Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бистуяк легионер дар лигаи олии Тоҷикистон. САДО


Дар ҳайати ҳафт дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 21 легионер ё футболбози хориҷӣ бозӣ мекунад, ки намояндагони нӯҳ кишвар – Арманистон, Гана, Гурҷистон, Қирғизистон, Русия, Сербия, Узбекистон, Украина ва Эрон - мебошанд.

Дар байни кишварҳое, ки футболбозонашон ба Тоҷикистон омадаанд, Узбекистон дар мақоми аввал аст. Аз ин кишвар ҳафт бозигар шарафи бошгоҳҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе, «Хуҷанд»-и Хуҷанд, «Кӯктош» -и Рӯдакӣ ва «Истаравшана»-и Истаравшанро ҳимоят мекунад.

Легионерҳои футболи тоҷик мегӯянд, ҳарчанд маоши баланде намегиранд, аз шароити буду бошашон дар Тоҷикистон қаноатманданд.

Аз Гана 5 футболбоз, аз Русия ва Гурҷистон 2-нафарӣ, аз Арманистон, Қирғизистон, Сербия, Украина ва Эрон якнафарӣ намоянда дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бозӣ мекунанд.

Дар миёни легионерҳо 8 нафарашон нимҳимоятгар, 6 нафарашон ҳимоятгар, 4 нафарашон дарвозабон ва 3 нафари дигар ҳамлагаранд.

Дар ҳайати дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳама бештар – шаш легионер - бозӣ мекунад, ки се нафарашон аз Гана ва се нафари дигар аз Узбекистон мебошанд.

Бистуяк легионер дар лигаи олии Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
Линки мустақим

Дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» дар ҳайати худ 4-легионерӣ, ССКА «Помир»-и Душанбе 3 легионер, «Истаравшан» 2 легионер, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Балхӣ якнафарӣ бозигарони хориҷӣ доранд. Ягона дастае, ки аз хидмати легионерҳо даст кашидааст, «Хатлон»-и Бохтар мебошад.

Ҳамлагар Муҳиддин Одилов, ки аз Узбекистон аст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ман дар дастаи ҷавонони Академияи футболи “Пахтакор”-и Тошканд тарбия ёфтаам. Соли дуюм аст, ки дар чемпионати Тоҷикистон дар дастаи “Кӯктош” бозӣ мекунам. Аз он хушҳолам, ки соли гузашта дар ҳайати ин даста соҳиби медали биринҷӣ гардидам. ”

Легионерҳои футболи тоҷик мегӯянд, ҳарчанд маоши баланде намегиранд, аз шароити буду бошашон дар Тоҷикистон қаноатманданд. Ҳимоятгар Принс Артур аз Гана аз ҷумлаи онҳост. Ӯ се сол аст, ки дар дастаи “Кӯктош” бозӣ мекунад. Ба назар мерасад, ки ба шароити Тоҷикистон хуб одат кардааст. Аллакай бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанад.

“Ман 22-сола ҳастам. Бо агент кор мекунам. Ӯ гуфт, ки ба Тоҷикистон биё, ман омадам. Инҷо раҳбарияти даста ва бозигарон бо мо муносибати хуб доранд”, - изҳор намуд Принс Артур.

Ба назари бархе аз коршиносону мутахассисони футболи тоҷик даъвати легионерҳо ба бошгоҳҳои кишвар хуб аст ва метавонад ба боло рафтани сатҳи бозии футболбозони маҳаллӣ кӯмак кунад.

Вале Тоҳирҷон Муъминов, сармураббии дастаи “Истаравшан”, ки имсол боз ба лигаи олӣ баргашт, мегӯяд, “легионер бояд аз бозигарони маҳаллӣ як сару гардан боло бошад. Агар мо легионерҳои дуюмдараҷаро даъват кунем, маъние надорад. Сатҳи бозии легионер бояд баланд бошад. Дар он сурат ӯро мешавад легионер гуфт.”

Руслан Корян.
Руслан Корян.

Зимнан, бо дарназардошти регламент ё дастури Лигаи футболи Тоҷикистон дар ҳайати ҳар як даста дар ҷараёни ҳар як бозии мусобиқоти қаҳрамонии кишвар дар як вақт метавонад чаҳор легионер дар майдон бошад.

Дар байни легионерҳои имсола ҳамлагари 30-сола аз Арманистон Руслан Корян, ки дар дастаи «Истиқлол» бозӣ мекунад, аллакай бо ҳунари волояш шуҳрат пайдо кардааст. Ӯ дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 ва бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон ба дарвозаи дастаи «Хуҷанд» дуголӣ зада, дар ҳарду дидор бозигари беҳтарин эътироф шудааст.

Корян, ки узви дастаи мунтахаби миллии футболи Арманистон аст, мегӯяд, ки гол задан ҳамеша гуворост. “Дар чаҳор голи задаам ҳамаи ҳамдастаҳоям саҳмгузоранд, зеро футбол бозии дастаист. Аз он хушҳолам, ки дар ҳарду бозӣ мухлисон моро хуб дастгирӣ карданд. Ба онҳо изҳори сипос менамоям. Моро бозиҳои зиёд дар пеш аст ва бовар дорам, ки алоқамандонро борҳо хурсанд хоҳем кард. Маро дар дастаи “Истиқлол” бачаҳо хуб истиқбол намуданд. Дар инҷо ба ман ҳама чиз мақбул аст”, - иброз дошт Руслан Корян.

Рӯйхати легионерҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон- 2019 миёни дастаҳои лигаи олӣ :

«Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 6 легионер: Ишмеал Клотей (дарвозабон, Гана), Принс Артур (ҳимоятгар, Гана), Мисиам Иносент (нимҳимоятгар, Гана), Муҳиддин Одилов, Нодирбек Иброҳимов, Бунёд Шодиев (ҳарсе нимҳимоятгар, Узбекистон).

«Истиқлол» (Душанбе) – 4 легионер: Алексей Ларин (ҳимоятгар, Украина), Ҷалил Кимсанов (ҳимоятгар, Узбекистон), Михайло Сакич (нимҳимоятгар, Сербия), Руслан Корян (ҳамлагар, Арманистон),

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4 легионер: Давид Купатадзе (дарвозабон, Гурҷистон), Торнике Ҷимшелеишвили (ҳимоятгар, Гурҷистон), Асилҷон Бегимқулов (ҳимоятгар, Узбекистон), Турсуналӣ Рустамов (ҳамлагар, Қирғизистон),

ССКА «Помир» (Душанбе) – 3 легионер: Егор Хохлов (дарвозабон, Русия), Михаил Зайтсев (нимҳимоятгар, Русия), Эйя Эдвард (ҳамлагар, Гана).

«Истаравшан» (Истаравшан) – 2 легионер: Тулқинҷон Умаров (ҳимоятгар, Узбекистон), Ҷамшед Ҳасанов (нимҳимоятгар, Узбекистон),

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1 легионер: Акбари Шелдорӣ Ораш (нимҳимоятгар, Эрон).

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) – 1 легионер: Куайе Годсон (дарвозабон, Гана).

XS
SM
MD
LG