Малик Салмон бин Абдулазиз ҳамчунин гуфтааст, Эрон бо ба хатар андохтани боркашонии баҳрӣ, "паймонҳои байналмилалӣ"-ро ба таври ошкор нақз кардааст. Нишасти изтирории "Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс" бо дархости Арабистони Саудӣ шоми панҷшанбеи 30-юми май дар шаҳри Макка баргузор шуд. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки таниш байни Эрон ва Амрико дар ҳафтаҳои ахир боло гирифтааст.
Мақомҳои амрикоӣ мегӯянд, Сипоҳи посдорони Эрон "ба эҳтимоли наздик ба яқин" дар ҳамла ба чаҳор киштии нафткаш дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, даст доштааст. Дар ҳамин ҳол, ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини гурӯҳи Ҳусӣ дар Яман ба ду коргоҳи нафтӣ дар Арабистони Саудӣ, вокуниши сахти Риёз алайҳи Эронро дар пай доштааст.
Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ ҳам рӯзи панҷшанбе хостори посухи "қотеъ" ба "амалиёти харобкорӣ" алайҳи киштиҳои нафткаш дар соҳилҳои Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва ҳимояти Эрон аз ҳусиҳо дар Яман шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф ҳадаф аз ин "ҳамлаҳои машкук"-ро афзоиши таниш дар минтақа зикр кард ва Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷӣ низ иттиҳоми даст доштани Ҷумҳурии исломӣ дар чунин ҳамлаҳоро "хандаовар" хондааст.
Подшоҳи Саудӣ: "Бояд пеши роҳи Эронро гирифт"
Малик Салмон бо ишора ба ин, ки "мо барои муқобила бо ҳамаи чолишҳо бо якдигар ҳамкорӣ хоҳем кард", изҳор дошт, "ҳукумати Эрон дар умури дохилии кишварҳо дахолат мекунад, барномаи ҳастаии худро рушд медиҳад ва озодии боркашонии баҳриро ба хатар меандозад".
Подшоҳи Арабистони Саудӣ ҳамчунин гуфт, ҳукумати Эрон чор даҳа аст дар минтақа даст ба амалҳои вайронгарона мезанд ва нагирифтани мавзеи қотеъ дар муқобили "иқдомоти харобкоронаи Эрон" боис шудааст, "то бо вазъияте, ки имрӯз шоҳиди он ҳастем, рӯбарӯ шавем".
Вай таъкид кард, ки Арабистони Саудӣ хоҳони амният ва субот дар минтақа ва ҳамчунин дур кардани сояи шуми ҷанг аз минтақа аст ва ба ҳамин сабаб, ҳамеша дасти худро барои сулҳ ба сӯи ҳама дароз мекунад.
Малик Салмон дар идома гуфтааст, "ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бо истифода аз ҳамаи абзорҳо, аз иқдомоти Эрон барои мудохила дар умури дохилии дигар кишварҳо, фиристодани террористҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ, ва таҳдид алайҳи киштиронӣ дар обҳои байналмилалӣ, пешгирӣ кунад".
Вокуниши Эрон
Чанд соат пас аз нашри баёнияҳои поёнии ду нишасти арабӣ ва минтақавӣ дар Макка, Эрон аз онҳо ба шиддат интиқод кард. Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон аз ин ки Арабистони Саудӣ "аз шароити мизбонӣ", "фурсати моҳи мубораки Рамазон" ва "ҷойгоҳи муқаддаси Макка" ба гуфтаи ӯ, "сӯистифода" кард, ибрози таассуф намуд.
Ба гузориши ИРНА --хабаргузории расмии Ҷумҳурии исломии Эрон, Аббос Мусавӣ "иттиҳомоти беасос" дар баёнияи поёнии ин нишастҳоро рад ва маҳкум кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон айни замон гуфтааст, ки беҳтар аст кишварҳои арабӣ ва исломӣ ба ҷои ин гуна баёнияҳо, аз ҳуқуқи мардуми Фаластин дифоъ кунанд.
Эрон ва Арабистони Саудӣ аз моҳи январи соли 2017 дар пайи ҳамлаи эътирозгарон ба сафорати Саудӣ дар Теҳрон ва консулгарии он кишвар дар Машҳад робитаҳои дипломатӣ надоранд ва таниш байни ду кишвар боло гирифтааст.
Саудӣ мизбони се нишаст дар ду рӯз
Арабистони Саудӣ аз панҷшанбе то ҷумъа мизбони се нишасти муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ бо ҳузури сарон ва мақомҳои кишварҳои араб ва мусалмон аст. Ба навиштаи хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", подшоҳи Арабистони Саудӣ бо даъват аз раҳбарони кишварҳои араб ва мусалмон ба Макка, ба навъе вазни худро дар муқобили Ҷумҳурии исломии Эрон ба намоиш мегузорад.
Дар нишасти изтирории Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс раҳбарони Кувейт ва Баҳрайн, ҳамчунин мақомоти баландпояи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Уммон ва Қатар ҳузур доштанд.Билофосила пас аз ин, нишасти изтирории "Иттиҳодияи Араб" баргузор шуд. Ин иттиҳодия 22 узв дорад ва узвияти Сурия бекор шудааст.
Қарор аст нишасти "Созмони ҳамкориҳои исломӣ" ҳам рӯзи ҷумъа дар Макка баргузор шавад.