Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои даври панҷуми лигаи олии футболи Тоҷикистон


Бозиҳои даври панҷуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбеи 4-уми май баргузор мешаванд. Ҳарчор бозӣ соати 17:00 оғоз меёбад.

Бозии марказии даври панҷум дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дастаи мизбон – “Хуҷанд” , ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, бо тими “Кӯктош”, барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти соли гузашта, рақобат мекунад.

Се бозии дигари даври панҷуми лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбе миёни дастаҳои «Панҷшер» – «Истиқлол», «Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» ва «Истаравшан» – ССКА «Помир» доир мегардад.

Баъди натиҷагирии чаҳор даври мусобиқот “Истиқлол”, қаҳрамони Тоҷикистон, ки нӯҳ имтиёз гирифтааст, дар ҷадвал мақоми аввалро касб намудааст. Зимнан, “Истиқлол” ягона дастаест, ки бохт надорад. “Хуҷанд” ва “Кӯктош” бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 5-ум

4 май (шанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:00

«Панҷшер» – «Истиқлол»

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Ҷалолиддини Балхи, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов

«Хуҷанд» – «Кӯктош»

Сардовар: Беҳрӯз Муртазоев (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ»

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

«Истаравшан» – ССКА «Помир»

Сардовар: Абдурашид Муродов (Турсунзода).

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

4

3

1

0

13-4

10

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

4

2

1

1

6-4

7

3

«Кӯктош» (Рӯдакӣ)

4

2

1

1

7-6

7

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

4

2

0

2

6-7

6

5

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

4

2

0

2

4-5

6

6

«Хатлон» (Бохтар)

4

1

1

2

3-5

4

7

«Истаравшан» (Истаравшан)

4

1

0

3

4-9

3

8

ССКА «Помир» (Душанбе)

4

0

2

2

1-4

2

Нишонзанҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев («Истиқлол»), Бахтовар Зокиров («Истаравшан»), Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ») – 3-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG