омад, вале медонам, ки нахуствазири Ҷопон дар воқеъ робитаи хеле наздик бо дастгоҳи раҳбарии Эрон дорад". Ӯ афзуд, "ҳеҷ касе, ба хусус худи ман, намехоҳад шоҳиди рӯй додани иттифоқи ногуворе бошад".

Ҳарчанд Трамп шарҳи бештаре дар мавриди "робитаҳои наздик"-и Токио ва Теҳрон надод, аммо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ахиран ба Ҷопон сафар кард ва бархе расонаҳои дохилии Ҷопон низ аз сафари эҳтимолии нахуствазири он кишвар ба Теҳрон хабар доданд.

Бархе расонаҳои Ҷопон рӯзи ҷумъа ба нақл аз як мақоми давлатии он кишвар гуфта буданд, ки оқои Абе дар ҳоли баррасии як сафари эҳтимолӣ ба Теҳрон аст, то ба мақомҳои баландпояи Эрон гуфтугӯ кунад ва ба коҳиши танишҳо байни Ҷумҳурии исломӣ ва Амрико ёрӣ бирасонад.

Ин расонаҳо навиштанд, ки нахуствазири Ҷопон пас аз сафари Трамп ба Токио ва машварат бо ӯ, тасмими ниҳодии худро дар ин маврид хоҳад гирифт. Ин гузоришҳо то ҳанӯз аз сӯи мақомҳои расмии Ҷопон ва Эрон таъйид нашудаанд.

Доналд Трамп қаблан низ масъалаи музокира бо Эрон, аз ҷумла расидан ба созиши шомил бо Теҳронро матраҳ карда буд. Доналд Трамп аз мухолифони сарсахти созиши ҳастаӣ бо Эрон мебошад ва моҳи майи соли 2018 Амрикоро аз ин тавофуқ берун кард ва алайҳи Теҳрон таҳримҳо ҷорӣ намуд.

Мақомҳои Ҷумҳурии исломӣ ҳанӯз ба гуфтугӯ бо Амрико майле нишон надодаанд. Раҳбари ҷумҳурии исломии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ музокира бо ҳукумати феълии Амрикоро "заҳрогин" гуфтааст. Президенти он кишвар Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтааст, "ҳарчанд "тарафдори гуфтугӯ аст", аммо "шароити имрӯз шароити музокира нест".

Форуми Фейсбук

XS
SM
MD
LG