Комиссиюни вакилони Федератсиони байналмилалии футбол (FIFA) тасмим гирифт, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол миёни бозигарони то 17-соларо интиқол бидиҳад. Дар ин бора хадамоти матбуотии ин ташкилот хабар додааст.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2019-ро мебоист Перу баргузор мекард. Вале вакилони FIFA дар ҷараёни ташрифи худ ба макони баргузории мусобиқот ва мулоқот бо Федератсиони футболи ин кишвар масоили бисёри ҳалнашударо ошкор сохтанд.
«FIFA тасмим гирифт, ки мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро интиқол бидиҳад, он дар Перу гузаронида намешавад. Ташкилот ба Федератсиони футболи Перу ва мақомоти кишвар ҷиҳати кӯшишҳои ба кор бастан ва барои дар оянда гузаронидани мусобиқот омода будан изҳори сипос менамояд. FIFA дар ояндаи наздик роҳҳои алтернативии гузаронидани мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро баррасӣ мекунад», — гуфта шудааст дар ин хабар.
Қарор дар бораи гузаронидани мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол миёни бозигарони то 17-сола дар Перу моҳи марти соли 2018 қабул шуда буд. Дархости рақобатии Руанда ба иллати масоили ҳалталаб рад шуда буд. Мувофиқи тақвими мусобиқот, бозиҳо бояд аз 5-ум то 27-уми октябри соли 2019 баргузор шаванд. Қаҳрамони феълии ҷаҳон мунтахаби Англия мебошад.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2018 дар Малайзия барандаи медалҳои нуқра шуда, соҳиби роҳхат ба қаҳрамонии ҷаҳон-2019 гардидааст.
Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2019 миёни дастаҳои мунтахаби наврасони зери 17-сола 24 даста ширкат меварзад. Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон моҳи май тавассути қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.
Зимнан, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки дар доираи омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Анталияи Туркия се бозии санҷишӣ анҷом дод, 20-уми феврал ба Душанбе баргашт.
Ёдовар мешавем, футболбозони навраси тоҷик дар бозии аввали санҷишӣ бар ҳайати ҷавонони бошгоҳи «Ференсварош»-и Маҷористон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омада, бозии дувумро бо тими «Академиск Болдклуб Гладсаксе» аз Лигаи наврасони Дания (U-17) бо ҳисоби 1:1 анҷом доданд ва дар бозии севуми санҷишӣ бар тими «NTG Конгсвингер» (U-19) аз Норвегия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.
Хамин бачахакои чавона нашикан президент!
Baroi chi, yagon nafar созиши ҳастаӣ Isroiro barrasi namekunad? Baroi chi baroi Isroil mumki n budastu, baroi Eron ne? Muttahamho.
Bovari nadorem, shoyad hamin hel bosha..
Хамаи ин кори дасти дохили суди Гафуров аст. Хама медонан......
Я не могу сдержать слезь 😥😥😥 как же больно слушать эти беззакония со стороны закона !!! Как жалко бедную девушку 😭😭😭 Клянусь слезы текут не переставая . Как вы посмотрите в судный день в глаза Пророка Мухаммада мир ему ??? Что вы скажите вашему Господу за эти ваши злодеяния ??? Вам самим приятно было бы если с вашими сестрами женами матерями так поступали ??? О Аллах освободи нас от этих чудовищ , о Аллах открой моему народу глаза на все эти беззакония , о Аллах направь нас на верный путь , о Аллах успокой душу этой прекрасной Азизе , о Аллах освободи её по скорее , о Аллах убереги её от рук неверующих , о Аллах успокой душу её измученной матери , о Аллах накажи не верующих Амин 🤲.