Бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсиони футболи Осиё)-2019 дар гурӯҳи “D” бар дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.
Бозӣ миёни ду бошгоҳи Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” - шаби чоршанбе, 3-юми апрел, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе доир гардид. Нимаи аввали дидор бидуни гол ба поён расид. Ҳарчанд бозигарони ҳарду даста лаҳзаҳои хуби голзанӣ доштанд, вале аз онҳо истифода карда натавонистанд.
Нимаи дувуми бозӣ бо ҳуҷумҳои мизбонон шуруъ шуд. Ба ҳамлагари “Истиқлол” Руслан Корян, легионер аз Арманистон, муяссар шуд, ки дар дақиқаи 50-ум тӯбро аз ҷаримагоҳ ба дарвозаи меҳмонон зада, ҳисобро боз намояд.
Дар яке аз ҳуҷумҳои “Истиқлол” ҳимоятгари пуртаҷрибаи “Хуҷанд” Давронҷон Эргашев дар назди дарвозаи дастааш бозигари ҷавони мизбонон Муҳаммадҷон Раҳимовро аз по афтонд. Сардовари бозӣ Гамини Нивон Робеш аз Шри-Ланка ба дарвозаи меҳмонон ҷаримаи 11-метрӣ таъйин намуд. Тӯбро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 68-ум аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.
Баъди чор дақиқа бозигари беҳтарини ин дидор Руслан Корян тӯбро аз масофаи наздик ба дарвозаи “Хуҷанд” ворид намуда, ҳисобро афзун кард – 3:0.
Ёдовар мешавем, панҷ рӯз пеш, 29-уми март, «Истиқлол», қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2018 дар бозӣ барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардида буд, дастаи «Хуҷанд», ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии кишварро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, барои бори ҳаштум ин ҷоизаи ифтихориро соҳиб шуд. Дар ин бозӣ ҳам ду голро Руслан Корян ба самар расонида буд.
Ӯ баъди анҷоми бозӣ муқобили “Хуҷанд” гуфт, ки дар ду голи задааш ҳамаи ҳамастаҳояш саҳмгузоранд, зеро футбол бозии дастаӣ аст. “Ба мухлисон барои дастгириашон изҳори сипос менамоям. Ин аввалин бозӣ ва пирӯзии мо дар Ҷоми АФК-2019 мебошад. Ман дар ҳайати “Истиқлол” ду бозӣ карда, чор гол задам. Бозии пешин ҳам барои Суперҷоми Тоҷикистон муқобили “Хуҷанд” буд. Бозиҳои зиёд дар пешанд”, - иброз дошт Руслан Корян.
Бозии дигари даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2019 дар гурӯҳи "D" миёни дастаҳои "Дордой"-и Бишкеки Қирғизистон ва "Алтин Асир"-и Балканободи Туркманистон бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Ин бозӣ 3-юми апрел дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкек доир шуд. Ҳисобро бозигари “Дордой” Воҳид Оразсаҳедов дар нимаи аввали дидор (45+1) боз кард. Голи ҷавобиро Аннасаҳет Аннасаҳедов дар дақиқаи 85-ум ба самар расонид.
Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври аввал дар гурӯҳи “D” “Истиқлол” бо се имтиёз дар ҷойи аввал аст. “Дордой” ва “Алтин Асир” бо якимтиёзӣ ҷойҳои дувуму севумро ишғол кардаанд. “Хуҷанд” бидуни имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум – қарор дорад.
Бозиҳои даври дувуми Ҷоми AFC-2019 дар гурӯҳи «D» баъди ду ҳафта, рӯзи чоршанбеи 17-уми апрел, баргузор мешаванд. «Истиқлол» дар Ишқобод бо «Алтин Асир» ва «Хуҷанд» дар майдони худ бо «Дордой» рақобат мекунанд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019 дар минтақаи Марказӣ то рӯзи 26-уми июн идома хоҳад кард. Ба марҳилаи баъдӣ танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ пайдо мекунад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ нимфинал ва финали байниминтақавӣ доир мегардад. Сипас рақобати асосӣ - бозии ниҳоии Ҷоми АFC-2019 – рӯзи 2-юми ноябр баргузор мешавад.
Ҷоми AFC-2019
Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D»
Даври 1-ум
3 апрел (чоршанбе)
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) - 3:0
Голҳо: Руслан Корян, 50 (1:0). Алишер Ҷалилов, 68 –аз пеналтӣ (2:0). Руслан Корян, 72 (3:0).
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Алексей Ларин, Ҷалил Кимсанов, Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Михайло Сакич, Алишер Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 75), Фатҳулло Фатҳуллоев (капитан), Комрон Турсунов (Эҳсони Панҷшанбе, 59), Руслан Корян, Шаҳром Сулаймонов (Муҳаммадҷон Раҳимов, 59).
Сармураббӣ: Ҳаким Фузайлов.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Давид Купатадзе, Давронҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Асилҷон Бегимқулов, Торнике Ҷимшелеишвили, Фирдавс Чақалов, Ойбек Абдуғаффоров (Дилшод Восиев, 77), Бахтиёр Чориев, Манучеҳр Аҳмадов (капитан), Ҷаҳонгир Эргашев, Турсуналӣ Рустамов (Парвизҷон Алиев, 86).
Сармураббӣ: Нуъмонҷон Юсупов.
Огоҳӣ: Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»).
Беҳтарин бозигари ин дидор: Руслан Корян («Истиқлол»).
Сардовар: Гамини Нивон Робеш (Шри-Ланка).
Нозири доварон: Рустам Юсуф Мирзо (Арабистони Саудӣ).
Комиссари бозӣ: Субраманиан Маникам (Малайзия).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.12800 тамошобин.
«Дордой» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 1:1
Голҳо: Воҳид Оразсаҳедов, 45+1 (1:0). Аннасаҳет Аннасаҳедов, 85 (1:1).
Огоҳӣ: Мустафо Юсупов («Дордой»), Зафар Бобоҷонов, Михаил Титов, Бегмурод Байов («Алтин Асир»).
3 апрел. Бишкек. Варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқов. 8101 тамошобин.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “D”
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
1 |
1 |
0 |
0 |
3-0 |
3 |
2 |
«Дордой» (Қирғизистон) |
1 |
0 |
1 |
0 |
1-1 |
1 |
3 |
«Алтин Асир» (Туркманистон) |
1 |
0 |
1 |
0 |
1-1 |
1 |
4 |
«Хуҷанд» (Тоҷикистон) |
1 |
0 |
0 |
1 |
0-3 |
0 |
Даври 2-юм
17 апрел (чоршанбе)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 3-юм
1 май (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
Даври 4-ум
15 май (чоршанбе)
«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Даври 5-ум
19 июн (чоршанбе)
«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)
Даври 6-ум
26 июн (чоршанбе)
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)
Озоди, не тяните сову на глобус! Фаромуш накунед ки элитаи сиесии Точикистон дар асри 18 зиндаги дорад. Их менталитет - это нечто между рабовладельческим и феодальным. Кадом одами боакл худро ба куштан медиа.
Э руи созмонхоам сиях, главни то Точикистона меоян мерасан ташкилира мезанан мераван ай паси зиндагии хдшон, ба хамин тамом
Кулоби мебуд, мемондаш, ин корхо барои одамони сорти 2 дувуми дигар вилоятхо. инхо хеч сер намешаванд, на аз пули нохак, на аз хун.
Зинда бод Пешвои Миллат, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!!!! Маҳз бо иқдомҳои сулҳпарварона ва ҷасуронаи Пешвои Миллат ин унсурҳои ба миллати тоҷик бегона ва душман, ифротгароёни исломӣ ва террористон то нафари охирин несту нобуд хоҳанд шуд.
Ду кишвар дар ҷаҳон аз ҷиҳати сиёсӣ хеле монанданд: эрон ва россия. Дар ҳарду кишвар истибдоду диктатура, саркӯби мухолифин, қатлу зиндону эъдом, ҳарду кишвар мардумаш қашшоқ (за чертой бедности), вале дар кишварҳои ҳамсоя ҷангҳои бемаъниро ба роҳ мондаанд, зидди ҳарду кишвар таҳримҳои байналмиллалӣ, ҳарду ҳам идаои дину арзишҳои миллӣ мекунанд ва дигар шабоҳатҳои олами вуҳуш…!