Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик футболбозони хориҷиро аз пардохти андоз озод карданд


Бозигарони аз кишварҳои африқоӣ дар дастаҳои Тоҷикистон зиёд бозӣ мекунанд.
Бозигарони аз кишварҳои африқоӣ дар дастаҳои Тоҷикистон зиёд бозӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон аз ин пас аз футболбозон ва мураббиёни хориҷӣ, ки ба дастаҳои дохилӣ ҷалб мешаванд, андоз намеситонанд.

Вакилони мардумӣ рӯзи 15-уми апрел Қонуни буҷаи соли 2019 – ро ислоҳ карданд, ки бар асоси он «мураббиён ва бозигарони хориҷӣ, ки барои рушди футбол ва клубҳои футбол ҷалб мешаванд, аз пардохти андоз аз даромад озод хоҳанд буд.”

Дар ҳайати ҳафт дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 21 легионер ё футболбози хориҷӣ бозӣ мекунад, ки намояндагони нӯҳ кишвар – Арманистон, Гана, Гурҷистон, Қирғизистон, Русия, Сербия, Узбекистон, Украина ва Эрон - мебошанд. Музди онҳоро то кунун ошкор накардаанд.

Дар байни кишварҳое, ки футболбозонашон ба Тоҷикистон омадаанд, Узбекистон дар мақоми аввал аст. Аз ин кишвар ҳафт бозигар шарафи бошгоҳҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Кӯктош» -и Рӯдакӣ ва «Истаравшана»-и Истаравшанро ҳимоят мекунад.

Аз Гана 5 футболбоз, аз Русия ва Гурҷистон 2-нафарӣ, аз Арманистон, Қирғизистон, Сербия, Украина ва Эрон якнафарӣ намоянда дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунанд. Легионерҳои футболи тоҷик мегӯянд, ҳарчанд маоши баланде намегиранд, аз шароити буду бошашон дар Тоҷикистон қаноатманданд.

XS
SM
MD
LG