Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бори ҳаштум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид


Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон-2019 дастаи «Хуҷанд»-шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, барои бори ҳаштум ин ҷоизаи ифтихориро соҳиб шуд.

Бозии даҳуми ҷашнӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии футболи Тоҷикистон шаби ҷумъаи 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе миёни «Истиқлол», қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 ва «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар, бо ҳузури беш аз 7000 тамошогар зери борони сахт доир гардид.

Мизбонон ба дарвозаи меҳмонон се голи беҷавоб заданд. Ду голро легионер аз Арманистон Руслан Корян ба самар расонид. Боз як голи “Истиқлол”-ро ҳамлагар Шаҳром Самиев, ки Корянро иваз намуд, ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид кард.

Ҳаким Фузайлов, сармураббии «Истиқлол», ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон ин бозии ҳайсиятӣ, оғози мавсими бузурги футбол дар кишвар ва озмоиши хуб пеш аз шуруъи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё) буд.

“Ин дувумин ҷоизаест, ки даста дар мавсими имсола соҳиб шуд. Аз ин пеш “Истиқлол” барандаи Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2019 шуда буд. Моро мусобиқоти аслӣ - Ҷоми АФК ва чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ - дар пеш аст”, - иброз дошт Ҳаким Фузайлов.

Нуъмонҷон Юсупов, сармураббии “Хуҷанд”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳор дошт, ки ҳарчанд дастааш кӯшиши ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистонро кард, вале дафъаи сеюм низ ин ҷоизаи ифтихориро соҳиб шуда натавонист.

“Мутаассифона, се дафъа - солҳои 2016, 2018 ва 2019 - мо бозиро ба «Истиқлол» бохтем ва натавонистем, ки Суперҷомро соҳиб шавем. Минбаъд мекӯшем, ки дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АФК ва чемпионати Тоҷикистон хуб бозӣ карда, хотири ҳаводоронамонро шод гардонем”, - гуфт Нуъмонҷон Юсупов.

Бояд тазаккур дод, Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори даҳум барпо гардид. Ҳамагӣ се даста Ҷоми олиро ба даст овардааст. «Истиқлол» ҳашт бор (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018 ва 2019) Суперҷомро соҳиб шудааст. Дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб (2013) ва “Ҳосилот”-и Фархор (2017) якборӣ дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон ғолиб шудаанд.

Бояд гуфт, ки рӯзи чоршанбе, 3-юми апрел, «Истиклол» ва «Хуҷанд» боз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Ин дафъа онҳо дар доираи даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 бо ҳам рақобат мекунанд. Бозӣ соати 19:00 оғоз меёбад.

Суперҷоми Тоҷикистон - 2019

29-уми март (ҷумъа)

«Истиқлол» – «Хуҷанд» -3:0

Голҳо: Руслан Корян, 38 – аз пеналтӣ (1:0). Руслан Корян, 50 (2:0). Шаҳром Самиев, 90+3 (3:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Искандар Ҷалилов, Алексей Ларин, Ҷалил Кимсанов (Бахтиёр Қаландаров, 75), Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Михайло Сакич (Эҳсони Панҷшанбе, 58), Алишер Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Комрон Турсунов, Амирбек Ҷӯрабоев (Муҳаммадҷон Раҳимов, 64), Руслан Корян (Шаҳром Самиев, 58).

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Давид Купатадзе, Манучехр Аҳмадов, Давронҷон Эргашев, Асилҷон Бегимқулов, Торнике Ҷимшелеишвили, Фирдавс Чақалов (Амирҷон Раҳимов, 83), Ойбек Абдғаффоров, Бахтиёр Чориев (Ҳоҷибой Зиёев, 77), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров (Турсуналӣ Рустамов, 61), Дилшод Восиев (Дилшодҷон Каримов, 61).

Огоҳӣ гирифтанд: Михайло Сакич, Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Асилҷон Бегимқулов, Фирдавс Чақалов, Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»).

Бозигари беҳтарини дидор: Руслан Корян («Истиқлол»).

Сардовар: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири доварон: Равшан Ишматов (Бохтар).

Комиссари бозӣ: Беҳрӯз Айниддинзода (Бохтар).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, 7200 тамошогар.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2019):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012«Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013«Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015«Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:2. Аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016«Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2017 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Ҳосилот» (Фархор) – 1:2

2018 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:2

2019 - «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:0

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG